Маснавӣ дар маҳфили “Беҳтар аз дӯст”

Ин навбат маҳфили «Беҳтар аз дўст» аз рўи асари «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо сарпарастии адиби бачагона Азизи Азиз ва хонандагони фаъоли шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур “Қиссаи он, ки даббоғ дар бозорони атторон аз бўйи атру мушк беҳушу ранҷур шуд” баррас ӣ шуд.

Ин китоб саросар ҳикояву достон ва ашъори панду ахлоқӣ буда, хонандаро ба дарки маърифати ҳастӣ ва шинохти асолати инсонӣ ҳидоят менамояд.

Адиби бачагон Азизи Азиз фикру мулоҳизаҳои хонандагонро оид ба дарсҳои ахлоқии қиссаи мазкур шунида, ба дарку фаҳмиш ва бардошти онҳо баҳои баланд доданд.

Ҷараёни маҳфил тариқи «Телевизиони кўдакон ва наврасон –  Баҳористон» наворбардорӣ шуд.

Фирӯза Раҳимова