Рӯ ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ: Дармана ва дарманаи румӣ
Дармана (Artemisia mogoltavica), дарамна, дармона, афшони сурх, шибоғи сурх, шиҳ рустаниест нимбутта. Мансуби оилаи мураккабгулҳост. Решааш ғафс, аз решачаҳои зиёд иборат аст. Пояаш рост, зарди сурхтоб, сершоха (то 70 см қад мекашад). Баргаш калони думчадори пармонанд ё нештаршакли бедумча (дарозиаш 1-6 см), пашмакдор. Гулаш (дарозиаш 2-3 мм) дуҷинса, найчашакли зард, зарди сабзтоб, дар нўги шохчаҳо ҷойгир аст.
Моҳҳои август – сентябр гул карда, охирҳои октябр дон мебандад. Тухмаш дарозрўяи хокистаранг ё дорчинӣ (вазни 1000 донааш 0,2 – 0,3 г). Дармана бештар дар дашт аз доманаю нишебиҳои кўҳ месабзад. Асосан дар Қазоқистон ва Тоҷикистони Шимолӣ (вод. д. Сир) дучор меояд.
Дармана рустании заҳрнок буда, бўйи хос дорад. Онро кишт низ мекунанд (дар 1 га зиёда аз 50000 бех). Дар таркиби дармана 7% сантонин, 1,5 – 3 % равғани эфир, инчунин кофур, карвакрол ва дигар моддаҳо мавҷуд аст. Поя, барг ва хўшагули дарманаро нимаи моҳи август то сентябр ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи офтобрас 5-8 рўз мехушконанд, сипас дар ҷойи тоза ё болои брезент рехта майда мекунанд. Маҳсулоти хушсифати дармана бояд ранги сабз, сабзи бўртоб, сабзи зардранг дошта, талхмазза бошад.
Дармана рустании доруӣ аст. Дискуридус (Диоскорид), Плиний, Ҷолинус, Закариёи Розӣ ва дигарон оид ба хосиятҳои киҷҷаронии он маълумот доранд. Абўалии Сино дарманаро барои табобати илтиҳоби чашм ва зиқи нафас, инчунин ҷиҳати куштани кирми меъда ва рондани ҳайзу пешоб тавсия мекард. Дар тибби халқӣ бо шираи алафи дармана варами чашмро тарбандӣ мекунанд. Омехтаи хокистари дармана бо равғани зайтун ё бодом давои хубест, барои ҷараб (калӣ). Ҷўшобаи сабадаки онро, ки бо номи чойи дармана маъруф аст, барои илоҷи вараҷа, домана ва ташаннуҷ, равғанашро ҳангоми нафастангӣ, табларза, обхўра тавсия медиҳанд. Аз хокистари дармана ва равған марҳами махсус таҳия карда, барои пешгирии рехтани мўй ба сар мемоланд. Ҷўшобаи тухми дармана подзаҳри хубест. Бино ба ақидаи табибони мардумӣ, агар дарманаро биёшоманд, барои газидани ғунда ва каждум, инчунин бар зидди заҳрҳои тармизоҷ тарёк мешудааст, душвории нафасро ислоҳ ва оруғро рафъ мекардааст.
Аз дармана равған ҳам мегиранд. Истеъмоли равғани дармана давои душвории нафас, илтиҳоб, варами меъда, кирмсорӣ, рўъёндани гўшти солим ва дигар иллатҳо мебошад.
Муаллиф: М. Ҳоҷиматов
Дарманаи румӣ
Дарманаи Румӣ (Artemisia absinthium), афсантин, талхявшон, тахач, тихач, як навъ рустании бисёрсола аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост (100-250 см қад мекашад), камшоха. Баргаш пармонанди думчадароз, сегўша ё резабарги нештаршакл (бо мўякчаҳои сафеди нуқрагун пўшонида шудааст). Гулаш дуҷинсаи майда, зард. Моҳҳои июн – август гул карда, август – сентябр тухм мебандад. Тухмаш хурди дарозрўя.
Дарманаи румӣ дар заминҳои партов, киштзор, боғу саҳро, канори роҳ ва дигар ҷойҳои ба инҳо монанд месабзад. Дар мавзеъҳои Зарафшон, Хисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландиҳои 800-3300 м аз с.б.) вомехўрад. Дарманаи румӣ гиёҳи талх буда, дар таркибаш аз гликозидҳо (абсинтин, анабсинтин), равғани эфир (2 %), витамини С, моддаҳои даббоғӣ, каротин алкалоидҳо, асиди қаҳрабо ва ҷавҳари себ мавҷуд аст. Поя, барг ва сабадаки дарманаи румиро айёми гулшукуфт чида, зери айвон, дар ҷойҳои шамолрас ё хушккунакҳо (45-50 % С) мехушконанд (онро то 2 сол нигоҳ доштан мумкин).
Дарманаи румӣ гиёҳи доруист. Оид ба хусусиятҳои шифоии дарманаи румӣ Абуалии Сино дар рисолаи «ал-Воҳия» зикр карда, онро барои рафъи дарди сакта, иллати меъдаву ҷигар, бемории ярақон (ҳепатит), бавосир, табларза ва ғайра тавсия додааст.
Табибони халқӣ ҷўшобаи сабадаки дарманаи румиро барои илоҷи захми меъдаву рўда ва ҷигару заҳрадон кор мефармоянд. Он давои киҷҷарон, арақовар, хобовар ва табшикан низ мебошад. Истеъмоли дарманаи румӣ иштиҳоро мекушояд, хилти сафро, зардоб ва дигар моддаҳои талхро, ки дар меъда шах шуда бошанд, ба воситаи пешоб хориҷ мекунад, рагҳои узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои ғайр пок месозад. Агар бо ҷўшобаи дарманаи румӣ ғарғара кунанд, каҷ шудани рўйро сиҳат мебахшидааст. Ҳамчунин ҷўшобаи он (дар омехтагӣ бо асал, сабр) барои рафъи дарзак, саръ, фолиҷ, кобус ва чарх задании сар давои хуб мебошад.
Дар тибби муосир накуи дарманаи румиро ихтилоли кори узвҳои ҳозима, барзиёдии шира ва халаю газаки меъда, камхунӣ, бехобӣ ва бўйи бади даҳон истифода мебаранд. Бо равғани эфири дарманаи румӣ захмҳои гуногун сўхтаро муолиҷа мекунанд.
Муллиф М. Ҳоҷиматов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 327-328.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.