Нахустин ҳамоиши  китобдорони ҷавон дар Китобхонаи миллӣ

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҳамоиши китобдорони ҷавон таҳти унвони «Нақши китобдорони ҷавон дар рушди китобхонаҳои ҷумҳурӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид. Ташаббскори ин тадорукот шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона  буд.

Дар кори ҳамоиш муовини директори Киобхона Ҷалолуддин Нурзода, муовини раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, МД Китобхонаи «Пойтахт», Китобхонаи давлатии бачагонаи  ба номи М.Миршакар, Хонаи китоб, Китобхонаи марказии шаҳрӣ ба номи А.Лоҳутӣ, китобхонаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, декани факултаи китобдории ДДФСТ ба номи М.Турсунзода, донишҷўён ва кормандони Китобхона иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо Суруди Миллӣ оғоз гардид. Сипас муовини директори Китобхона Нурзода Ҷалолуддин ҳозиринро хушомадед гуфта, оид ба фаъолияти китобдорӣ ва нақши китоб дар ҳаёти инсон суханронӣ  намуд. Ў зикр кард, ки маҳз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди фарҳангҳову кам гаштани майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ дар натиҷаи таъсири бевоситаи рушди техника ва технология, эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» аз иқдомоти наҷибона ва саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ҳамин озмун тавонист, ки дар фарҳанги китобхонию  китобдўстии миллат алалхусус насли ҷавони меҳан таъсири амиқ расонида, шавқу рағбати мардумро бори дигар ба китобу китобхонӣ бедор намояд.

Директори китобхонаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ  Ҳикматов Н.  дар мавзўи «Саҳми китобдори ҷавон дар рушди кори китобхона» суханронӣ кард ва ба гуфтаҳои муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кард, ки фармуданд: «Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсўҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд».

Нақши китобу китобхона дар таърихи тамаддуни башарӣ алалхусус халқҳои ориёнажод бисёр арзишманд аст. Ва ҳамин тавр китоб ва китобхона нақши муҳиме дар шаклгирии  тафаккур ва ҷаҳонбинии инсон доранд. Мутолиаи китобҳои хуб ҳисси зебошиносии хонандаро тақвият медиҳад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёи буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рў оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷўи илму донишро ҷой кунем».

 Сайзароб Нодирзода-директори МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» тайи суханронии худ бо таъкид ба аҳамияти сиёсати давлат дар мавриди ҷавонон гуфт, ки муасисаи мазкур тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, фаъолияти рақамгардонии фонди китобро аз тариқи ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаи китобдориву бойгонишиносӣ ва барномасозон баҳри ҳифзу нигаҳдории тамоми осори чопие, ки дар бойгонии муассиса нигаҳдорӣ мешаванд ва таърихи садсолаи милатро бозгў менамоянд, ба шакли электронӣ роҳандози намояд.

Дар поёни ҳамоиш ҳозирин аз намоишгоҳи китоб, ки ба ин муносибат тартиб ёфта буд, дидан намуданд.

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.