Соҳиб Табаров дар бораи се шеъри Абдуқодири Раҳим

Соҳиб-ТабаровИмрӯз шоир, нависанда, пажӯҳишгар ва рӯзноманигори тавонои тоҷик Абдуқодири Раҳим зодрӯз дорад. Ӯ муаллифи китобҳои «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати оина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006), «Пайванди марзҳо ва дилҳо» (2011), «Домони абр» (2014), «Ашки сари мижгон» (2014), «Назари лутф» (2014) ва даҳҳо мақолаҳои хуби публистистист.

Ба эҷодиёти Абдуқодири Раҳим адабиётшиносону мунаққидоне чун устоди шодравон Соҳиб Табаров таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ҷумла устод Табаров соли 1992 се шеъри ӯро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” чоп шуда буд, таҳлил карда, ки онро ҳамкоронамон аз бахши матбуоти даврӣ таҳия кардаанд, ба муносибати зодрӯзи адиби номвар ин ҷо меорем:

ТААССУРОТЕ АЗ МУТОЛЕАИ «ЯК ПУШТИ НИГОҲ» – И АБДУҚОДИРИ РАҲИМ

Наход, се шеъри Абдуқодири Раҳим, ки имрўз дар рўзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, муждае аз ҷустуҷўҳои навтарин дар ин шаборўз дар назми тоҷик диҳад? Ба фикрам, мужда медиҳад.

Абдуқодири Раҳимро чанд сол боз ҳамчун донандаи паҳлуҳои нозуктарини назми ғании форс-тоҷик мешинохтам. Гоҳ-гоҳ чакидаҳои қалами ўро дар танҳоӣ бо завқи калон мутолиа мекардам. Ҳарчанд хоҳишу илтиҷо менамудам, ки қисме аз он шеърҳои ниҳоят санъаткорона офаридаашро ба муштоқони шеър пешкаш намояд, худро аз чунин орзуҳоямон ба канор мегирифт. Хомии он шеърҳои комилро баҳона мекард. Дар болои ҳар мисраъ ва ибораву калимаи бе ҳамин ҳам ба итмом расида боз шабро рўз кардан мехост.

Инак, дар рўи мизи хонанда, дар мағзи дили ошиқон ва дар ҳиссиёту таассуроти нозуки шеърдўстони асил се шеъри Абдуқодири Раҳим истодаанду ҷой гирифтаанд.

Абдуқодири Раҳим монанди нозуки на танҳо қонунҳои назмамон аст, балки аз маводҳои таърих, дин, тасаввуф ва ривояту асотири халқи тоҷик бохабар буданашро бо ҳамин шеърҳояш исбот менамояд. Агар ба инҳо илова намоем, ки ў, аз як ҷониб, назми ғании тасаввуф ва аз ҷониби дигар, сабки фалсафиву эстетикӣ ва адабиву бадеии Бедилро мисли панҷ панҷааш медонад, бори дигар то чӣ андоза ба меҳнати эҷодӣ бо дилу ҷон шуғл варзиданашро тасаввур кардан мумкин аст.

Агар ба шеъри «Аз пушти як нигоҳ»-и Абдуқодири Раҳим танҳо аз рўи шеърият ва бадеият як назар афканем, ин дониши чуқури ў маълум мегардад.

Абдуқодири РаҳимМаҳбубаи худмаст, гўё ягонаи олам, мафтуни ҳусни ҷамоли худ гашта, аз пушти як нигоҳ ойинаро пушту рў менигарад ва ҳеҷ гоҳ аз ҳусну ҷамоли худ сер намешавад. Ҳамин мазмунро шоир дар як шакли нодиру камёб баён мекунад, ки онро устотарин шеърдонҳо дар ашъори худ қариб кор нафармудаанд:

Эй масти хеш, ойинаро пушту рў мабин,
Ҷавҳар на рўи туст, на он дудаи хаёл.
Сад муддао зи як нафасат об мешавад,
Канъон зи Нўҳ дид ҷавоби пур аз савол,
Дар як нигоҳи мо.

Хонандаи муҳтарам минбаъд мебинад, ки дар ҳар як банд мисраи «Эй масти хеш, ойинаро пушту рў мабин» такрор ёфта, он аз бебақоии рўи маҳбуба ва дудаи хаёл иборат будани зебоии зоҳирии ў (мисраи дувум) шаҳодат медиҳад. Гарчанде дар назари он маҳбубаи мафтуни ҳусни худ гардида сад муддао аз як нафаси ў об мешавад (мисраи савум). Шоир асли мақсадро мустаор ва бе сухан бо он ифода кардааст, ки гавҳари ҳар фард, аз зеботарин шахс сар карда, то шахсони камбудиҳои хурду калони ҷисмонӣ дошта дар ботин, дар ақлу фазилат, дар покии хулқу атвор мавҷуд аст. Кӣ будани ҳар фардро на ҳусну ҷамол, на рўи зебо, на масти хеш будан, балки Инсоният, Камолоти инсонӣ, Ҷавҳари маонӣ ва кору кирдори Нўҳ барин ҳалолкорон муайян мекунад.

Абдуқодири Раҳим асли ин мақсадро, ки дар банди якум ифода кардааст ва мушоҳидаи ҳаётияшро бо ниммисраи «Дар як нигоҳи мо» ҷамъбаст намудааст, фонӣ ва дурўза будани ҳусну ҷамоли зоҳирии он маъ шуқаи оинабозро ба таври зайл ба қалам додааст:

Эй масти хеш, оинаро пушту рў мабин,
Дар хонаи Худо ҳама гумгаштаи Худост,
Девор аз таҳайюри боде намерамад,
Дар аз нигоҳи кафш хаёлоти по ба ҷост,
Дар дуди оҳи мо.

Агар мисраи якуми мукаррар боз диққатро ба худмафтунии маҳбуба ҷалб карда бошад, мисраи дувум роҳгумкарда будани чунин садҳо ҳазор ва миллионҳо олуфтаву зебопарастони сирфро хеле ҳам шоирона ва хам рўҳан («хонаи Худо»…) панду насиҳат мехонад. Ва пас бо мисоли одии ҳаётӣ (нарамидани девор аз бод ва ё як лаҳзагӣ будани кафш дар назди дари зиндагӣ…) чунин мастонро аз хеш бори дигар ақлу фазилат, омада таъкид мекунад, ки маънавиёти худ, нияти интеллектуалии худро ба сатҳи олӣ ва ба арши аъло расонанд, на мафтуни худ гарданд.

Ба сабаби он ки Абдуқодири Раҳим майли калон ба дониши рўҳонӣ дорад, Худо, худогоҳӣ ва худоҷўӣ яке аз унсурҳои тематикии ашъори ў гардидаанд. Ин майл хоси он адибони замони навсозист, ки ба асотиру таърих, ба ҳақиқату тахайюлот якранг менигаранд. Бинобар ин, Абдуқодири Раҳимро яке аз сўфиёни замони навсозӣ номем, хато нахоҳад шуд.

Диққат диҳед, ки матлаб ва завқи тасаввуфона дар мисраъҳои зайли Абдуқодири Раҳим бо чӣ гуна образҳои абадии умумибашарӣ (гандуму ҷав, Иблис, ҳақиқату Ҳақ) ифодаи равшани худро ёфтаанд:

Эй масти хеш, оинаро пушту рў мабин,
Гандум зи ҷав таронаи меҳру вафо нахонд,
Иблис пушти пои ҳақиқат нахуфтааст,
Гар Ҳақ туро зи хонаи тадбири худ наронд,
Шукрона меравад.

Дар чунин бандҳои шеъри «Аз пушти як нигоҳ» на танҳо ҳақиқати зиндаи доимии ҳаёти занону духтарони мағруру масрурро дармеёбем, инчунин, эҳсосоти ботинӣ ва ғайбиву рўҳонии чигунагии хислатҳои шарр ва хайр (ҷаву гандум, на ба маънои рустанӣ), кирдорҳои иблисонаи дар ботини инсон буда бо баёноти дақиқи тасаввуфӣ манзури хонандагон гардидаанд.

Ҳангоме ки чунин баёноти рўҳонӣ, инъикоси мустаоронаву маҷози хулқу атвор ва кирдори «масти хеш», ки оинаро пушту рў мебинад, ба хонандаи нозукфаҳм дастрас мегардад ва чунин тасвири муҷарради сўфиёна дар хаёлоти шоир ба охир мерасад, боз вай аз олами қудсӣ ба замин қаҳрамонашро мефарорад ва ба ў садо медиҳад:

Эй масти хеш, оинаро пушту рў мабин,
Гул аз баҳор пойизи худро шинохтаст,
Барги дарахт меваи худро ба бод дод,
Ҳар кас ба ранги ранг ғарибона бохтаст,
Бо хона меравад.

Тамоми маркази композитсионии ин шеър дар ҳамин нимбайтаи «Бо хона меравад», яъне, ба олами абад ва одам роҳи ҳама аст ва аз худ мафтун шудан ба касе суд набахшидааст, ҷамъбаст гардидааст. Ва ҳатто мумкин буд шеърро бо ҳамин банди асосӣ ба итмом расонид.

Ин қабил шеърҳо сабукборӣ, камфикриву камандешагиро намепарваранд. Мағз андар мағзи онҳоро фикру андеша, мулоҳизарониҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва этикӣ фаро гирифтааст. На танҳо ягон банд ва байти чунин шеърҳоро саросемавор хондан мумкин нест, балки хонандаро лозим меояд, ки дар болои ҳар ми- сраъ ва гоҳҳо калимаву ибора фикру андеша ронад, маънои асливу маҷозӣ, иҳомиву мустаорӣ, лутфомезу рамзии онҳоро дарк намояд ва сарфаҳм равад.

Ин қабил шеърҳо ба назми мусаҷҷаъ ҳеҷ қаробате надоранд. Ҳозир аксари шоирони ботаҷриба ва ҷавон назмро ба баёноти хушку холии публисистӣ мубаддал сохтаанд. Дар шеърҳои онҳо санъатҳои бадеиро ҳамчун доруи нодиртарини адабиву бадеӣ ҷустуҷў намудан лозим меояд. Ашъори Абдуқодири Раҳим ва ҳамуслубони ў сар то по ҳам шеър, яъне пур аз фикр, андеша, фазилат, шууру тафаккур мебошад ва ҳам қолабу шакли мустаҳками бадеӣ дорад, аз онҳо ҳама гуна намуди санъати бадеиро дарёб кардан мумкин аст.

Дар баробари инҳо Абдуқодири Раҳим ҳатто дар шакли шеъри имрўза кашфиёти хоссае дорад, ки ягон шоири машҳур, маълум ва қатории муосири тоҷик ин гуна шакли шеъриро дар эҷодиёти худ ба кор набурдааст. Агар ба ҳамаи ин илова намоем, ки дар понздаҳ-бист соли охир шакли шеъри тоҷик ниҳоят камбағал гардидааст, аксари шоирон мусаммати мураббаъро жанри дўстдори худ меҳисобанд, дар ашъори онҳо харобии гўшхароши шакл ва санъату воситаҳои тасвири бадеӣ ба назар мерасанд, аз ин ҷо маълум мегардад, ки ба назми тоҷик «Аз пушти як нигоҳ» ворӣ шеърҳо ниҳоят лозиманд. Хонандаи маданияти баланди интеллектуалӣ доштаи тоҷик муштоқ ва муҳтоҷи чунин шеърҳо низ мебошад.

Аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 15 январи соли 1092, таҳияи Рухшона КАРИМОВА, матбуоти даврӣ.