Китоби нав. «Механизми танзими давлатии бахши икшоварзӣ…”
Муаллифони ин монография Диловар Қодирзода ва Нуралӣ Собирзода мебошанд. Онҳо ҳадафи таълифи рисоларо дар сарсухани китоб мушаххас баён доштаанд. Аз ҷумла мехонем:
Дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ зарурати гузаронидани ислоҳот дар ҳамаи бахшҳо ба миён меояд, ки таъсири онҳо ба ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ мерасад. Зарурати ин гуна ислоҳот, пеш аз ҳама, аз куллан тағйир ёфтани маҷмӯи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, сиёсию сохторӣ замина мегиранд. Бинобар ин, омӯзиши равандҳои институтсионалии ташкили шароит барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ба хусус бахши кишоварзӣ, хеле муҳим ва зарур мебошанд. Дигаргунсозиҳои институтсионалӣ инчунин вобаста ба он ки бахши кишоварзӣ дар кадом марҳилаи тараққиёт қарор дорад, ба амал меоянд ва ба он вобастаанд. Дар айни замон, марҳилаи таназзул ва буҳрон моро водор менамояд, ки ба роҳҳои гуногуни рафъи тамоюлҳои манфӣ, аз ҷумла тағйирот дар шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва қоидаҳои идоракунӣ дар бахши кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт назар намоем.
Танзими давлатии бахши кишоварзӣ таъсиррасонии мақсадноки давлат ба низоми амалкунандаи иқтисодӣ бо мақсади таъмини фаъолияти муътадили бахши кишоварзӣ ва рушди устувори иқтисодиёт мебошад. Дар ин миён якчанд омилҳое мавҷуданд, ки хусусияти асосии муайянкунандаи танзими давлатии бахши кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд ва онҳоро бо таври муфассал метавон бо чунин тарз шарҳ дод: якум, ин хусусияти сиёсӣ доштани таъминоти озуқа мебошад, ки яке аз вазифаҳои асосии бахши кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, яъне озуқа нақши муҳимро дар фаъолияти аҳолии мамлакат мебозад ва аз ин хотир норасоии он метавонад ба нооромиҳои иҷтимоӣ дар ҷамъият оварда расонад. Дуюм аз сабаби оне, ки озуқаворӣ талаботи аввалиндараҷаи одамонро бо зарурияти ҳаррӯзаи меъёрии истеъмоли маҳсулотҳои озуқаворӣ қонеъ мегардонад, дар ин ҷо сатҳи чандирии талабот ба маҳсулоти озуқавории кишоварзӣ паст мебошад. Масалан, ҳисобҳои баъзе аз мутахассисон дар кишварҳои тараққикарда нишон медиҳанд, ки паст шудани нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳаҷми 40-50% танҳо ба афзоиш ёфтани истеъмолот дар ҳаҷми 10% боис мегардад. Сеюм, хусусияти пешбурди бахши кишоварзӣ, ки асоси онро ҷараёнҳои биологӣ ташкил медиҳанд, дар он ифода меёбад, ки он ба шароитҳои табиию иқлимӣ сахт вобаста мебошад. Ҳамин тавр, хусусиятҳои фарқкунандаи дар боло овардашудаи истеҳсолоти аграрӣ боиси дахолати давлат ба ҷараёнҳои бозорӣ (яъне танзими давлатӣ) оварда мерасонад, ки онҳоро метавон шартан ба иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тақсим намуд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ яқинан собит мекунад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бахши худтанзимкунадаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб намеравад. Батанзимдарории давлатӣ бо таъмини хароҷоти назарраси маблағҳои буҷетӣ вобаста аст. Тадбирҳои таъсири давлат бояд аз чунин механизмҳои танзим, ба монанди нархгузорӣ, дастгирии буҷетӣ, андозбандии имтиёзнок, қарздиҳӣ ва дигар тадбирҳои иқтисодӣ, ки шароити мусоиди рушди зиёдтари бахши кишоварзиро таъмин мекунанд, бартарӣ дошта бошанд. Аммо ин тадбирҳо дар шароите татбиқ карда мешаванд, ки агар институтҳо комилан бомуваффақият фаъолият кунанд.
Танзими давлатии бахши кишоварзӣ, пеш аз ҳама, бо мақсадҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад: баланд бардоштани сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва истеҳсолкунандагони кишоварзӣ, таъмини сифати молҳои озуқавории ватанӣ: таъмини тараққиёти устувори аҳолии деҳот, ки дар бахши кишоварзӣ банд мебошанд (айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 70% аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ менамоянд), баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, аз он ҷумла баланд бардоштани музди меҳнати кормандоне, ки дар бахши кишоварзӣ шуғл меварзанд: нигоҳдорӣ ва такрористеҳсоли захираҳои табиӣ барои истеҳсолоти кишоварзӣ зарурбуда: ташаккули самараноки бозори амалкунандаи маҳсулотҳои кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаворӣ, ки таъмини даромаднокии молистеҳсолкунандагони кишоварзиро баланд ва рушди инфрасохтори бозори озуқавориро таъмин менамояд: ташкили муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва баландбардории ҳаҷми сармоягузориҳо дар бахши кишоварзӣ ва ғ. Аз ин нуқтаи назар муҳиммияти мавзӯи тадқиқшаванда муайян аст ва он хеле саривақтӣ мебошад.
Дар корҳои илмии муҳаққиқони Россия, Тоҷикистон ва Ғарб ягонагии муносибатҳои илмӣ дар ҳалли муаммоҳои истифодаи фишангҳои танзими давлатии бахши кишоварзӣ вуҷуд надорад ва инчунин ақидаҳои илмии бо ҳам мухолиф низ вомехӯранд.
Кам будани таҳқиқоти мунтазам, ки моҳияти иқтисодӣ хусусият ва фишангҳои механизми танзими давлатии бахши кишоварзиро дар шароити ташаккули иқтисоди бозорӣ баррасӣ мекунанд, инчунин зарурати таҳқиқи самтҳои афзалиятноки такмили механизми танзими давлатии бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти назариявӣ ва амалии мавзӯъро муайян карданд.
Китоби «Механизми танзими давлатии бахши икшоварзӣ: моҳият, хусусият ва роҳҳои мукаммалгардонӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи М.Наврӯзова,
мутахассиси маркази такмили ихтисос.