Хутансултон Ошурмамадова тарки олам кард

Боз нафаре аз сафи мо кам шуд, боз як нафаре, ки миёни мо азиз буд, бо зиндагӣ падруд гуфт. Шахсе аз миёни мо рахти сафар барбаст, ки аз ҷумлаи беҳтаринҳо ва меҳурбонҳо буд. Шахсе рафт, ки ҷояш абадан холӣ хоҳад монд. Хутансултон Ошурмамадова дар синни 57-солагӣ аз олами фонӣ ба олами боқӣ рахти сафар баст. Хонаи охиратат обод бод!

Ошурмамадова Хутансултон Муродмамадовна  29-уми августи соли 1964 дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

Соли 1980 мактаби миёнаи рақами 6-и деҳаи Дерушони ноҳияи Рушонро хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро моҳи декабри соли 1983 ба ҳайси коргари совхози 50-солагии Октябри ноҳияи Рушон оғоз намуда, то моҳи августи соли 1989 кор кардааст.

            Солҳои 1989-1990 курси пурраи омўзишии тахассуси котиба-ҳуруфчини ПТУ №34-и ноҳияи Қумсангирро хатм намудааст.

Солҳои 1990-1991 коргари совхози 50-солагии Октябри ноҳияи Рушон шуда кор мекунад.

            Солҳои 1992-1994 дар вазифаи китобдори шуъбаи китобнигоҳдории Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, солҳои 1994-1995 китобдори категорияи 2-и шуъбаи хизматрасонии китобдорӣ, солҳои 2007-2008 китобдори категорияи 1-и шуъбаи китобнигоҳдорӣ фаъолият намуда, бо хоҳиши худ аз кор меравад.

            Баъдан, боз аз моҳи августи соли 2011 то 2012 ба вазифаи китобдори дараҷаи 1-уми шуъбаи хизматрасонии  Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кор мекунад.

            Бинобар сабаби таъсиси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аз моҳи апрели соли 2012 тариқи гузариш ба вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён таъин гардида, тариқи гузариш аз моҳи феврали соли 2016 то инҷониб дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи нигоҳдории китоб кору фаъолият дошт.

            Аҳли кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» аз марги нобаҳангоми Ошурмамадова Хутансултон Муродмамадовна андўҳгин шуда, ба пайвандон ва наздикони эшон изҳори ҳамдардӣ мекунад ва дар ин мусибати хонаводагӣ барояшон сабри ҷамил хоҳон аст.

            Худованди меҳрубон раҳмату махфират, ҷояшро Ҷаннат ва хонаи охираташро обод бигардонад. Омин!

Маъмурият

24.06.2021