Китоби нав: Мутарраҳ Назарова: «Дурдонаҳои Зимтӯд»
Китоби мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти оилаҳои яке аз деҳаҳои номдори водии Зарафшон – Зимтӯди бостон бахшида шудааст.
Муаллифи китоб дар бораи зиндагиномаи иштирокчиёни ҶБВ, кормандони касбу кори гуногун, маконҳои таърихии деҳа ва саҳми ҳамдеҳагон дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз гуфта гузаштааст.
Дар қисмати дуюми китоб шаҷараномаи авлодони Зимтӯд бо дастагуле аз хотироти бузургон бознашр шудааст.
Хонандагон китоби Мутарраҳ Назарова «Дурдонаҳои Зимтӯд»-ро метавонанд аз Китобонаи миллӣ бихонанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин,
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд