Охирин озмун барои Шукрона Рустамзода

 Шукрона Рустамзода, ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аз рӯи номинаи сеюм, “Хондан ва аз ёд намудани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ” дошишу малакаашро санҷид. Ӯ ба сабқати ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бори аввал омада аст.

Ширкаташ дар озмунро ба хотири исботи шогирди бовафои модар будан баргузида аст.

– Зеро ҳама маро шогирди бовафои падар медонанд. Бигзор бидонанд, ки фарзанди баномуси ҳам падарам ҳастам ҳам модарам, иброз намуд дар сӯҳбат Шукрона.

Шукрона соҳиби 8 медали тилло аз фанни ҳуқуқ буда, дар риштаи ҳуқуқ дарс хондааст, яъне ҳуқуқшинос аст.

Ӯ дар баробари ҳуқуқшинос будан, фарзанди баору номуси модараш аст ва мехоҳад модар аз Шукрона ифтихор кунад, чун ӯ ягона духтари онҳост.

Далели номинаи мазкурро интихоб карданаш низ модарашро меҳисобад, зеро модараш муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик аст.

 Ба андешаи ӯ китоб беҳтарин рафиқест дар зиндагӣ, ки инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ба гуфти худаш аз замоне худро шинохта аст, китоб мехонд. Китобро рафиқи беҳамтояш дар ҳама давру замон ва роҳнишондиҳанда донист.

Аз рӯйхати китобҳое, ки мутолиа карда аст, зиёда аз 30 роман, 30 повест, 30 очерку новелла ва драмма мувофиқи низомномаи озмун аст.

Инчунин аз осори насрӣ 60 ҳикоя, зиёда аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, 5 достон ва сурудҳои халқиро низ ба рӯйхати ин номина мутобиқат карда аст.

Мехоҳад теъдоди китобҳои хонадаашро зиёд кунад, то бешумор шаванд. Ҳоло андозаи китобҳои хондаашро нашумурда аст, зеро китобро шумурдан, онро кам кардан аст, мегӯяд ҳамсӯҳбатам.

Ӯ дигар дар озмун шикат нахоҳад кард. Дар оянда ба фаъолияти ҳуқуқшиносияш давом додаву ба корҳои илмиву эҷодӣ шуғл варзиданист.

– Хушбахтона, имрӯз барои мо тамоми китобҳо дар китобхона мавҷуд аст. Бояд аз ин имкон истифода кард, суханашро чунин ба поён расонд мусоҳибам.

Раҳима АЪЗАМ.