Лабханди гузаштагон. Бурҳон ҒАНӢ: “Ҷавоби адиби куҳансол ба мунаққиди ҷавон”
Аз таҷрибаи эҷодии чандинсола медонам, ки шӯрборо (шурбо номи як навъ таом. Х. Ш.), одатан аз гӯшту обу картошка тайёр карда, барои хуштаъму болаззат шуданаш баъзан пиёзу мурч ва зардҷома ҳам меандозанд. Аммо, мутаасифона, баъзе ҷавонҳо ҳамин тарафи масъаларо дарк накарда, даррав тақриз менависанд ва ба навиштаҷоти мардум эрод мегиранд. Мана, масалан гирем, яке аз ҳамин гуна тақризчиҳои маҳмаддоно А. Асалӣ мебошад, ки вай ҳоло ҳам бо бачаҳо буҷулбозӣ мекунанду аз даҳонаш бӯи шир меояд. Барои мисол як ҷумлаи эродгирифтаи ӯро гирем: “Фориғболӣ аз хислатҳои ӯ мебошад, ки мо онро иктифо намуда, бо самимияти кул рад мекунем”.
Ба назари тақризчии ҷавон, ки ҳоло ҳам гардабандро мувофиқи қоидаи дуруст баста наметавонад, ин ҷумлаи ман пур аз нуқсон будаст. Хӯш, бигузор худи тақризчӣ гӯяд, ки вай солҳои мактабхонии мо дар куҷо буд? Оё вай ҳамон солҳои бар рӯи палос нишаста (палос- “бӯрё”. Х. Ш.) ҳуруф омӯхтан ва ба ҷои туфлӣ маҳсӣ (маҳсӣ пояфзолест, ки онро одатан ба калӯш мепӯшиданд. Х. Ш. ) пӯшидани моро дар хотир дорад? Не, ман аминам, ки дар хотир надорад. Пас чи ҷои ман-манию забондонӣ?!
Аҷаб тақризе! Тақризчӣ шарм накарда ба чунин ҷумлаи рехта ва басо пурфусаҳоту образнок эрод гирифтааст, ки ман (ман, яъне худи ман. Х. Ш) ҳеҷ гоҳ розӣ шуда наметавонам. Мана, он ҷумла: “Осмон дар зери абрҳои пора-пора ларзида, борони сим-сим боридаистодаро ба хотир меовард ва ин нишонаи оғози баҳору анҷоми зимистон буд”.
Дар ин ҷо ҳам ҳақ ба ҷониби банда аст. Пас тақризчии ҷовонро чи зарурате пеш омадааст ва чи гуфтан мехоҳад? Ман аминам, ки тақризчии ҷавон ҳанӯз романи “Таомҳои балаззат” ва повести “Шофёри класси дуввум”-ро нахондааст ва ҳатто аз чанд ҷилд иборат будани ин асарҳоро намедонад. Аз ин нуқтаи назар тақризчии ҷавонро ки монда аст, ки ба ман баҳс ва баробаргӯӣ кунад. Охир ба одам хоксорӣ ҳам лозим-ку. Вай (яъне А. Асалӣ) фаромӯш кардааст, ки солҳои ба ДОСААФ аъзо шудани мо номаш ОСИОВАХИМ буду велосипедро “шайтонароба”, поездро “оташароба” мегуфтанд. Мана, бинед, тафовути роҳ аз куҷост, то ба куҷо?
Як ҷумлаи дигар: “Сангпораҳо чун нахудҳои (нахӯд – рустаниест аз оилаи мош – Х. Ш.) пухтаи зери дандон ба осмони соф дакка хӯрда, манзараи даҳшатнокеро пеши назар меовард”.
Ба диққати тақризчии ҷавони камсавод мерасонам, ки ин ҷумла, ҷумлаи пухтагӣ аст. Ва он аз рӯи норма ва ақоидоти грамматика баста (яъне пайваста – Х. Ш.) шудааст. Пас саволе ба миён меояд, ки магар эродҳои тақризчии ҷавон дурустанд? Албатта, не! Ҳаминаш аламовар аст, ки тақризчии ҷавон манеро, ки истажи сисолаи профсоюзӣ дорам, ба ҳеҷ далел зери тозиёнаи танқид гирифта, ба навиштаҷотам хурдагирӣ мекунад. Ҳол он ки ман аминам, тақризчӣ ҳанӯз ҳам куртаро бемайка пӯшида, ба шимаш тасма намебандад. Оре шоир дар ҳаққи чунин донаталошон хуб гуфтааст, ки :
Бедона ману ту гашта мошам,
То умр бувад дар талошам.
Ҷавоне, ки дирӯзакак мактабро ҳарому ҳариш тамом кардаасту “диплом” гуфтанӣ коғазро ба даст овардааст, ба мане, ки 50-сол боз костюми размери 52-ӯм мепӯшам, эрод гирифтанаш магар нишонаи хоксорист? Мана, боз як ҷумлаи дигар: “Пишаки гӯсоламонанди ҳамсоя аз таги дегдон парида ба муше, ки дар шохи дарахт сайл мекард, ҳуҷум мепардохт” Бинед, рафиқон хонандагони шаҳир! Оё ба тақризчии ҷавоне, ки тамъи носи носкадуро аз носи шиша фарқ намекунад, хато гуфтани ҷумлаи болоӣ ҷоиз аст? Ман аминам, ки ҷоиз нест, рафиқон! Боз такрор мекунам, ки хоксорӣ гарави саломатӣ ва бардамии инсон аст. Чунон ки як шоир мегӯяд:
Ин шалвару майкае, ки дорам,
Аз пахтаи дасти туст ёрам.
Ё як ҷумлаи дигар: “Шафтолу чунон пухта буд, ки меваҳояш мисли меваҳои зардолу чорпарраву нешпарвар буданд”.
Худатон гӯед, канӣ инсоф? Охир куҷои ҳамин ҷумла нуқсон дорад? Ё тавба-е! Тақризчӣ ба ин ҷумла эрод гирифта, магар изҳори фазл кардан мехоҳад? Аҷабо! Ман аминам, ки А. Аслӣ бо ин гапҳои подарҳавояш ҳам сари бандаро гаранг мекунанду ҳам сари хонандаро. Ва зотан ба ҷавоне, ки ҳанӯз пухтани нишоллою таркиби самбӯсаро намедонад, наҳ задани калонсолон лозимоте надорад ва ба хаёлам, чунин ҷавонони беандеша ба думи шер бозӣ кардан мехоҳанд.
Хулоса ман чунин тақризчии беинсоферо, ки донистаю надониста ба навиштаҷоти ман эрод гирифтааст, ҳеҷ гоҳ хуш намекунам ва рафтори чунин тиррончакҳои нимчамуллоро ҳеҷ гоҳ намеписандам. Ҳамон навъе ки шоир гуфтааст:
Рӯят ба сафедӣ мисли ҷурғот
Ширин бувадо лабат зи кампот…
МАНБАЪ: Садои Шарқ, соли 1970 №6
Таҳияи Носирова Шавқинисо,
мутахассис пешбари шуъбаи матбуоти даврӣ