МАҚДИСӢ  ВА «АҲСАНУ-Т-ТАҚОСИМ ФӢ МАЪРИФАТИ-Л АҚОЛИМ» Ӯ

Муҳаммад ибни Аҳмад Шамсиддини Мақдисӣ (945-991) аз бузургтарин донишмандони Шарқ дар бахши ҷуғрофия ба шумор меравад. Ӯ солҳо сафар карда, асари маъруфи хеш «Аҳсану-т-тақосим фӣ маърифати-л ақолим»-ро таълиф кардааст.

Китоби «Аҳсану-т-тақосим фӣ маърифатил ақолим» бо забони арабии фасеҳ навишта шуда, инчунин муаллиф форсиро низ медонист, вижагиҳои форсии Хуросону Мовароуннаҳрро шарҳ додааст. Дар баъзе ҷойҳо вожаҳои форсиро дар дохили забони арабӣ ҷой додааст.

Китоби Мақдисӣ аз ду бахш иборат буда, 14 мавзӯъро дар бар мегирад: 6 иқлими арабӣ ва 8 иқлими аҷамӣ.

Мақдисӣ мегӯяд, ки соли 375-и ҳиҷрии қамарӣ (985-и милодӣ) вақте ки 40 сола буду дар Шероз ҳузур дошт, китобро ба анҷом расонд. Аммо ховаршинос К.Э. Босворт мегӯяд, ки дар соли 381-и ҳиҷрии қамарӣ (991-и милодӣ) таълифи китоб ба анҷом расидааст.

Мақдисӣ бештар бар тарбиёти худ ва савобиқи шавоҳиди айнӣ такя дорад. Ӯ ба мардумоне, ки ба суханашон эътимод дошта ва ахборе ки аз бойгониҳои давлатӣ дарёфт карда низ бовар доштааст. Баъзе факту далелҳои таърихиеро овардааст, ки дар ягон асари дигар дучор намеояд. Ахбори ӯ роҷеъ ба силсилаҳои ҳукуматгари замонаш, аз ҷумла Аббосиён, Сомониён ва Бувайҳиён хеле ҷолибу арзишманд аст.

Инчунин, Мақдисӣ аз шеваи либоспӯшӣ, сабки зиндагӣ ва одобу русум, эътиқоду хурофоти мардумони дидааш маълумот медиҳад.

Муаллиф маълумоти дақиқ дар бораи Арабу Аҷам пешниҳод карда, аммо ахбори ӯ перомуни Испания ва Мағриб ноқис аст, зеро ба ин сарзаминҳо сафар накардааст.

Нуктаи имтиёзи ин китоби арзишманд он аст, ки ҷуғрофия ба таъбири имрӯзаи ин илм дар ин китоб дарҷ ёфтааст. Яъне муаллиф ҳамзамон перомуни ҷуғрофияи табиӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсоншиносӣ маълумот медиҳад.

Ин китобро нахустин бор ховаршиноси маъруфи Австрия Алойс Шпренгер (1813-1892) ба Аврупо бурда, ҳамчун «муҳимтарин китоби ҷуғрофии ҷаҳон» муаррифӣ кард. Нусхаи аввалияи асарашро Мақдисӣ ба Сомониён, ки бо ихлоси том нисбат ба онҳо сухан мегӯяд, тақдим кардааст. Сипас онро такмил карда, нусхаи дигарро ба Фотимиён пешкаш мекунад. Баъзе донишмандон бар ин боваранд, ки номи аввалияи китоб «ал-Масофот ва-л вилоёт» будааст.

Нахустин нашри китоб дар Лейден соли 1877 иттифоқ афтод. Дар охири асри XIX китоб бо забони англисӣ тарҷума ва нашр гардид. Пораҳое аз ин китоб ба забони русӣ низ тарҷума шудааст. Алинақии Мунзавӣ китобро бо форсӣ тарҷума ва нашр кардааст. Нашри тоҷикии ин китоб бошад аз рӯйи тарҷумаи форсӣ фароҳам оварда шудааст. Матнро корманди шартномавии шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, доктори илмҳои таърих, профессор Сайфулло Мулоҷонов баргардон кардааст. Он мувофиқи нақша дар лоиҳаи Силсилаи асарҳои «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) ҷой дода шуд.

Ҳоло талош меравад китоб дар наздиктарин фурсад ба чоп расад.

Бо итминон метавон гуфт, ки баъд аз чопи ин китоб ҳаводорон ва хонандагони таърихи тоҷикон боз ҳам бештар хоҳад шуд ва бисёр суолҳое, ки беҷавоб буданд барои дўстдорони ҷуғрофияи Шарқ ҷавоб хоҳанд ёфт.

Мутахассиси пешбари

Маркази «Тоҷикшиносӣ»

Муниса Қурбоналиева.