Китобе аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои рушдёфтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

Дар монографияи Х. Пайвандов ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои рушдёфтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки ҳамчун самти афзалиятнок дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад,  таҳлилу барасӣ  гардидааст. Муаллиф  кӯшиш намудааст, ки ҷанбаҳои таърихӣ ва иқтисодии ташакул Осиёи Ҷанубу Шарқиро дар низоми муносибатҳои байналхалқии муосир баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои рушдёфтаи минтақаи  ОҶШ муайян созад.

Монография барои муҳаққиқони мактабҳои олӣ ва алоқамандони  дигаре, ки ба мавқегирии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самти  кишварҳои Осиёи  Ҷанубу Шарқӣ ва омӯзиши равандҳои гуногуни минтақа таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод  мегардад.

Чуноне дар пешгуфтори китоб омадааст, муаллиф ба таври кофӣ, муфассал ва муназзам таърихи  ташаккул  ва сатҳу сифати муносибтаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои рушдёфтаи Осиёи  Ҷанубу Шарқиро дар даврони истиқлолият мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамаҷониба  қарор дода, тавсияҳои нисбатан коркардшуда дар самти рушд ва фаъолгардии минбаъдаи ҳамкории гуногунсамтро пешниҳод  намудааст.

Дар таҳияи монография шумораи зиёди маводҳои илмӣ, соҳавӣ, иттилоотӣ, назари коршиносон ва собиқадорони риштаи муносибатҳои  байналхалқӣ ва сиёсати хориҷии кишвар вобаста ба ҷанбаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва илмӣ- фарҳангии  муносибатҳои Тоҷикистон ва кишварҳои рушдёфтаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мавриди муқоиса, омӯзиш  ва таҳлил қарор  гирифтаанд.

Хоннадагони муҳтарам метавонанд китоби “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои рушдёфтаи  Осиёи  Ҷанубу Шарқӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Гулистон ЛУНДИШОЕВА, сармутахассиси  шуъбаи мукаммалгардони  фонд.