Шераки Ориён. Худат бош. На дигаре. Ҳикоя
Шикрочие буд, ки муқаддам аз шикор рафтанаш ғизое мехўрд, ки бихўрад ҳафт мард.
Ва ў субҳи козиб баромада , дар кўҳистони бероҳа он қадар масофаро тай мезад, ки одами одӣ ин қадар масофаро дар ҳафт рўз тай зада натавонад ва дар бозгашт бо он қадр сайд пайдо мегашт, ки ҳафт шикорчӣ ба даст оварда натвонад.
Ҳамсояи ў, ки марди заифмизоҷи сустаке буд, ба ин шикорчӣ рашку ҳасад мебурд ва ўро назараш ҳам намегирифт, балки тасаввуроташ мерасид, гар худаш бихоҳад аз он шикорчӣ мегузаронад, яъне ҳам дар ғизохўрӣ ва ҳам дар сайдоварӣ.
Ва худашро бо ҳамсояаш қиёс мекард:
– Агар мисли ин шикорчӣ гов барин бихўрам аз ў хело зиётар роҳ биравам, аз ў бештар сайд карда биоварам.
Ба худаш чунин итминону боварӣ дошт .
Ниҳоятан шабе ба занаш фармуд таом бупазад, ки ҳафт мард бихўрад ва баъди басо зўр зада онҳоро тановул кардан ва зўр зада фурў бурдан, ниҳоятан сари субҳ равон гардид ҷониби кўҳистони азамати бероҳа, ҳарчанд акнун пойҳояш шикаму ҷисмашро базўр мебардошт ва базўр мекашид.
Бегоҳ барнагашта буд сўи манзилаш, ки ҳама интизорӣ доштанд ва сайдҳои зиёди шикоркардаашро дидан мехостанд.
Ва шаб ва рўзи дигар ҳам наомад ин шикорчии навпеша.
Ва чунин мегузашт вақту вақт.
Ниҳоятан зани беҳад хавотиршудааш ақрабо ва шиносҳо ва ҳаққу ҳамсояҳоро ҷамъ намуда, ба кофтанаш баромаданд ва баъди сарсонии афзун дарёфтанд вайро дар ҷое афтода ва ниммурда.Ва умуман сайде карда натавониста, балки гургу шағол дар наздикиҳояш пайдо гардида буданд, то ўро сайди худ қарор дода тавонанд. Бармеомад, агар одамони гумкоб расида намеомаданд вай тўъма ва сайди дарандагони кўҳистон мешуд.
Ва ин «сайди дарандагон»-ро, ки худаш туъмаи дарандагони дигар шуданаш мумкин буд, мардум бардошта, дасто ба даст карда, бо сад азобу сахтӣ аз кўҳистони бероҳа фароварда , сўи хонаш мебурданд, ки пойҳояш обила пайдо карда, варам намуда, ҳатто тани худро бардошта наметавонист.
Баъди ба русто расондан аз пайи табобаташ бишуданд, то аз ранҷҳо намураду зинда бимонад .
Вале ў чанд моҳ бо сабаби дарди шикаму пою миён рўи ҷойгаҳ буд ва баъдан чун хеста тавонист, барои одамвор роҳ гаштан сад азобу сад зўри дигар мезад.
Аз ин боис мардуми огаҳи рўйдода мегуфтанд: «ҳар кас дар зиндагӣ бояд худаш бишавад , на дигар».
Ва меафзуданд : «акка ба роҳгардии товус таклид карданиӣ шуда, роҳгарди асли худро аз даст додааст….»
Бале, ҳар кас бояд дар зиндагӣ худаш бишавад на, ки дигар….
***** ********** *********
Ҳикояте буд аз китоби нави адиби маъруф Шераки Ориён “Чакомаи кӯҳистон”, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст. Чанд нусха китоб ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам расидааст ва шумо имкон доред онро бихонед.
Таҳияи Гулрӯ Исмоилова