Мавзунҷон Ғаффурзод: Миёни худ ва одамони солим фарқ намегузорам!

Мавзунҷон ҒаффурзодМодарашро дар ёд надорад, мегўянд он вақт ӯ сесола буд. Падараш 5 сол қабл аз дунё рафт. Модарандараш ҳам як сол пеш оламро падруд гуфт. 5 хоҳар дорад, ки аз ҳолаш хабар намегиранд ва ба гуфтаи худаш  танҳост, бе хешу табор.  Наздикону пайвандон дорад, аммо онҳо низ  аз ҳолаш хабар намегиранд, нисфи хешонаш ба хориҷи кишвар рафтаанд.  Пайвандии хоҳаронаш бо ӯ то зинда будани падараш давом кардааст.

Мавзунҷон Ғафурзод аз падар хотироти нек дорад, мегӯяд ҳама корро аз падар омӯхтааст. “Падарам ҳам табиб буданду ҳам дуредгар ва корҳои рӯзгорро худашон ба сомон мерасонданд. Бисёр корҳоро аз он кас ёд гирифтам. Агар иморати хонаро мебардоштанд, ман кумакрасонашон будам. Он вақтҳо кам-кам медидам”,- ба ёд овард Мавзунҷон рӯзҳои хуши гузаштаро.

Мавзунҷон Ғафурзод зодаи деҳаи Ёрии шаҳри Панҷекат  ва аз фаъолони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллист. Ў дар бештари маҳфилҳои шуъба саҳми бориз дорад, бо суруду оҳангҳои дилошуб. Дар ин шуъба дарахти гули сунъии бузургест, ки маҳсули дастони Мавзунҷон аст. Ў ҳунари бофандагӣ низ дорад ва борҳо ҳунари дасташро ба ин шуъба овардааст, ки дарҳол харидор пайдо намудааст. Маҳсули ҳунари дасташ таваҷҷуҳи меҳмонон, бахусус хориҷиёро ба худ кашидааст ва харидори асосии корҳои дасташ онҳоянд.

Касби аввалаш бофандагӣ буд, ки онро аз бобояш омўхтааст. Бобояш сабадҳои гуногун аз навдаи дарахтон мебофт. Ин ҳунари аҷдодӣ дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноёни шаҳри Ҳисор ба кор омад. Миёни мактаб-интернатҳо озмуни “Панҷаи ҳунар” баргузор шуд ва Мавзунҷон дар он ширкат варзид. Устодонаш ўро ташвиқ намуданду дар фанни таълми меҳнат фаъол шуд ва натиҷаи корҳояшро ба озмун пешниҳод намуд. Пас аз он бештар ба ин кор машғул мешуд, ҳафтае як- ду маротиба мебофту  ба шаҳр оварда мефурӯхт.

Ҳамсўҳбатам иброз дошт, ки ҳама ҳунарро дорад ва байни худ ва одамони солим фарқ намегузорад.

Достони нобиноияш бисёр ғамангез аст. 12 сол пеш бар асари беморӣ ва иштибоҳи табибон бинояишро аз даст дод. Он замон модараш вафот кардаву падараш аз субҳ то шом дар кор буд. Чун падар табиб буд, бо тақозои вазифа бештари вақтро дар кор сипарӣ менамуд, Мавзунҷони хурдакак дар тарбияи одамони  бемасъулият монд. Ба беморие гирифтор шуду тасф кард ва он ба чашмаш таъсир расонд.

Бемориҳое мисли зардча, сурхча ва дигар ҳарорати бадани беморро баланд мекунанд ва он ба сар таъсир мерасонад. Баъзеҳо дар натиҷаи ин бемориҳо аз дунё мегузаранд. Мавзунҷон низ ба чунин касалиҳо зиёд гирифтор гашту падар бехабар монд ва тасф ба чашмонаш зад.

Падараш баъд аз чанд вақт бохабар шуд, ба тамоми шифохонаҳои кишвар ва берун аз он, аз ҷумла Самарқанд бурд, аммо дер шуда буд. Табибон як раги чашми сиҳаташро буриданд. Таъсири он ба чашми дигараш гузашту оҳиста – оҳиста нобино гашт. Иштибоҳи духтурон сарнавишташро рақам зад ва ӯро умрбод нобино кард.

“Падарам маро баҳри табобат ба чандин ҷойҳо бурданд, диданд, ки намешавад, дилашон сард шуд. Он вақт ақлам намерасид, фикр мекардам, ки ҳама ҳамин хел, мисли ман нобиност.

– Худам, ки падар шудам, фаҳмидам, ки он кас чӣ қадар оҳу афсӯс доштанд, бароям ғам мехӯрданд, зиқ мешуданд. Пас аз фарзанддор шудан инро фаҳмидам, – изҳор дошт мусоҳибам.

Падараш меҳрубон буд, агар гоҳе ҳам маҷбур мешуд, ки ҷангаш кунад, пас аз 5 дақиқа ғуборро аз дилаш мебаровард. Ӯ бовар надошт, ки писари ягонааш ҳунар меомӯзаду соҳиби касб мегардад ва рӯзияшро меёбад. Пеш аз он ки марг ба суроғи падар омад, аз фаъолияти Мавзунҷон дар Филармонияи давлатӣ 4 моҳ сипарӣ шуда буд. Падар дар  аввал ба ин бовар намекард, баъд хурсанд шуд. Ба Мавзунҷон намегуфт, вале дар назди дигарон гуфтааст, ки фикр намекунам фарзанди яккаам намебинад. Бовар дорам аз уҳдаи худаш мебарояд.

Мавзунҷон замоне дидаи бино дошт ва диданҳои пешинааш дар хотираш ҳаст.

– Маслан, офтоб чӣ гуна буд,  вақте шамол мевазид, расми дарахт дар офтоб ин тарафу он тараф давр мезад, расми дарахт бо сояи худаш дар замин аҷаб зебоӣ дорад . Сабза, об, парандаҳо …то ҳол дар ёдам ҳаст, ҳарчанд кӯдак  будам, ин лаҳзаҳо дар хотирам боқӣ мондааст. Ин ҳолат барои нафароне, ки аз модар нобино ба дунё омадаанд, ошно нест, – ёдовар шуд он давронро ў.

Раҳима АЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа