Ҳувияти фарҳангӣ

Китоби «Ҳувияти фарҳангӣ» ба дастовардҳои фарҳангии пурарзиши Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Инчунин такмили ҳувияти миллӣ, равандҳои худшиносӣ ва болоравии маънавиёти ҷавонон, нигоҳдории мероси хаттӣ, нақши китобхонаҳо ва осорхонаҳо дар худшиносӣ ва таҳкими ҳувият, суннатҳои фарҳанги мардумӣ, вазъи кунунии эътиқоди диниву мазҳабӣ ба назари омӯзиш ва таҳқиқ гирифта шудааст.

Боби дуюми он фаъолияти зиёда аз садсолаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асириро дарбар мегирад.

Ҳамзамон китоб очерку мақолаҳо оид ба ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои шинохта, ки дар инкишофи ҷомеа ва эҷоди арзишҳои маънавии миллӣ саҳмгузоранд, гирд овардааст.

Китоб ба сиёсатшиносон, фарҳангшиносон, китобшиносон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва доираи васеъи хонандагон тавсия мегардад.

Н. Солиҷонов, 2021

МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», 2021

Ҳамидова Мадина мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ