Китоби нав: Алексеев В. «СЭМ ва ДИК»
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар пешгуфтораш ба китоби тозанашри “СЭМ ва ДИК” менависад:Адабиёти бадеӣ яке аз воситаҳои муҳим ва тавонои таъсиррасонӣ ба тафаккури халқ буда, баҳри баланд бардоштани маърифати инсонӣ нақши муҳим дорад. Чунин падидаи матлуб дар сурати дастрас будани адабиёти бадеии ниёзи мардум ба забони модарӣ натиҷаи бештар дода метавонад.
Нахустин анҷумани нависандагони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки соли 1934 таҳти сарварии адиби рус Максим Горкий дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, ба ташаккулу рушди тарҷума ва манзури хонандагони гуногунзабон намудани асарҳои адибони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мусоидат кардааст. Дигар аз падидаи назарраси Анҷумани якуми нависандагони умумииттифоқ (1934) боз дар он буд, ки масъалаи тарҷума ва дастраси хонанда гардондани осори манузуму мансури адибони тоҷикро ба забонҳои русӣ, украинӣ, белорусӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ ба миён гузшт. Ин буд, ки шуруъ аз солҳои 30-юми асри ХХ тарҷумаи осори адабӣ хеле ривоҷ ёфта, барои инкишофи минбаъдаи адабиёти бадеӣ мусоидат кардааст. Тарҷума фарогири риштаҳои мухталиф аст, вале замоне, ки сухан дар мавриди тарҷума ва осори тарҷумашуда ба миён меояд, пеш аз ҳама, тарҷумаи адабӣ – ҳунарӣ пеши назар меояд.
Вақте ки аз рӯзгор ва осори чеҳраҳои шинохтаи адабию фарҳангӣ ва тарърихии садаи ХХ тоҷик, аз ҷумла устод С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, А.Деҳотӣ, Р.Ҷалил, М.Миршакар, П.Сулаймонӣ, Ф.Муҳаммадиев, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, С.Турсун ва дигарон огоҳӣ пайдо мекунем, шоҳиди он мегардем, ки онҳо дар ҷараёни фаъолияти эҷодиашон ба тарҷумаи асарҳои намонядагони бузурги адабиёти ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба ин восита хазинаи осори тарҷумавии адабиёти тоҷикро ғановат бахшидаанд. Дар ин радиф фаъолияти тарҷумонии С.Улуғзода хеле назаррас ва шоистаи таваҷҷуҳи вижа мебошад.
Фаъолияти тарҷумонии С.Улуғзодаро як навъ завқи донишдӯзӣ, дарки моҳияти зиндагӣ ва эҳсоси ҷӯяндагиву ёбандагӣ фаро гирифта буд. «Рафиқ Улуғзода, – қайд мекунад Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ, – дар якумин кори тарҷумонии худ, дар ин соҳа чи андоза қобилият доштанашро равшан нишон дод. Китоби «Занбӯр»-ро хонанда хеле бо шавқу завқ пешвоз гирифт ва онро на чун тарҷума, балки чун асари оригиналӣ қабул намуд».
Сотим Улуғзода дар тарҷумаи романи «Занбӯр» ҳунари баланди тарҷумонӣ зоҳир намуда, талаботи хонандагонро ба инобат гирифта, асарро то соли 1954 чаҳор маротиба тарҷума, таҷдиди назар ва нашр намудааст. Барои аз як забон ба забони дигар забон тарҷума намудани асарҳои бадеӣ ва илмӣ аз тарҷумон донишу малакаи зиёд талаб карда мешавад. Ин аст, ки ба ин кор даст задани С.Улуғзода барин мутарҷими ҷавон аз донишу маҳорати ҷӯяндагии ӯ дарак медиҳад.
Фаъолияти адабии С.Улуғзода аз тарҷумаи асарҳои мансур шуруъ шудааст. Нависанда соли 1929 барои таҷриба «Сэм в Дик» ном ҳикояи В.Алексеевро ҳамроҳи собиқ донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Тошканд аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. «Дар соли 1929 ман бо ҳамроҳии студенти собиқи факултети шарқии Дорулфутуни давлатии Тошканд як китобчаи бачагона бо номи «Сэм ва Дик»-ро аз русӣ тарҷума кардам. Ин аввалин тарҷумаи ман буд. Шуъбаи Нашриёти давлатии Тошканд ин тарҷумаро барои таҳрир кардан ба рафиқ Айнӣ фиристода будааст. Баъд аз чанд вақт, рӯзе ман ба шуъбаи Нашриёт омадам, мудири он рафиқ Мусавӣ як мактубро, ки аз Айнӣ гирифта будааст, ба ман дода хоҳиш намуд, ки хонда баромада, ба ӯ пас гардонам. Мазмуни мактуб чунин буд: «Мутарҷими «Сэм ва Дик» як ҷавони истеъдоднок менамояд, тарҷумааш ба таҷрибаи аввал нигоҳ накарда бад набаромадааст. Шумо бояд ӯро бисёртар ба кор ҷалб карда ва тарбия намоед, аз ҳар ҷиҳат ба ӯ ёрмандӣ расонед, бале, бешубҳа, дар оянда яке аз кадрҳои хуби нашриёт хоҳад шуд».
С.Улуғзода дар оғози фаъолияти адабии худ аз мактаби устод С.Айнӣ гузаштааст. Мактубу маслиҳатҳои устод С.Айнӣ барои С.Улуғзода манбаи илҳом гардида, ба ӯ болу пар бахшида, раҳнамои кори эҷодии ӯ шудаанд. Таҳриру тасҳеҳи «Сэм ва Дик» аз ҷониби устод С.Айнӣ дар роҳи минбаъдаи фаъолияти тарҷумонии С.Улуғзода нақшу таъсири назаррас доштааст.
Бо гузашти замон, такомулу вусъати диду назар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои муътамад оид ҳикояи «Сэм ва Дик» андеша ва хулосабарориҳо дигаргун мешаванд. То кунун миёни олимону донишмандон, муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва адибону мунаққидон ин асар бо унвонии «Сам ва Дик» ном бурда шуда, тарҷумони он нависандаи рус М.Алексеев таъкид шудааст. Ҳол он ки шакли дурусти он «Сэм ва Дик» буда, мутарҷими он В.Алексеев мебошад. Барои рафъи минбаъди чунин нофаҳмиҳо маводеро дар матни асл манзури аҳли илму адаб намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Китоби Алексеев В. «СЭМ ва ДИК» дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.