Омодагии муассисаҳои таълимии пойтахт ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллатДар идомаи силсиласуҳбатҳо доир ба ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Раҳмонова ва Масрура Мирзоҳасанова ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе рафтанд.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои ҷомеашиносӣ Эраҷбой Шарифзода суҳбат намуданд. Э. Шарифзода иброз намуданд, ки дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  аз донишгоҳ 26 нафар иштирок намуданд ва 3 нафар ғолиб ба даври ниҳоии роҳхат гирифтаву омодагӣ мебинанд.

Кормандони Медиатекаи ПрезидентиКормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Умедҷон Сафарзода ҳамсуҳбат шуданд. Мавсуф зикр намуд, ки ғолибони даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо низ иштироки фаъолона намудаанд.

Ҳамзамон, бо Шарифзода Шамсиддин муовини ректор оид ба тарбия ва идеология ва Асомиддини Абдумуъмин мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявӣ суҳбат оростанд. Асомиддини Абдумуъмин иброз дошт, ки дар даври аввали Озмун 18 нафар довталабон иштирок намуда, ғолибон барои омодагии ҷиддӣ ба даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои .Пешвои миллат” кӯшиш ба харҷ медиҳанд

Инчунин, кормандон бо сардори шуъбаи илм ва инноватсияи коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Зеваршо Воҳидов вохӯрда, ҷиҳати дар кадом сатҳ гузаштани даври аввали Озмун суҳбат намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар коллеҷи мазкур Маркази асарҳои Пешвои миллат фаъолият менамояд, ки дар он асарҳои Пешвои муаззами миллат дар намоиш гузошта шудаанд ва донишҷӯёни коллеҷ метавонанд дар ин толори барҳаво ва зебо асарҳоро мутолиа намоянд.

кормандони Медиатекаи ПрезидентиҲамзамон, кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамсуҳбатонашон тавсия доданд, то иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои мутолиаи асарҳои зарурӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф оваранд ва инчунин аз сомонаи Китобхонаи миллӣ низ (https://kmt.tj/) истифода баранд.

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон