Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад хостори ҷамъоварӣ ва чопӣ шӯхиҳои Мақсуд Ҳусейн бо аҳли қалам шуд
Шарифи Мисайдзод инсони аҷойиб ва хушзарофат буд. Дуторчае дошт, ҳар ҷойе, ки мерафт бо он сурудхонӣ мекард. Дар чанд маҳфил сурудхонияшро бо дуторчааш дида будам. Агар қаҳрамоне намеёфт, ки дар борааш зарофате гўяд, дар бораи худаш мегуфт. Кўшиш мекард, ки ҳамон ҳамнишинҳоро шод кунад. Мисайдзод ҳаводори шеър буд, аммо ман надидам, ки ў даъвои шоирӣ ё журналистӣ кунад. Ҳарчанд парчамбардори радио буд.
Иқтибосе буд аз суханронии Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар маросими пурҷамъияти рӯнамоии китобҳои тозанашри идораи рӯзномаи “СССР”, ки субҳи дирӯз баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо як лаҳза сукунат ба поси хотири ду қаламкаши арҷманди рафта оғоз гардид ва хеле тӯлонӣ идома дошт.
Дар ҳамоиш аз ду рӯзноманигори маъруфи кишвар: Мақсуди Ҳусейн ва Шарифи Мисайзод ёд карданд ва ҳамзамон се китоби тозанашри ин нашрия “Аввалу охири ишқ”, “Гуфтугӯ бо табиат” ва “Эшон-Бала” муаррифӣ шуд.
Дар расми ифтитоҳи рӯнамоии китобҳо сардабири ин рӯзнома Сайёфи Мизроб иброз дошт, ки Мақсуд Ҳусейн яке аз серкортарин журналисти тоҷик буд ва басо фаврӣ кор мекард. Пас аз марги ӯ ман надидам, ки ягон журналист ҳатто мисли ӯ чеҳракушоӣ карда бошад.
“Устод бо табиат сару кор доштанд ва касоне ки, дар нашрияи “Ҷумҳурият” ва “Тоҷикистон” кор карданд, нек дар хотир доранд, ки эшон бо олами вуҳуш сару кор доштанд. “Гуфтугӯ бо табиат”, ки ба гулу гиёҳ бахшида шудааст, атфоли моро бо табиат наздиктар мекунад. Агар ин китоб бо теъдоди бештар нашр мешуд ва ба дасти кӯдакону мактабхонҳо мерасид, нур бар болои нур мешуд. Чунки ингуна китобҳо дар мо камтар чоп мешаванд.
Устод Абдулҳамид Самад гуфт, ки Мақсудҷон ҳамкори мо буд. Ў ҳамеша дар ҳаракат ва ҷустуҷў буду пурмаҳсул. Ҳамроҳ бо як ҳамкорамон опера мехонд. Инсони аҷоиб буд, баъзан худаш ҳам намефаҳмид, ки чӣ кор мекунад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон қиссаеро аз издивоҷи Мақсуд Ҳусейн нақл кард. Муовини муҳаррири “Тоҷикистони советӣ” Абдуҷалил Восизода, ки аз Хуҷанд буд, аз шӯхиҳои Мақсудҷон чандон хушаш намеомад. Мақсудҷонро доимо даъват карда, мегуфт: Ҳой Мақсудҷон ман туя чанд бор гуфтам ҷиддӣ шав, ҷиддӣ шав.
Мақсудҷон зан гирифт, чанд ҳафта ба кор наомад. Баъди омаданаш Восизода даъват кардаву гуфтааст, ки барои дермонӣ аз кор пеш мекунам. Мақсудҷон давида пеши ман омад. Гуфт чӣ кор кунам, ки ин дафъа бисёр сахт гирифт? Муҳокима мекунем гуфт.
Бо Мақсудҷон сенарияе навиштем, ки агар муҳокима карданд, ки як нақш мебозӣ. Пурсид, ки чӣ нақш? Гуфтам вақте бисёр сахт гиранд, давида рафта гӯшаки телефонро мебардорӣ, Восизода пурсад, ки чӣ кор мекунӣ? Бигуй, ки Ҳуҷанд занг мезанам. Пурсад, ки чаро ба Хуҷанд занг мезанӣ? Бигў, ки ҳамсарамро ҷавоб медиҳам. Ман бо ҳазор орзуву ҳавас туй кунам, ҳафтаи асалро гузаронам, ба кор биёям, шумо маро ин қадар ҷанг кунед, ба ман чӣ даркор зан?
Рӯзи дигар ҷаласа доир шуд ва дар ҳақиқат Восизода бисёр ҷиддӣ гапро сар карданд: ҳазор бор Мақсудҷонро гуфтам ҷиддӣ шав, нашуд. Мана боз барои тӯй як ҳафта ҷавоб гирифту 20 рӯз ба кор наомад. Ягона роҳ аз кор пеш кардан аст.
Ҳамин вақт Мақсудҷон аз рўи сенария парида аз ҷо хесту сўи телефон давид ва гўшаки телефонро бардошт. Восизода ҳайрон пурсид, ки ҳа чӣ кор мекунӣ?
Хуҷанд занг мезанам, хонаамон, оилаамро ҷавоб медиҳам. Ба ман чӣ лозим зан, агар барои ӯ маро аз кор пеш кунанд. Ва ҳамин вақт Восизода авзояш дигар шуд, ба зора доромад, ки накун ин корро. Мо мехоҳем ҷиддӣ шавӣ. Аммо Мақсудҷон чунин вонамуд мекард, ки гӯё аз раъяш намегардад ва ба такрор мегуфт: Не, не, ман ин корро мекунам. Маро ин қадар муҳокима кунанд, гап шунавам, чӣ лозим буд оиладор шуданам?
Як илоҷ карда раиси иттифоқҳои касабаи рўзнома ва Восизода ўро аз сари ҷаҳл гардонда, гуфтанд минбаъд ҷиддитар бош.
Лекин баъд рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба ў хона дод, зиндагиаш ҳам хуб шуд.
Мақсудҷон хел инсони фаҳмидаву башардӯст буд. Худаш бемор буд, вале вақте устод Лоиқ бемор шуданд, ҳар рӯз ба аёдаташон мерафт.
Нависандаи маъруф пешниҳод кард, ки духтари Мақсудҷон Ҳусайн Ҷамила бояд ҳама ҳазлу шӯхиҳои падараш бо аҳли қаламро гирдоварӣ ва дар шакли як китоб чоп кунад.
Шоира Раҳимҷон дар бораи Шарифи Мисайзод зиёд қиссаҳои ҷолиб кард, аз аввалин шиносоияш бо рӯзноманигори варзида ҳикоят намуд. Вай гуфт: Аввалин бархӯрди ман бо Шарифи Мисайидзод замони донишҷӯӣ иттифоқ афтод. Дар соли аввали таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба Хонаи радио рафтам, ки ҳамкориро шурӯъ кунам. Назди лифт бо Шарифи Мисайзод вохӯрдам. Он шабу рӯз вай хеле шӯҳрат дошт ва ҳамаи мо донишҷӯён орзу мекардем Шарифи Мисайзодро аз пеш бубинем. Вақте ӯро дар назди лифт дидам, як лаҳза карахт мондам. Мӯйҳои дароз доштам он вақт. Ба ман нигаристу гуфт борон ба муйҳоят задааст, ки як зебогии табиӣ пайдо кардааст. Гуфтам таъриф накунед, ки аз худ меравам.
Ва ӯ гуфт:
Гуфтӣ, ки таърифам макун, ки аз худ меравам,
Бирав аз худ, вале эй ҷони ман аз ман марав.
Дар ҳамин ҷо як чиз дар зеҳнам печидаистодааст гуфт Шарифи Мисайидзод. То ошёнаи 4 расидем, ӯ барои ман чор мисраъ шеър гуфт.
Ва ин шеър дар қалби ман барои ҳамешагӣ боқӣ монд. Риштаҳои дӯстии ману Шариф пайванди хоҳариву бародарӣ гирифтанд. Пайваста ҳамнишин будем, маҳфили мо бе Шарифи Мисайзод аслан намак надошт. Охирин нишасти мо дар хонаи ман бахшида ба зодрӯзи ман доир гашт. Шариф соқии маҳфили мо буд. Ҳама аҳли фарҳанг нишаста буданд, вале Шарифи Мисайзод ҳар лаҳза берун мебаромад. Баъд аз ҳар 5- 10 дақиқа ӯро гум мекардем.Бо ӯ ҷанг мекардам, ки маҳфилро чаро тарк мекунед, бе шумо ин маҳфил ҷон надорад, маҳаки маҳфил шумоед.
Баъд аз он ки Шарифи Мисайидзод аз байни мо рафт, намегӯям мурд, писари хурдиям гуфт очаҷон рӯзи таваллуди шумо дар ҷои дастшӯӣ он кас ду бор аз ҳуш рафтанд. Мо ӯро боло овардем. Шарифи Мисайидзод гуфт ба модаратон нагӯед, ки рӯзи таваллудаш аст, нороҳат мешавад.
Якуним моҳ пеш аз маргаш буд, вале касе аз мо ҳис намекард, ки ӯ мемирад.
Рисолати инсонӣ дошт ӯ. Аз ҳузури сабзи Шарифи Мисайидзод барои худам дарс гирифтам, ки инсон метавонад дар ҳама ҳолат, ҳатто вақте ҷонаш тангӣ мекунад, барои инсонҳо хушбахтӣ бубахшад.
Дар рӯнамоии китобҳо журналистони шинохта, шоирону нависандагон, аҳли адабу зиёиён ва дӯстону наздикони онҳо ҳузур доштанд ва хотираҳои худро нақл намуданд.
Раҳима Аъзам шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.