Нақши технологияҳои муосири иттилоотӣ дар хизматрасонӣ ба истифодабарандагон

Нақши технологияҳои муосирИмрӯз (29.04.2026) дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи Нақши технологияҳои муосири иттилоотӣ дар хидматрасонӣ ба истифодабарандагон бо ибтикори шуъбаи илмӣметодӣ ва таҳқиқотӣ доир шуд. Дар кори ин нишаст роҳбарияти Китобхона, мутахассисон соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Нахуст муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода дар робита ба мавзуи технологияҳои муосир ва истифодаи онҳо дар раванди кори китобхонаҳо суханронӣ намуда, ин нуктаҳо муҳим ва барои ба раванди ҷаҳонишавӣ мутобиқ сохтани фаъолияти китобхонаҳо асоси арзёбӣ намуд. Тавре ба мушоҳида мерасад тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар, дар самти бунёди китобхонаҳои наву замонавӣ, таҷдиду барқарорсозии фаъолияти китобхонаҳои амалкунанда бо таҷҳизоти муосир ва адабиёти тозанашр таъмин намудани онҳо, корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Дар ин маврид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо дақиқ ишора кардаанд, ки «дар марҳилаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну муҳтавои нав идома пайдо кард».

Нақши технологияҳои муосирТибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 6083 китобхона, аз ҷумла 1362 китобхона дар тобеияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4587 китобхона дар тобеияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 143 китобхона дар тобеияти дигар вазорату идораҳо фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо марҳала ба марҳала бо технологияи муосири иттилоотӣ муҷаҳҳаз мегарданд ва дар рафти фаъолияти хидматрасонӣ ба истифодабарандагон шароити мусоидро фароҳам меоранд.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода ҳамзамон қайд намуд,ки дар Китобхонаи миллӣ низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар асоси яке аз барномаҳои дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «ALEPH» (Алеф) роҳандозӣ гардид ва барои хонандагон 275 ва барои кормандони Китобхона 312 ҷойгоҳи худкори корӣ муҳайё карда шуд. Татбиқи равандҳои инноватсионӣ бештар тавассути фаъолияти шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ (АРКИ) ва толори хониши адабиёти электронии Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ мешаванд. Шуъба бо мақсади бунёд ва истифодаи захираҳои электронӣ ва татбиқи технологияи муосир дар раванди фаъолияти Китобхонаи миллӣ ташкил шуда, эҳтиёҷоти хонандагони ҳузурӣ ва маҷозии Китобхонаи миллиро бо истифода аз фондҳои чопӣ ва электронии китобхона таъмин менамояд.

Нақши технологияҳои муосирДар идома, муовини директори Китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи И. Гандӣ Ёдгор Бердизода дар мавзуи “Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳои илмӣ” маъруза карда, таъкид, дошт ки захираҳои электронӣ дар раванди фаъолияти тамоми соҳаҳо метавонад, корро осон карда вақтро низ сарфа созад. Аз ҷумла таъсиси сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар солҳои охир нақши китобдорро тағйир додааст. Китобдори имрӯза бояд на танҳо мутахассиси иттилоот бошад, ӯ ҳамчунин бояд аз технологияҳои навтарин огоҳ буда онҳоро дар раванди кори худ истифода намояд.

Қайд гардид, ки ташкили курсҳои омӯзиши яке аз корҳои муҳимтарин дар ин раванд буда метавонад китобдорро ба мутахассиси хуби замонавӣ табдил диҳад ва дар ин раванд кор ва хидматрасонӣ низ ба хонанда сифатан беҳтар мегардад.

Сипас, сардори шуъбаи маркетинг ва рушди Китобхонаи давлатии патентию-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорёр Файзуллозода дар мавзуи “Раванди хидматрасонии фосилавӣ дар Китобхонаи давлатии патентию-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза пешниҳод кард.

Чорёр Файзуллозода  дар оғози суханронии худ аз ҷалби китобдорон ба омӯзиш ва ташкили озмунҳои гуногун аз ҷумла “Китобдори сол” ва эълони озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол  барои солҳои 2025-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф зада, иброз намуд, ки ин иқдомот маҳз тавассути технологияҳои муосири иттилоърасонӣ аз ҷумла сомонаҳои расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоии китобхонаи мазкур оммавӣ гардонида шуд. Гуфта шуд, ки сомонаи расмии Китобхонаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хидматрасониҳои фосилавӣ гӯшаҳои алоҳидаро таъсис додааст, ки корбар метавонад танҳо бо пахши як нуктаи лозим ба майдони дилхоҳи худ ворид гардида, адабиёти худро пайдо намояд.

Нақши технологияҳои муосирКитобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ низ аз ҷумлаи китобхонаҳое мебошанд, ки ҳамарӯза садҳо нафар хонандагон ба онҷо барои дарёфти матолиби лозимии худ муроҷиат мекунанд. Сардори шуъбаи хизматрасонии Муассисаи давлатии “Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ Ёсуман Бобоева дар ҳамоиши имрӯза иштирок ва вобаста ба истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти ин китобхона ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки дар китобхонаи мазкур тамоми фонди асосии китобхона рӯйхати анъанавӣ ва рӯйхати электронӣ дошта ҳамарӯза ба садҳо хонанда хидмати китоб мерасонад. Ёсуман Бобоева намояндаи китобхонаи мазкур зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар ҳолати пайдо накардани нусхаи китоб аз феҳристи анъанавӣ мо бо истифода аз компютерҳо ва барномаҳои муосир китобҳоро пайдо намуда ба хонандагон пешниҳод карда талаботи онҳоро қонеъ мегардонем.

Дар қисмати дигари кори ҳамоиш муовини сардори шуъбаи Автоматикунони ва раванди китобдории Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Валиева  маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Нақши технологияҳои муосирӮ иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣдар барбари сомонаи расмии худ ҳамчунин китобхонаи миллии электронии худро таъсис дода, дар он наздик ба 400 ҳазор нусха адабиёти электронӣ нигоҳдорӣ мекунад.

Нилуфар Валиева қайд кард, ки дар баробари ин аз рӯйи низомномаҳои Озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ва “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” тамоми адабиёти лозима ба шакли ПДФ дар китобхонаи электронӣ гузошта шудаанд, ки дилхоҳ хонанда метавонад бо ворид ва аъзо шудан ба Китобхонаи миллии электронӣ метавонад адабиёти дилхоҳи худро аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон боргирӣ ва мутолеа намояд.

Нақши технологияҳои муосирЗарурати пешниҳоди чунин мавод албатта бо чунин омилҳо рабт доранд. Ҳамин тавр, метавон натиҷагирӣ кард, ки татбиқи навгониҳои соҳаи китобдорӣ дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ барои ба зинаи сифатан нави хизматрасонӣ қадамҳои устувор гузоштани китобхона мусоидат намуда, имкон дод, ки бо тақозои ҷомеаи иттилоотӣ талабу дархости хонандагони ҳузуриву маҷозӣ ба адабиёти гуногунсоҳаву гуногунмазмун саривақт қонеъ гардонида шавад.

НАРГИС Назарзода,
бахши матбуот ва
робита бо
ҷомеа