Китоби нав: Абдулфаттоҳ Аминзода «Ҷашни арӯсии мардуми тоҷик» (Дар мисоли ноҳияи Файзобод)
Дар ин рисола муаллиф бори нахуст ба таври алоҳида дар бораи маросимҳои ҷашни арӯсии мардуми Файзобод дар муқоиса бо дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти этнографӣ дода, ба пайдоиш ва мавқеи анъанаи адабии гулбазм дар ҷашни арӯсии мардуми тоҷик равшанӣ андохтааст. Рисола ҷиҳати омӯзиш, таҳқиқ ва нигаҳдории унсурҳои фарҳанги ғайримоддии тоҷикон манбаи боарзиш ба шумор меравад. Он ба фолклоршиносон, этнографҳо, адабиётшиносон, муҳаққиқони соҳаи фарҳанги ғайримоддӣ, донишҷӯён ва ба доираи васеи дӯстдорони фарҳанги мардум пешниҳод шудааст.
Мавзӯи таҳқиқгардида аслан фарогири тасвири этнографии анъанаву маросимҳои марбут ба ҷашни арӯсӣ ва таҳлили таронаҳои гулбазмӣ аз нигоҳи фолклоршиносӣ мебошад. Тӯйи арӯсӣ раванди иҷтимоиест, ки ба бунёди оилаи нав ва мустаҳкам гаштани риштаҳои хешутаборӣ вобаста аст. Волидайн аз рӯзи таваллуди фарзанд то ба синни балоғат расидани ӯ кӯшиш менамоянд, ки зиндагии ояндаи фарзандони онҳо хушу хурсандона гузарад. Бо орзую ниятҳои нек марсоимҳои гуногуни ҷашни арӯсиро баргузор менамоянд ва барои ободии навхонадорон талош менамоянд.
Хонандагон китоби Абдулфаттоҳ Аминзода «Ҷашни арӯсии мардуми тоҷик» (Дар мисоли ноҳияи Файзобод)-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ пайдо намоянд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахасси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд