Китоби нав. Аминҷон Шукӯҳӣ. “Нақд ва номаҳо
Нақл ва номаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ бори аввал дар асоси маводи бойгонии Инстути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба чоп омода гардида, ба шакли алоҳида мураттаб ва пешниҳод гаштааст. Ходимии илмӣ Лутфуллоҳ Шарифзода дар сарсухани китоб навиштааст:
Бойгонӣ ганҷинаест, ки корнома ва муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва эҷодиёти адибонро вобаста ба шароити тарихӣ ба хонанда дар давраҳои мухталиф бозгӯ мекунад. Хусусан, ин ҳолат дар тақдири адибони барҷастаи замони Шӯравӣ бисъёр мушоҳида мешавад. Ин гуна раванду рӯйдодҳои бисёрсолаи адабиётшиносони маъруф И.С.Брагинский, Раҳим Ҳошим, Хуршеда Отахонова, Холида Айнӣ, Камол Айнӣ ва тадқиқоти ҷолиби ифшокунандаи масъала ва муаммоҳои адабиёти тоҷик дар замони Шӯравии донишманди барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷони Шукурии Бухороӣ, муҳаққиқи намоён Маъруфи Раҷабӣ равшан собит менамоянд.
Омӯзиши маводи бойгониҳо равшан мекунад, довариҳои мунаққидону адабиётшиносони замони Шуравӣ ба воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳам ба пиндору гуфторҳои адибию эстетикии солҳои 20-70-уми асри ХХ аз он баҳоҳое, ки то имрӯз ба онҳо сурат мегирифт, фарқ мекунанд. Айни замон дар ин самт дар адабиёшиносии тоҷик якчанд иқдоми муҳим ба назар мерасад, ки хеле пурсамар аст. Яке аз ин падидаҳо он аст, ки танқид ба моҳияти эстетикии адабиёт дар асоси маводи бойгониҳо бештар диққат ҷалб кардааст ва муаммоҳои адабиётро дар заминаи онҳо метавон таҳқиқ намуд. Дар натиҷа арзиши илмӣ ва адабӣ доштани онҳо бештар зоҳир мегардад.
Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки АМИТ 35 фонди адибону олимони тоҷик маҳфуз аст ва ҳар яки он дорои арзиши илмӣ ва адабӣ таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бойгони Аминҷонӣ Шукӯҳӣ аз ҷумлаи онҳост. Маводи бойгонии шоир метавонад барои омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти ӯ, коргоҳи эҷодии шоир, масъалаҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии замони замони Шӯравӣ ва намояндагони дигар ин марҳалаи адабиёти тоҷик фактҳои ҷолибро фароҳам овард. Дар ин маврид як нуқтаи муҳимро низ бояд ёдрас шуд, ки то имрӯз маводи бойгони Аминҷон Шукӯҳӣ омӯхта нашудааст.
Осори нақдӣ дар баробари офаридани назму наср як бахши бисъёр муҳимми фаъолияти адибон ба шумор меравад. Аҳаммияти он камтар аз аҳаммияти осори адабӣ набуда, балки дар радифи мероси арзишманди бадеӣ ҳамчун осори илмӣ – тадқиқотӣ мақоми вижа дорад. Хусусан нақди номаӣ миёни шоиру нависандагони замони Шӯравии мо аз мавзуъҳои камтаҳқиқшудаи адабиёти тоҷик аст. Нақд ва номаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ саҳифае тозае дар адабиётшиносӣ буда, ҷиҳати огоҳии хуб пайдо намудан аз равиши кор ва принсипҳои эҷодии адиб, андешаҳои муҳаққиқонаи ӯ оид ба асарҳои ҳамқаламон, коргоҳи эҷодӣ, маслиҳату машварат ӯ ба адибони ҷавон, масъала ва муаммоҳои адабӣ ва мавзуъҳои ба инҳо монанд ёрии амалӣ мерасонанд.
Тибқи ишораи адабиётшинос Хуршеда Отахонова, ки дар сарсухани фонди шоир омадааст, “материалҳои архиви А.Шукӯҳӣ аз ҷониби худи муаллиф дар таърихи 19 июли соли 1976 барои муҳофизати доимии давлатӣ ба шуъбаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдаки спорида шудааст ”. Аз ин факти ҷолиб ва бо аҳаммият маълум мешавад, ки А.Шукӯҳӣ ҳанӯз се пеш аз марг архиви худро ба хидмати олимону муҳаққиқон гузоштааст.
Ҳоло бойгонии шоир зери фонди №24 нигоҳ дошта мешавад, ки аз 18 қисму 70 воҳиди маҳфуз иборат буда, дар чаҳор қуттӣ ҷой дода шудааст. Материалҳои бойгонӣ бо кӯшиши ходимони илмии Институт аз рӯӣи хронология мураттаб гардида маводи солҳои 1957-1978-ро фаро мегирад
Аз ин мавод маълум мешавад, ки баъди қабули материалҳои архиви шоир соли 1976 боз такмил шудааст…
Хонандагони азиз, китоби “Нақд ва номаҳо”-и Аминҷон Шукӯҳиро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолеа намоед. Ногуфта намонад, ки ин китоб ба ифтихори садсолагии Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2023 дар ҳаҷми 200 саҳифа чоп шудааст.
Гулистон ЛУНДИШОЕВА, сармутахассиси шуъбаи мукаммалгардони фонд.