Тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Субҳи имрӯз дар саҳни бинои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳошияи оғози “Рӯзи дарҳои боз” маҳфили бошукӯҳ бо иштироки доираи васеи меҳмонону кормандони Китобхона доир гашт. Насими форами баҳорӣ якҷо бо борони раҳмат, хони идона ва чеҳраҳои болидаи иштирокдорон аз фараҳу шодии онҳо дарак медод.

Дар саҳни бино аз ҷониби шуъбаҳои Китобхона хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмим, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хуришҳои баҳорӣ ороста шуд, ки меҳмонону тамошобинон аз онҳо дидан намуданд.

Ҳамчунин, дар расми ифтитоҳи маҳфили идона директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт. Қайд гардид, ки Наврӯз бо пайки хуҷастаи худ ба табиат ва дилҳои мардум таровату покӣ ҳадя сохта, ба хонадон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили халқ армуғони умеду орзуҳои наҷиб меорад.

Дар идомаи суханронии худ профессор Ҷумахон Файзализода иброз намуд, ки  чунончи шоҳид ҳастед, дар Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи ҷашну идҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ҳамасола “Рўзи дарҳои боз” гузаронида мешавад. Инчунин, дар ин силсилачорабиниҳои Муассиса маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш бо шеърхониҳову савту наво дар саҳни бинои Китобхонаи миллӣ доир мегардад, ки иштирокдорон бо як таровати волову боло аз баргузории он баҳравард мегарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳадаф аз баргузории Рўзи «Дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ ин нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик аст ва ба ин васила инъикоси Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи соҳибмахзан ва дорои фонди бою ғанӣ нишонаи соҳибкитобиву соҳибдевонии миллати кўханбунёдамон буда, ба қаламу китоб доштаву китобро ганҷинаи илму дониш, нуру зиё, мояи пирўзӣ бар ҷаҳлу зулмат ва саодату пешрафти бемайлони инсоният донистани аҷдодони мо шаҳодат медиҳад.

Сипас, Муҳиддин Панҷшанбезода-мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа сухан ронда, меҳмононро ба Иди Наврӯз муборак бод гуфта, иқдоми “Рӯзи дарҳои боз”-ро, ки ҳамасола доир мешавад, сутуд ва онро як гоми муҳим дар роҳи таблиғи китобу китобхона, ҷалби омма ба омӯзиш ва руҷуъ ба китоб арзёбӣ кард.

Вай иброз дошт, ки бо талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ҳамасола 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Баъдан қисмати фарҳангии маҳфил бо пешниҳоди барномаи рангини идона ва ифтитоҳи Рӯзи дарҳои боз бо сурудҳои тараннумгари васфи баҳор, Наврӯз ва сулҳу дустӣ хонда шуданд.

Ёдовар мешавем, тантанаҳои иди Наврӯз ва иқдоми “Рӯзи дарҳои боз” то фардо 31-уми март дар Китобхонаи миллӣ идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд бо истифода аз имкон ба ин кохи илму маърифат биёянд ва аз ин ганҷина ба худ маънавиёти баланд ва ғанимат бубаранд.

Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа