Тозанашр: “Модар”ҳадяи Китобхонаи миллӣ шуд
“Модар” дуввумин китоби Ибодулло Азимов аст, ки ба наздикӣ ба Китобхонаи миллӣ ҳадя шуд. Он бо сарсухани Низомиддин Давлатзода оғоз гардида шеърҳои “Ба Пешвои миллат”, “Тоҷикистон”, “Китоб”, “Ишқи Ватан”,”Оли Сомон”, “Забони модарӣ” ва дигарҳоро дар бар мегирад.
Китоб 3-юми апрели соли 2023 ба дасти чоп расид ва аз таҷрибаву бардоштҳо ва андешаҳои муаллиф қисса мекунад.
Маврид ба таъкид, ки Ибодулло Азимов аз ҷумлаи муаллифонест, ки ҳамвора бо Китобхонаи миллӣ ҳамкориҳои судманд дорад.
Муаллифи маҷмуа эҷодкорест, ки тӯли чилу ду сол омӯзгорӣ намуда,чун як устоди варзидаву тозакор ба насли наврас дарси матонату устуворӣ ва маорифпарварӣ меомӯзад. Аз қаламкаш бӯйи мушку анбари гулҳои диёр, шилдироси обҳои кӯҳсор, сарбаландии халқи бовиқор, сарсабзии дарахтони баҳор ба машом мерасад ва моро ба олами шеърҳои поку озодаи ӯ мебарад.
Танҳо эҷодкор метавонад бо сеҳри қалам зебоиҳои Ватан, гулу боғу чаман ва бузургии суханро ба хонанда бирасонад ва коми хонандаро ширин намояд.
Пас биёед, ин китоби тозанашрро мутолиа мекунем.
Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори
шуъбаи феҳристнигорӣ