Тарҳи канале, ки Аҳмади Дониш кашида буд
Тарҳи канали Омую Бухороро дар асри 19 Аҳмад Махдуми Дониш кашид ва ба амири Бухорову генерал-губернатори Туркистон пешниҳод кард. Аммо на ину на он ин лоиҳаро амалӣ накарданд. Онро билохира Ҳокимияти Шӯравӣ баррасӣ кард ва татбиқ намуд. Аҳмади Дониш татбиқи амалии тарҳи худро надид. Ин чӣ тарҳе буд?
Канали Омую Бухоро, шаҳри обиёрикунанда дар вилояти Бухоро. Аз соҳили рости дарёи Ому, 12 км болотар аз шаҳри Чорҷўй (ҳоло Туркманобод)-и Туркманистон оғоз шуда, ба воситаи биёбони Қайроқум то обанбори Қуйимазор (доманаи Денгизқўл) мерасад. Об аз Қизилқум гузашта, ба воҳаи Бухоро меояд.
Нақшаи кандани канал ва аз дарёи Аму ба Бухоро овардани обро дар асри 19 Аҳмади Дониш тарҳрезӣ карда, ба амири Бухоро ва генерал-губернатори Туркистон пешниҳод карда буд. Лекин ин нақша дар замони Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.
Навбати якуми наҳр соли 1965, навбати дуввуми он соли 1976 сохта шадааст. Тўли умумиаш 400 км. Об то баландии 111м бардошта мешавад, иқтидори обгузаронии наҳр-270 м3/с. Дар натиҷаи ба кор андохтани навбати якуми наҳр 136,3 ҳазор га замини вилояти Бухоро, ки аз манбаъҳои дигар обёрӣ мешуданд, шодоб гардиданд, таъминот бо об дар 377 ҳазор га замини ҳавзаи дарёи Аму беҳтар ва имконияти обёрӣ кардани 23800 га замини нав пайдо шуд. Дар наҳри асосӣ (магистралӣ) 65 иншооти ҳидротехникӣ, аз ҷумла 11 пойгоҳи обкашӣ (10 насос, ки ҳар яки он 12,5 ҳазор кВт неру дошта, обро ба баландии 54м бардошта метавонанд) мавҷуданд.
Насосҳои канали Омую Бухоро дар кишвар аз ҷиҳати ҷойгиронӣ, неруи умумӣ, таъминот бо таҷҳизоти худкор (автоматӣ), телемеханика нодиранд. Бори аввал дар пойгоҳи насосии вилояти Бухоро барои дар як сатҳ нигоҳ доштани об дар камераи пештанбаи худкор гузошта шуд.
Дар километри 152-юми канали Омую Бухоро обтақсимкунаке сохта шуд, ки обро ба се самт ҷудо мекунад: аз чап навбати якуми канал (сарфи об 60,3 м3/с), аз рост навбати дуввуми наҳр (сарфи об 95,8 м3/с), дар мобайн барои дар оянда бо об пур кардани Тўдакўл. Дар охири километри 191-уми навбати дуввуми наҳр пойгоҳи насосии Қизилтеппа сохта шудааст, ки ҷараёни оби навбати дуввумро ба дарёи Зарафшон интиқол медиҳад. Дар бунгоҳи насосии Қизилтеппа барои нигоҳ доштани сатҳи об иншооти махсус сохта шудааст.
Ба кор андохтани навбати дуввуми канали Амую Бухоро барои аз Амударё обёрӣ кардани 15,5 ҳазор га заминҳои нав ва бо об беҳтар таъмин намудани 77 ҳазор га заминҳои обии вилоятҳои Бухоро, Самарқанд ва Навоӣ имкон дод.
Бозчоп аз Энсплопедияи миллии тоҷик. – 2020. – Ҷ.9. – С. 406.
Муаллиф: С. Раҷабов
Таҳияи Зафар Ғолибов,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.