Мавҷуда Ӯрунова «Соиби Табрезӣ ва саҳми ӯ дар таҳаввули сабки ҳиндӣ»

Соиби ТабрезӣКитоби донишманди тоҷик Мавҷуда Ӯрунова “Соиби Табрезӣ ва саҳми ӯ дар таҳаввули сабки ҳиндӣ”, тавре аз номаш ҳам пайдост, ба таҳқиқи фарогири масъалаҳои марбут ба рӯзгор, мероси адабӣ ва вижагиҳои сабкшиносии ғазалиёти Соиби Табрезӣ бахшида шудааст. Дар он равандҳои ташаккул ва таҳаввули сабки ҳиндӣ дар заминаи таҳлили осори шоир мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор гирифта, омилҳои асосии маъниофаринӣ, сохторҳои мазмунсоз, хусусиятҳои услубӣ ва нақши санъатҳои бадеӣ дар эҷодиёти Соиб мушаххас карда шудааст.

Ҳамзамон, масоили таъсирпазирӣ ва суннатҳои адабии пешин ва таъсиргузории Соиби Табрезӣ ба ҷараёни минбаъдаи рушди адабиёти форсӣ – тоҷикӣ бо такя ба сарчашмаҳои муътамад ва пажӯҳишҳои муосир таҳлил гардидааст.

Китоб барои муҳаққиқон, устодону донишҷӯёни соҳаи филология ва ҳаводорони каломи бадеъ пешниҳод шудааст..

Хонандагон китоби донишманди тоҷик Мавҷуда Ӯрунова “Соиби Табрезӣ ва саҳми ӯ дар таҳаввули сабки ҳиндӣ”-ро имкон доранд дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд