“Мактаби кўҳна” – и Садриддин Айнӣ бо ҳуруфи брайлӣ
Китоби мазкур бо ҳуруфоти брайлӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи “Меҳрбахш” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии созмони амрикоии “USAID” рўйи чоп омадааст.
Устод Садриддин Айнӣ повести “Мактаби кӯҳна”-ро соли 1936 навишт ва тавре аз номаш ҳам пайдост, дар бораи таълиму тарбия дар Иморати Бухоро, ки худи устод таҳсилкардаи он буд, ҳикоят мекунад. “Мактаби куҳна” ном гирифтани китоб қиёсе буд, ки адиби маъруф гузаштаро ба риштаи тасвир мекашад ва онро ба мактаби Шӯравӣ дар солҳои 1930 муқоиса мекунад. Яъне, китоб хонандаро дар бораи тарзи таълиму тарбияи кӯҳнашуда дар мактабҳои тоинқилобии Осиёи Миёна, махсусан Иморати Бухоро шинос менамояд.
Дар китоб лаҳзаҳое инъикос шудаанд, ки худи муаллиф шоҳиди он будааст. Вале воқеъиятро дар қолаби як асари басо ҷолибу хонданӣ ба тасвир кашиданд, маҳорати хос мехоҳад.
“Мактаби кӯҳна” аз ҷумлаи асарҳои шавқовари устод Айнист ва аз сӯи дигар як достонест барои хонандаи ҳар давру замон шавқовар.
Ин китоб аз замони навишта шудан то кунун борҳо чоп шудааст. Аммо он барои нобиноён дастрас набуд. Ин хало акнун пур шудааст ва хонандагоне, ки аз биноӣ маҳруманд ва алифбои брайлиро хонда метавонанд, имкон доранд бо ин достони шавқовар ва ҷолиб дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ошно шаванд.
Маҳбуба АЛИЕВА, мутахассиси шуъба.
P.S. Повести устод Айнӣ “Мактаби кӯҳна”-ро шумо метавонед дар Телеграмканали мо бо ин суроға дарёфт ва мутолиа намоед: “МАКТАБИ КӮҲНА”