Китоби нав. Қудратулло Яҳёзода. “Хуршеди тобон”
Ин китоб ба тозагӣ нашр шуда ва ба 30 солагии ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Қудратулло Яҳёзода бидуни шак яке аз маъруфтарин чеҳраҳои санъати тоҷик аст, ки тӯли бештар аз 60 сол дар офариниши беҳтарин асарҳои мусиқӣ гом мебардорад ва яке аз муваффақтарин бастакорони кишвар маҳсуб мешавад. Манзура Ҳасанова, номзади илмҳои таърих, аъзои Иттифоқи коммпозиторони тоҷик дар сарсухани ин китоби тозаэҷоду тозанашр, менависад:
Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ композитор Қудратулло Яҳёзода яке аз пурмаҳсултарин муаллифони давраи муосир мебошад. Эҷодиёти ӯ қариб ҳамаи жанрҳои мусиқиро дар бар мегирад – асарҳои симфонӣ, созӣ – камеравӣ, вокалӣ, мусиқӣ барои кинову театр, инчунин сурудҳо ва сюитаҳои вокалӣ – хореографии бачагона. Ҳар як асари ин композитор ҷолибу фаромўшнашаанда буда, дили шунавандагонро ба ваҷд меорад.
Қудратулло Яҳёзода зодаи Душанбешаҳр буда, соли 1946 ба дунё омадааст. Ў аз овони хурдсолӣ ба мусиқӣ шавқу ҳаваси зиёдеро пайдо карда, ҳанўз дар синни 14 солагиаш бо асари эҷодкардааш дар озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, сазовори аҳсан гардидааст, ки ин аз завқи ҷавон нисбати мусиқӣ ва аз соҳиби истеъдоди баланд доштанаш шаҳодат медод.
Қудратулло Яҳёзода соли 1962 ба Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил шуда, ҳунари оҳангсозиро аз композиторони шинохтаи Тоҷикистон М. С ветаев ва Г. Александров омўхтааст. Баъд аз хатми ин омўзишгоҳ ў ба Донишкадаи давлатии мусиқӣ – педагогии ба номи Гнесинҳои шаҳри Москва дохил шуда, дар синфи композитори барҷастаи советӣ профессор Арам Илйич Хачатурян нозукиҳои композиториро меомўзад. Кори дипломии Қудратулло Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ иборат аз се қисм, ки онро шогирд ба устоди худ А. И. Хачатурян бахшида буд, аз тарафи комисияи давлатӣ ва шунавандагон ба баҳои аъло муваффақ гашт.
Қудратулло Яҳёзода бо васияти устоди бузургаш А. И. Хачатурян амал карда, дорои забони мусиқии худ гашт ва тавонист, ки боигарии анъанаҳои санъати мусиқии аврупоиро бо мусиқии миллии классикӣ ва фолклори тоҷик пайваст намояд. Дар натиҷа оҳангҳои хосае эҷод шуданд, ки дар онҳо ҳамҷоя кардани оҳангҳои халқӣ, ладҳои тағйирёбанда ва ритмҳои ғании гуногуни халқиро метавон пайдо кард. Таъсири устод Хачатурянро дар оҳангҳои лирикии Қудратулло низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ин алалхусус дар достони симфонии «Суруди ҳофиз», ки дар он муаллиф овози Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷўраевро истифода бурд, возеҳан эҳсос мешавад.
Баъди хатми мактаби олии мусиқӣ Қудратулло ба зодгоҳаш баргашта бо шавқу завқи зиёде ба кори эҷодиву педагогӣ шурўъ кард. Ҳанўз соли 1972 ўро ба аъзогии Иттифоқи композиторони СССР қабул карданд. Аз он вақт то имрўз асарҳои ин композитори боистеъдод дар дили шунавандагону ҳамкасбон ҷой гирифтааст.
Ҳамаи ҳодисаҳои назаррас, ки хоҳ дар ҳаёти давлат ва хоҳ дар ҳаёти халқ рўй медиҳанд, дар эҷодиёти ин композитор иникос меёбанд.
Яке аз паҳлўҳои фаъолияти Яҳёзода омўзгорӣ мебошанд. Ў дар солҳои гуногун дар омўзишгоҳи мусиқии Душанбе, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи омўзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷўраев ва аз соли 2007 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон кор карда, шогирдону пайравони зиёдеро ба воя расонидааст. Соли 2006 ба унвони профессор сазовор гардидааст.
Маҷмуаи асарҳои тозанашри Яҳёзода “Хуршеди тобон”, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, якчанд намуди жанрҳои мусиқиро дар бар мегирад. Дар он сурудҳо бо ҳамовозии фортепиано – “Хуршеди тобон”, “Ваҳдати хуршед”, “Хони ободи мо”, “Ватан” суруди “Шукрона”, ки аз ин пеш арои яккахон ва ансамбли созҳои миллӣ навишта шуда буд, ҳоло бо ҳамовозии квинтети омехта (флейта, кларнет, скрипка, фогот ва фортепиано) пешкаш шудааст…
Дар яке аз аксҳои худ, ки онро Арам Илйич Хачатурян ба шогирдаш Қудратулло тақдим карда буд, чунин меояд: «Бигзор истеъдоди шумо дурахшон бодо мисли Тоҷикистони офтобрўя». Ин гуфтаҳои устодро шогирд то имрўз сарбаландона амалӣ гардонида истодааст.
Китоби мазкурро худи муаллиф Қудратулло Яҳёзода ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ҳамчун тўҳфа тақдим намуд. Ва ҳоло хонандагон имкон доранд онро мутолиа намоянд.
Таҳияи Бунафша Абдураҳимова