Пагоҳ, 2-уми декабр дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мешавад
Пагоҳ, 2-уми декабр дар Китобхонаи миллӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз мегардад, ки то 15-уми декабр идома мекунад. Ҷадвали баргузории озмун ин гуна муайян шудааст:
- рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ;
- 6-7-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
- 7-уми декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ;
- 8-10-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номанатсияҳои озмунӣ ширкат хоҳанд кард.
Рӯзҳои 11-12 – уми декабр озмун барои довталабони номинатсияи назму наср ва рӯзи 13-уми декабр барои довталабони Шоҳҷоиза доир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сеюмин сол аст, ки доир мешавад. Низомномаи озмун бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 тасдиқ шудааст.
Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъулони баргузории онанд.
Ин нукта низ шоистаи зикр аст, ки озмун аз сол ба соли дигар комилтар мешавад ва шумори ширкаткунандагони он ҳамасола рӯ ба афзоиш аст. Озмун бори дигар нишон дод, ки барои миллат китоб бегона нест ва дар сурати таваҷҷуҳи бештар завқи китобхонӣ зиёдтар бедор мешавад ва сокинон беш аз ҳар вақти дигар рӯ ба китоб меоранд. Як ҳадафи аслии озмун ҷалби омма ба хонишу мутолиаи китоб аст.
Тибқи низомнома даври аввали озмун дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор мешавад ва соли ҷорӣ 305495 нафар ширкаткунандагони даври аввал буданд.
Дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд, 23045 нафар иштирок карданд.
Ширкаткунандагони даври вилоятӣ 2981 нафар буданд.
Қарор аст дар даври ниҳоии озмун аз саросари ҷумҳурӣ 510 нафар иштирок намоянд.
Ба кулли ширкаткунандагон барор мехоҳем!