Муҳаммад Ғойиб. ПАРЧАМИ НАНГ. (Барои Ҳошим Гадо)

Зиндагӣ ағба дораду кӯҳсор,

Ҳаст пасту баладияш бисёр.

Ӯ ба осонраво надорад кор,

Ҷӯяд осораш аз раҳи душвор.

 

Мари доно ҷаҳони худ донад,

Ранҷ дида, касе наранҷонад.

Рафта умру нишони ӯ монад,

Мурро ӯ намедиҳад озор.

 

Мушикоф асту мӯ ба мӯ бинад,

Ойина ҳасту рӯ ба рӯ бинад,

Ҳама наздику дур ӯ бинад,

Чашм дӯзад ба олами асрор.

 

Ханда дар лаб дарун-дарун гиряд,

Дил пур аз таб дарун-дарун гиряд.

Аз ғами халқи содда хун гиряд,

Чун анори қабат-қабат хуншор.

 

Ҷаҳл бигрифта ҷойи доноӣ,

Ҷойи ҷамъаш гирифта танҳоӣ.

Давр оварда рӯ ба расвоӣ,

Тарсад Эдип зи нав шавад такрор.

 

Ин ҷаҳон хонаи ҳунар бошад,

Баҳри бегонаи ҳунар бошад.

Хор фарзонаи ҳунар бошад,

Ҳар ки гулпарвар аст гардат хор.

 

Шоҳи касб асту саҳна тахти уст,

Саҳна-саҳни ҳаёту бахти уст.

Рафтан аз саҳна рӯзи сахти уст,

Ҳаст ободсози ин дарбор.

 

Вақти бозӣ паланг аз ӯ тарсад,

Шери хоҳони ҷанг аз ӯ тарсад

Хасми пӯлодҷанг аз ӯ тарсад,

Ба кафаш бӯса мезанад ночор.

 

Зинда не Золу илми ҷоду кард,

Зинда не шоҳу нушдору кард.

Зинда Сӯҳроби куштаро ӯ кард,

Ҳаст нақшофарини нотакрор.

 

Нақшаш оҳанги марги ҷосус аст,

Рахти Афросиёбу Ковус аст.

Шод аз ӯ руҳи шоири Тӯс аст,

Созад ӯрози хуфтаро бедор.

 

Он ки бо номи нек муҳтоҷ аст,

Дур аз фикри сарвату боҷ аст.

Он ки дар ҳифзи шуҳрати тоҷ аст,

Хонданаш тоҷики бонангу ор.

 

Нест озод, бо ғаме банд аст,

Ҳақталоше ба хонаи фанд аст.

Ҳар дами зиндагонияш панд аст,

Меканад ҷон ба пушти ин девор.

 

Не ғамии сарвату зараш бошад,

Не умед аз Сикандараш бошад.

Ӯ Диогени кишвараш бошад,

Ҷӯяд инсон зи кӯчаву бозор.

 

Нақши ҷонро ба тан аз ӯ пурсед,

Ифтихори ватан аз ӯ пурсед.

Маънии зистан аз ӯ пурсед,

Ҳаст дар мулки ҳаҷри ӯ дидор.

 

Парчами боми кохии фарҳанг аст,

Парчами нанги олами нанг аст

Созу оҳанги ӯ дигар ранг аст,

Дорад аз давлате ба ху осор…

Муҳаммад Ғойиб.

 

Ин шеъри Шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғойиб дар китоби нави ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо “Орзу” чоп шудааст. Ахиран боз ду китоби ҳунарманди варзида вориди Китобхонаи миллӣ шуд, ки шумо метавонед аз онҳо баҳра баред. Ин ду китоб ҷилдҳои 407, 408, 409, 446, 447, 448 асарҳои Ҳошим Гадо мебошанд.

 

Таҳияи Мадина Ҳамидова.