Назаре ба баъзе дастнависҳои осори Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Китобхонаҳои Эрон

Абдурраҳмони ҶомӣМавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки бо лақаби «Хотамушшуаро» шуҳрат дорад, яке аз сермаҳсултарин ва муассиртарин чеҳраҳои тамаддуни исломӣ ва форсу тоҷик дар асри XV мебошад. Нуфузи илмӣ ва маънавии ӯ аз Ҳирот то дуртарин нуқтаҳои қаламрави Темуриён, Сафавиён, Усмониён ва Гуркониёни Ҳинд густурда буд. Ин шуҳрати беназир боис шуд, ки осори ӯ фавран пас аз нигориш аз ҷониби котибони забардаст истинсох ва паҳн гардад. Эрон ба воситаи пайвандҳои амиқи таърихӣ бо ҳавзаи ҷуғрофии Ҳирот, имрӯз мизбони яке аз ғанитарин маҷмуаҳои хаттии Ҷомӣ дар ҷаҳон аст. Ин мақола ба баррасии тақсимот, аҳаммияти ҳунарӣ ва арзиши филологии ин нусхаҳо дар марказҳои умдаи махзании Эрон мепардозад.

Асри нуҳуми ҳиҷрӣ даврони шукуфоии «Мактаби Ҳирот» ва авҷи ҳунари китобороист. Ҷомӣ ҳамчун қутби маънавӣ ва илмии ин даврон, пайванди наздике бо дарбори Темуриён (бавежа Султон Ҳусейни Бойқаро ва Амир Алишери Навоӣ) дошт. Аз ин рӯ, бисёре аз нусхаҳои мавҷуд дар Эрон, «нусхаҳои султонӣ» ё «хазоинӣ» мебошанд, ки бо тазҳиб ва нигоргариҳои мактаби Ҳирот ва Табрез ороиш ёфтаанд.

Дстнависҳои осори Ҷомиро дар Эрон метавон ба се дастаи куллӣ тақсим кард:

Осори манзумҲафт авранг» ва «Девонҳо»): Ин нусхаҳо бештар аз ҷанбаи ҳунарӣ, минётура ва тазҳиб ҳоизи аҳамият ҳастанд ва дар ганҷинаҳои санъатӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Осори мансури ирфонӣ ва тасаввуфӣ («Нафаҳотул-унс», «Лавоеҳ», «Нақдун-нусус»): Ин осор ба далели корбурд дар хонақоҳҳо ва маҳфилҳои илмӣ, дорои нусхаҳои мутааддид бо ҳошияҳои тавзеҳии фаровон ҳастанд.

Осори омӯзишӣ ва забоншиносӣАл-фавоиду-з-зиёия»): Ин асар, ки бо номи «Шарҳи Ҷомӣ» бар Кофияи Ибни Ҳоҷиб шуҳрат дорад, ба далели тадрис дар мадрасаҳои илмияи Эрон, дорои бештарин омори истинсох дар қуруни X то XIII ҳиҷрӣ мебошад.

Ин марказ ба далели наздикии ҷуғрофӣ ба Ҳирот, куҳантарин ва муътабартарин нусхаҳоро дар ихтиёр дорад.

Нусхаҳои ҳамзамони муаллиф: Чандин нусха аз «Нафаҳотул-унс» ва «Силсилат-уз-заҳаб» дар ин махзан мавҷуд аст, ки таърихи китобати онҳо камтар аз 20 сол бо замони вафоти Ҷомӣ фосила дорад.

Мавҷудияти ҳошияҳо ба хатти олимони барҷастаи давраи Сафавия бар рӯи ин нусхаҳо, сайри таҳаввули тафсири осори Ҷомиро нишон медиҳад.

Китобхонаи миллии Эрон дорои маҷмӯаи нафисе аз «Куллиёти Ҷомӣ» аст.

Абдурраҳмони ҶомӣНусхаи Куллиёт (асри X ҳиҷрӣ):Ин нусха шомили тамоми маснавиҳо ва расоили Ҷомӣ аст, ки бо хатти настаълиқи мумтоз ва ҷадвалкашии зарин китобат шудааст.

Нусхаҳои беназире аз рисолаи Ад-дуррату-л-фохира дар ин марказ мавҷуд аст, ки барои филологҳо аҳамияти вижа дорад.

Ин китобхона мадфани нусхаҳое аст, ки умдатан аз китобхонаҳои хусусии фузалои Эрон ҷамъоварӣ шудааст.

Бисёре аз нусхаҳои Шарҳи Қофия дар ин марказ, дорои таълиқоти (ҳошияҳои) арзишманде аз наҳвиёни давраи Қаҷория аст, ки нишондиҳандаи тадовуми суннати омӯзишии Ҷомӣ дар Эрон мебошад.

Нусхаҳои эронии осори Ҷомӣ аз ду ҷиҳат барои пажӯҳишгарони филология аҳамият доранд:

Сабти гӯиши ҳиравӣ: Ҷомӣ дар осори манзуми худ баъзе вожагон ва сохторҳои забонии хоси ҳавзаи Хуросони бузургро ба кор бурдааст, ки дар нусхаҳои асили эронӣ ба хубӣ ҳифз шудаанд.

Суннати шарҳнависӣ: Баррасии нусхаҳои хаттӣ нишон медиҳад, ки осори Ҷомӣ дар Эрон танҳо матн набудаанд, балки пиромуни онҳо як «фарҳанги тафсирӣ» шакл гирифтааст, ки барои забоншиносии таърихӣ манбаи дараҷаи аввал аст.

Эрон ҳамчун яке аз ду қутби аслии нигоҳдории мероси Ҷомӣ (дар канори Узбакистон ва Туркия), калиди дарки таҳаввулоти фикрии асри XV мебошад. Нусхаҳои хаттии мавҷуд дар Эрон на танҳо аз назари зебоишиносӣ ва ҳунари нигоргарӣ саромаданд, балки аз манзари «тасҳеҳи интиқодӣ»-и мутун, ба далели қадамат ва диққат дар истинсох, нусхаи асоси бисёре аз пажӯҳишҳои байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.

Абдурраҳмони ҶомӣИн таҳқиқот ба баррасии осори хаттии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун пайвандгари ҳавзаҳои адабии Ҳирот, Мовароуннаҳр ва Эрони марказӣ мепардозад. Ҷомӣ на танҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун забоншинос (дар “Ал-фавоиду-з-зиёия“) ва ориф (дар “Нафаҳотул-унс“) таъсири бунёдӣ дар ташаккули сабти матнҳои илмӣ доштааст. Таҳлили муқоисавии нусхаҳои мавҷуд дар Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ (Тошканд) ва Китобхонаи Миллии Эрон нишон медиҳад, ки суннати истинсохи осори ӯ дар асрҳои XV-XVIII на танҳо барои ҳифзи матн, балки барои эҷоди мактабҳои нави шарҳнависӣ ва ҳошиянависӣ хизмат кардааст. Ин дастнависҳо манбаи асосӣ барои омӯзиши таҳаввули забони форсӣ-тоҷикӣ ва таъсири он ба наҳви арабӣ дар мадрасаҳои Мовароуннаҳр маҳсуб мешаванд.

Назари Баҳрулло,
Сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир