Рӯ ба илм. Дирижаблро медонед, ки чист?

Дирижабл (фаронс. dirigeable – идорашаванда), дастгоҳи парвозкунандаи аз ҳаво сабук, аэростати дорои ҳаракатдиҳандаест, ки сарфи назар аз самти  ҷараёни  ҳаво ҳаракат мекунад. Қисми асосии Дирижабл тана, парҳои думӣ ва гондола (сабад) мебошанд. Парҳои думӣ (тасбитгар)-у килҳо (чанбарак)-ҳои идораи уфуқию амудиро дар бар мегиранд. Гондола барои ҷойгир кардани дастгоҳи қувва, одамон ва асбобу таҷҳизот хидмат мекунад. Дирижабл тана (бадана)-и шорои дарозрўя дошта, бо гази болобардор (ҳелий, ҳидроген ва ё ҳавои гарм) пур карда мешавад, ки он қувваи аэростатии болобардорро ба вуҷуд меорад. Парвози Дирижабл аз ҳисоби қувваи кашише, ки дастгоҳи қуввагии дорои винти ҳавоӣ ба вуҷуд меорад, ба амал омада, парвозу нишаст ва ҳаракати онро таъмин менамояд. Винтҳои ҳавоие, ки муҳарриқҳоро чарх мезанонанд, ба Дирижабл суръати пешбарандаи 60 – 150 км/соатро медиҳанд.

      Аз рўи намуд Дирижаблҳои системаҳояшон нармтана (ғайрисахт), нимсахттана ва сахттанаро фарқ мекунанд. Қабати берунии Дирижаблҳои нармтана ва  нимсахттана унсури асосии сохтори он (бо гази болобардор пур карда мешавад) буда, аз маводи нарми сахт ва газногузар сохта мешаванд. Устувории шакли қабати Дирижаблҳои нармтана ва нимсахттана (ҳангоми тағйирёбии ҳарорат ва фишори атмосферӣ) ба туфайли як ё якчанд баллонет, камера, пуфаки бо газ пуркардашудаи аз матоъҳо ё маводди сунъии газногузар сохташудаи)-и мавҷуд дар дохили он доимӣ нигоҳ дошта мешавад. Баробари камшавии ҳаҷми газ дар қабати баллонетҳо (маъмулан дар қабати поинии Дирижабл ҷойгир мешаванд) ҳаҷми зарурии мувофиқи газ бо ҳаво пур карда мешавад.

Дирижаблҳои нимсахттана бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокиашон бо девораҳо (диафрагмаҳо)-и арзӣ ҷудо карда шуда, дар ҳар як қисмат баллонетҳо доранд. Баллонетҳо аз таҷҳизоти ҳавокаши дар паси винти ҳавоӣ насбкардашуда ва ё вентилятори махсус бо ҳаво пур мешаванд.  Дирижабли нимсахттана аз Дирижабли нармтана бо он фарқ мекунад, ки қабати поинии он шакли миларо дорад. Асоси сохтори Дирижабли сахттанаро қолабтана (каркас ё чавгот) ташкил дода, устувории пайвастҳои он бо ёрии стрингерҳо – милаҳои тўлӣ ва шпангоутҳо – милаҳои арзӣ таъмин карда мешаванд. Дар Дирижабли сахттана гази болобардор ба чанд зарфи алоҳидаи нарме, ки дар қисмҳои қолабтана ҷойгиранд, андохта мешавад. Вобаста ба қолабтана Дирижаблҳои сахттанаро ниҳоят бузург ва бо ҷилди филиззӣ месозанд.

Гондола бо утоқи идоракунӣ ва утоқҳо барои мусофирону аъзои экипаж, сўзишворӣ ва таҷҳизоти махсус ба ҷилди Дирижаблҳои нармтана, вале дар Дирижаблҳои нимсахтана ва сахттана бевосита дар милаи пеш (ферма) ва ё қолабтана (каркас) овезон карда мешавад. Дар ақиби Дирижабл  парҳои  думӣ  ҷойгиранд,  ки аз ҳамвориҳои ноҷунбон – устуворкунандаҳо иборат буда, ба онҳо ба воситаи шарнирҳо (ҳалқадав) чанбараки идоракунии парвоз пайваст  мебошад. Дар қисми пеши Дирижабл таҷҳизоти чангакдор барои мустаҳкам пайваст кардан ва нигаҳдошти Дирижабл дар сутунмилаи чангакдор мавҷуд аст. Ҳаҷми Дирижабли нарматана  аз 1 то 7 ҳазор м3, нимсахтана аз 8 то 35 м3, сахттана то 200 ҳазор м3 мебошад. Дирижаблҳои муосир, маъмулан бо муҳаррикҳои газутурбинӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Парвози Дирижаблҳо дар баландиҳои  то 3 км, баъзан то 6 км ва зиёда аз он амалӣ мегардад.

       Афзалияти Дирижабл: борбардории зиёд парвозҳои бенишасти тўлонӣ; арзон будани боркашонӣ, бухусус борҳои бузургҳаҷм ё калонвазн,  боэътимодӣ ва бехатарии парвозҳо; зарурат  надоштани хатти парвозу нишаст (танҳо монораи қароргоҳӣ лозим аст).

 Норасоиҳои Дирижаблҳо: суръти  нисбатан  пасти парвоз (дар муқоиса ба тайёраҳо ва чархболҳо), имконоти сусти гардишӣ (бо сабаби ҳангоми парвоз ба вуҷуд омадани муқовимати баланди аэродинамикӣ); мушкилӣ ҳангоми фурудоӣ; зарурати доштани ангораҳои калон (эллингҳо) барои нигаҳдории онҳо.

        Нахустин ихтироъкори Дирижабл олими фаронсавӣ Жан Батист  Мари Шарл Менйе буда, парвози Дирижаблро бори аввал соли 1852 олими фаронсавӣ Анри Жиффар амалӣ намудааст. Дирижаблро  дар Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ИҶШС сохта буданд.

 Дирижабл дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ васеъ истифода шудааст. Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ нахустин Дирижабл соли 1923 ва охирин Дирижабл соли 1947 (СССР – В/ 2 бис) сохта шуда буд.

         Дирижаблҳоро дар Руссия, ИМА ва давлатҳои  дигари Аврупо истеҳсол мекунанд ва истифода мебаранд.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.5. –

 С. 657- 658.                                                                      

Муаллиф: И.Раҳматуллоев.

Таҳияи Парвина Қаюмова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.