Таҳмина Раҷабова меҳмони маҳфили “Ганҷи сухан”
Маҳфили “Ганҷи сухан”-и шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ки як маҳфили тафреҳӣ аст, ин навбат ҳаводоронашро ба суҳбати ровӣ, ҳунарпеша ва коргардони маъруф Таҳмина Раҷабова гирди ҳам овард. Ин маҳфил, ки моҳе як маротиба бо ширкати шахсиятҳои шинохта доир мешавад, ҳадаф дорад афроди дорои имконоти маҳдуд лаҳзаҳоеро дар фазои гарми фарҳангӣ, созу тарона ва нақлҳои дилпазир ба сар баранд.
Маҳфилро Ҷалолуддин Нурзода – муовини директори Китобхонаи миллӣ оғоз намуда, дар бораи аз ҳаёт ва фаъолияти кории Тахмина Раҷабова нақл кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки Таҳмина дар зиндагӣ як зани бисёр қавиирода ва заҳматкаш ҳаст, ки ба ҳар мушкиле, ки зиндагӣ сари роҳаш мегузошт, бо он бо иродаи қавиву матин мубориза бурд ва самари он часпу талошҳо ин аст, ки имрӯз ӯ миёни мо чун як бонуи муваффақ ҳузур дорад ва метавонад зиндагиномаи ӯ барои мо низ омӯзанда бошад.
Таҳмина Раҷабова бо меҳрубонии зиёд ва самимона бо ҳозирини маҳфил, ки аксарияташон шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, мебошанд, суҳбат кард. Ба суолҳои онҳо, ки аз зиндагӣ, кор ва ҳаёти пасисаҳнагии ӯ пурсон мешуданд, посух дода, озодонаву бо ҳар яки онҳо ҳарф зад.
Маҳфилро Акбарҷон Каримов аъзои шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ки ба навозиши гитор ва овозхонӣ шавқи хеле зиёд дорад ,бо сурудҳои ҷаззоб ва навозишҳои зебояш, гарм намуд. Бояд гуфт, ки Акбарҷон Каримов аз хурдӣ ба гиторнавозӣ завқи зиёд дошт ва ҳамин шавқу завқ буд, ки падараш аввалин гиторро замоне барояш туҳфа намуд, ки дар мактаб мехонд. Имрӯз ӯ новобаста аз он, бо амри тақдир биноии чашмонашро аз даст додааст, ба завқмандон навозиши гиторро меомӯзонад.
Таҳмина Раҷабова дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки “Мо шахсони одӣ ҳастем, вале шумо хоса. Агар нафари солим соҳиби ҷоизаи Нобел гардад, касе тааҷуб намекунад, аммо агар нафаре аз шумо новобаста аз имконоташ кӯшиш карда , сазовори ин ҷоизаи бонуфуз гашт, тамоми ҷаҳон аз ӯ хоҳанд гуфт, ӯро ташфиқ ва дастгирӣ хоҳанд кард. Пас ҳеҷ гоҳ нагӯед, ки шумо аз чизе кам ҳастед ё ба чизе намерасед. Шумо ба ҳар чизе расида метавонед, фақат умедатонро аз даст надода, бо шукргузорӣ ба пеш ҳаракат кунед”.
Маврид ба ёдоварист, ки Китобхонаи миллӣ барои шахсони дорои имконоти маҳдуд шуъбаи махсусеро ташкил кардааст, ки ҳадаф хидматрасонӣ ба ин гуна афрод аст. Ва ин шуъба пайваста маҳфилҳоеро ҳам доир мекунад, ки басо хотирмону диданианд.
Яке аз ин маҳфилҳо ҳамин “Ганҷи сухан” аст, ки имрӯз бо ширкати Таҳмина Раҷабова доир шуд.