Барно Исҳоқова. Китобдоре, ки сарояндаи мумтоз шуд
Барно Исҳоқова 7-уми сентябри соли 2002, вақте ба синни 75 даромада буд, аз олам рафт. Аз бузургтарин шашмақомсароёни аҳди Шӯравӣ буд ва кам касон ба пояи ҳунари ӯ расиданд. Сабки хоси сароидани таронаҳои классикиро дошт. Аммо дар фаъолияти корӣ муддате китобдор ҳам будааст…
Китобдори китобхонаи мактаби миёнаи №24 Тошканд (1941-1943), сарояндаи хори Радиои Ўзбекистон (1943-1945), сарояндаи яккахони хори Иттиҳодияи радиошунавонии ҶШС Тоҷикистон (1954-1964), сарояндаи дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телеизиони ҶШС Точикистон (1964-1980), муаллими калони кафедраи мусиқии шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистон (ҳоло ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзода (1980-1991).
Аз устодони номии «Шашмақом» М. Толмасов, Б. Файзуллоев, Ф. Шаҳобов Ш. Соҳибов дарси сарояндагӣ омўхтааст. Асосан ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ўзбекӣ ва забони модарияш – забони яҳудиёни бухороӣ месароид. Овози хушу форам ва истеъдоди хуби сарояндагӣ дошт. Дар мақомхонии муосир низ мумтоз буд. Аз силсилаи «Шашмақом» зиёда аз 100 суруду тарона сурудааст.
Беҳтарин сурудҳои классики иҷрокардаи Барно Исҳоқова: «Насруллоҳӣ» (ғазали Ҳофиз), «Талқини уззол» (Восифӣ), «Муғулчаи Дугоҳ» (Фурўғӣ), «Сарахбори ороми ҷон» (Ҳофиз), «Ҳусайнӣ» (Ҳофиз), «Насри Баёт» (Ҳилолӣ), «Нимчўпонӣ» (Бедил), «Ушшоқи Калон» (Тоҷуддавла), «Чоргоҳ» (Камол), «Ушшоқ» (Рўдакӣ).
Устод Садриддин Айнӣ Исҳоқоваро Левичаи занҳо ном гузошта буд (Левӣ Бобохонов ё Левича Ҳофиз, устоди бузурги «Шашмақом» дар Бухоро).
Дар сурудани тамоми силсилаи «Шашмақом» ширкат кардааст, ки сабти он дар хазинаи тиллоии мусиқии радиои тоҷик маҳфуз аст. Иштирокчии симпозиумҳои байналмилалии сарояндагони мусиқии классикӣ ва мардумӣ (1978, 1983, Самарқанд). Дар сароидани сурудҳои оҳангсозони тоҷик низ маҳорати баланд дошт ва бештари онҳоро бо оркестри созҳои мардумӣ ва симфонӣ сурудааст. Сурудҳои «Ба дилдор», «Мамлакати мо» (оҳанги Ш. Сайфиддинов), «Гулҷаҳон», «Шунидам», «Кокулат» (З. Шаҳидӣ), «Суруди мо» (Я. Сабзанов), «Нанол асло» (Д. Дўстмуҳаммадов), «Ба чашми ту» (Х. Абдуллоев), «Мафтуни чашмат» «Ф. Шаҳобов» ва ғайра аз беҳтарин сурудаҳои ўянд.
Диапазони овози Барно Исҳоқова аз «фа диез»-и октаваи якум то «сол»-и октаваи дуввумро фаро мегирифт. Барно Исҳоқова ҳамчун мақомхони муваффақи тоҷик таҷриба ва маҳорати сарояндагии худро ба бисёр сарояндагони ҷавони тоҷико мўзондааст. Сарояндагони хушсалиқаи тоҷик Зарифов, Х., Умарова, С., Наҷмиддинова, С., Азизова, Л. аз ҷумлаи шогирдони ў мебошанд. Дорандаи Ҷоизаи давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1985). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидаст.
7 сентябри соли 2002 дар шаҳри Рамлаи Исроил дунёро падруд гуфтааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 6.
Муаллиф: И. Раҳимов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ