Мухлисони дастаи тоҷикистон, шуморо ба тамошо даъват мекунем! Марҳамат ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон!

футболИмрӯз футболи калон аст, даври чаҳорякумниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё, дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Урдун!

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ тими миллии кишвар, имрӯз, соати 16:30 ҳама ҳаводорону дӯстдорони футболро ба тамошои ин дидори ҳассосу таърихӣ даъват менамояд.

Мухлисон метавонанд дар экрани калон, дар ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллӣ футболи таърихии Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳузуру ҳаловати тамом тамошо кунанд.

Дарҳои Китобхонаи миллӣ ба рӯи ҳаводорони футбол, барои касоне, ки аз бозии тими футболи кишвар мухлисӣ мекунанд, боз аст!

Бифармоед, нури дида, тоҷи сар!

ПИРӮЗ БОД ТОҶИКИСТОН!