Маликаи ҳафтодуҳатфсола
Малика Ҷӯрабекова ба синни мубораки 77 қадам гузошт. Ҳам ҳунарманд аст ва ҳам устоди ҳунармандон. Муассиси аввалин театри анъанаҳои миллӣ бо номи “Гаҳвора”. Ва дар суҳбате гуфта буд: “Тифли ормонҳоям дар гавҳора калон хоҳад шуд”.
ҶЎРАБЕКОВА Малика Ҳалимбековна 11 январи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Санъатшинос, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991). Соли 1968 Институти давлати санъати театрии Маскав ба номи А. Луначарскийро хатм намуда, дар театрҳои ҷумҳурӣ ба сифати ҳунарманд ва коргардон фаъолият кардааст.
Солҳои 1978-1981 мудири кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, 1981-1987 устоди ҳамин Донишкада буд.
Соли 1988 нахустин Театри анъанаҳои миллии «Гаҳвора» бунёд намуд ва дар Фестивали умумиҷаҳонии фолклор (Олмон, 1989) соҳиби диплом гардид.
Нақшаш дар тарбияи санъатоварони ҷавон (театр ва мусиқӣ) калон аст. Солҳои охир дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дорад.
Муаллифи китобҳои «Когда зажигались звёзды» (Москва, 1986), «Шоҳини ҳунар» (Душанбе, 2006), мақолаҳои сершумор оид ба масоили фарҳанги ҷумҳурӣ мебошад.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Малика Ҷӯрабекова ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед бихонед
Шоҳини ҳунар. – Душанбе: Адиб, 2006. – 256 с.
Иди театрҳо: Театри республикавии маҳзакаи мусиқии ба номи Пушкин дар азназаргузаронӣ // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 5 март.
Ҷаҳони ботинии наврасон: Сафари ҳунарии театри тамошобини ҷавони Новосибирск дар республика // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 22 октябр.
Нури умед: Сухане дар бораи театри ҷавонон // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 18 феврал.
Театр оинаи рӯзгори одамист: Мақолаи ҷонишини раиси ҷамъияти театри республика бахшида ба Рўзи байналхалқии театр // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 28 март.
Кӯшиши нахустин: «Ҷони ширин» дар саҳнаи Театри ба номи С. Пушкин // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 23 апрел.
Суруди зиндагӣ: Спектакли «Эътирози 17 нафар” дуюмин намоишест, ки василаи он образи В.И. Ленин рўи саҳнаи театри ҷавононро мебинад // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 22 март.
Гавҳора аз гавҳора баромад: Мусоҳиба бо роҳбари театри «Гавҳора», номзади илми санъатшиносӣ Малика Ҷурабекова пас аз сафари Олмон // Садои мардум. – 1991. – 7 ноябр.
Дейниченко, В. Поёни шаби сиёҳ сафед аст, мегӯяд роҳбари театри «Гавҳора” номзади илми санъатшинос Малика Ҷӯрабекова // Ҷумҳурият. – 1992. – 11 феврал.
Тифли ормонҳоям дар гавҳора калон хоҳад шуд: Мусоҳибаи О. Қодир бо муассис ва сарвари театри «Гавҳора» Ходими шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Малика Ҷӯрабекова // Чархи гардун. –2000. – 22 сентябр.
Шуъбаи библиографияи миллӣ