Устодон ва шогирдони Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино барин шахси заковатманд, олими муқтадири соҳаҳои гуногуни илми асрҳои миёнаи Шарқ дар назди кӣ дарс омӯхта, малакаю маҳорати фитрии худро такмил додаст? Аз ихлосмандону ҳаводорон ва мухлисони бешумори Ибни Сино киро шарафи боифтихор шогирдӣ муяссар гардидааст? Ба ин суолҳо дар як қатор манбаъҳои асримиёнагӣ, таъриху тазкира ва инчунин тадқиқоти гуногуни махсуси илмӣ қайду ишораҳо пайдо кардан мумкин аст.
Дар ин маънӣ истифодаи ахбори «Татимату сивон-ул-ҳикмат»-и Абулҳасани Байҳақӣ, «Рисолаи саргузашти»- и Абдулвоҳид Абуубайди Ҷузҷонӣ, «Таърих-ул-ҳукамо»-и Ибни Ⱪифтӣ, «Уюн-ул-анбо-фи табақот- ил – атибо»-и Ибни Усайбиа, «Номаи донишварони носирӣ», «Ҳуҷҷат-ул-ҳақ Абӯалӣ Сино»-и Саидсодиқ Гавҳарин, «Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо, «Куллиёт»-и Садриддин Айнӣ, «Абӯалӣ ибни Сино»-и А.А.Семенов ва муҳаққиқони дигар судманд аст.
Аз асарҳои зикрёфта «Рисолаи саргузашт» доир ба ин масъала маълумоти нисбатан васеъ, аниқ ва саҳеҳ медиҳад. Абуубайди Ҷузҷонӣ аз рӯи нақли устодаш ва мушоҳидаҳои шахсии худ доир ба муаллимони Ибни Сино, ҷараёни таҳсил, фанҳои таълимӣ, асарҳои омӯхта, усули омӯзишу дарсгӯй, тарбияи шогирдони мутафаккир ахборот додаст.
Ба қавли ягонаи ҳамаи муаллифон, чи асримиёнагию чи муосир, Ибни Сино аз овони туфулият бо нишонаҳои фавқулоддаи фитрии худ – зеҳни тез, идроки баланд, ҳуши қавӣ, хотираи мустаҳкам ва ақли муқтадир атрофиёнро ба ҳайрат андохта, барои ҷараёни мураккаби илмомӯзӣ дорои заминаи боэътимоди табиӣ буданашро таъкид кардааст. Дар ривоёту ҳикоёти гуногуни хаттию шифоҳӣ ин хислатҳои Ибни Сино ба дараҷае муболиғакорона тавсиф ёфтаанд. Намунаи онҳоро олимон советӣ М.С. Андреев, Садриддин Айнӣ, Воҳид Асрорӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, А.А.Семенов, донишмандони эронӣ Акбари Ризвонӣ, Ⱪосим Ганӣ, Раҳимзода Сафавӣ, олими турк Шарафуддин Ялткая ва дигарон ҷамъоварӣ ва нашр кардаанд.
Дар бораи таърихи оғози таҳсил ва муаллимони авали Ибни Сино дар маъхазу тадқиқот маълумоте пайдо кардан муҳол аст. Аз нақли худи мутафаккир ва маълумоти манбаъҳои дигар чунин бармеояд, ки Ибни Сино таҳсиллашро дар Бухоро баъди панҷсолагиаш сар кардааст. Ӯ то даҳсолагӣ хондану навиштан ва анвои улуми адаб сарфу наҳви арабӣ, маонӣ, баён, луғат ва амсоли онро омӯхтааст. Ибни Сино ин марҳиларо чунин нақл кардааст: «Ва падарам маро ба муаллими адаб супурд. Чун даҳсола шудам, бисёре аз улуми адаб фаро гирифта будам, чунон ки мардумро аз ман аҷаб меомад».
Ба шаҳодати Абуубайди Ҷузҷонӣ Ибни Сино дар назди муаллими адаб (мутаассифона, номаш зикр наёфтааст) дар давоми якуним сол китоби «Сифот»-и Абулҳасани Наҳвӣ, «Ғариб-ул маснаф»-и Абуумари Шайбонӣ, «Адаб-ул-китоб»-и Ибни Қутайбаи Динуварӣ, «Ислоҳ-ул-мантиқ»-и Яъқуб ибни Исҳоқ, «Ал-айн»-и Аҳмади Наҳвӣ ва достону девони шоирону адибони гуногунро аз худ кардааст.
Марҳилаи дигари ҷараёни таҳсили Ибни Сино, ки баъди 10-солагии ӯ ва анҷоми омӯзиши улуми адаб оғоз ёфтааст, ба фаъолияти устодони дигараш вобаста мебошад.
Ба қавли худи Ибни Сино, ӯ дар назди баққоле, ки ҳисоби ҳиндро нағз медонист ва аз илми ҳисобу хандаса огоҳие беш дошт, дарс хондааст. Шайхурраис ва шогирдаш Ҷузҷонӣ номи ин муаллими Ибни Синоро зикр накардаанд. Аммо дар манбаъҳои асримиёнагӣ амсоли «Аъё-уш-шиа», «Дуррат-ул-ахбор», «Ҳабиб-ус сияр» ӯро чун Маҳмуди Массоҳ ном бурданд. Маҳмуди Массоҳ, бешак, яке аз олимони намоёни Бухоро буда, дар илмҳои ҳисоб ва ҳандаса мақоми сазовор доштааст. Вай барои таъмини маош ба касби баққолӣ шуғл менамудааст. Ибни Сино дар ин байн ҳамчунин назди олими дигари бухороӣ рафта, дарс мехондааст. Мувофиқи нақли Ибни Сино номи ин муаллимаш Исмоили Зоҳид аст. Ин мард олими соҳаи фиқҳ, яъне илми ҳуқуқ аз назари ислом будааст. Ибни Сино дар назди ин ду олими машҳури Бухоро аз асосҳои илмҳои ҳисоб, ҳандаса ва фиқҳ бохабар шуда, пояҳои дониши худро мустаҳкам кардааст.
Яке аз устодон ва муаллимоне, ки Ибни Синоро бо файзи таълими худ аз самараи илмҳои гуногун баҳравар намудааст, Абуабдуллоҳи Нотилӣ мебошад. Номи пурраи ин олими забардаст, донандаи хуби илму ҳикмати Юнон, мантиқшиносу файласуф ва мунаҷҷиму табиб Абуабад Иброҳим ибни Ҳусайни Нотилӣ мебошад. Абуабдуллоҳи Нотилӣ худ шогирди олим Абуфараҷ ибни Тайиб будааст. Ӯ ҳангоми 11-12 сола будани Ибни Сино ба Бухоро меояд. Падари Ибни Сино аз сафари ин олим бохабар шуда, ӯро ба хонааш бо иззату икром ҷой медиҳад, то фарзандонаш, алалхусус Ҳусайн (Ибни Синоро дар хурдиаш чунин меномиданд) назди ӯ таълим гиранд. Ибни Сино бо ёрии ин устодаш мантиқро омӯхта, аз осори олимону мутафаккирони Юнони қадим Уқлидус (Эвклид), Порфирий Тир ва Батлимус (Птоломей) бохабар мешавад. Қобилияту истеъдоди донишандӯзии Ибни Сино ба дараҷае баланду ҳайратангез буд, ки Абуабдуллоҳи Нотилӣ барин олими муқтадир дар тааҷҷуб монда, маҷбур шуд, ки билохира аз дарсгӯӣ худдорӣ кунад. Ӯ ба муаллиму устод дигар ҳоҷат надоштан ва ниёзманд набудани шогирдашро дарк намуда, вайро ба омӯзиши мустақилона ҳидоят кард.
Баъди ин ҳодиса, гуфтан мумкин аст, ки ҷараёни омӯзиши Ибни Сино шакли нав ва моҳияти тоза мегирад, зеро ӯ ба кори мустақилона мегузарад. Ибни Сино тахминан дар сездаҳсолагиаш ба омӯхтани илми тиб шурӯъ менамояд. Ба қавми худаш, ин илм барои ӯ душвор набуд ва аз ин рӯ, дар муддати кӯтоҳ онро ба дараҷаи кофӣ аз худ кардааст. Дар бораи муаллимону устодони Ибни Сино дар ин соҳа, худи мутафаккир ва шогирдаш маълумоте намедиҳанд, аммо баъзе муаллифони манбаъҳои минбаъда чунин тахмин мекунад, ки Шайхурраис илми тибро назди Абумансур Ҳасан Нӯҳи Ⱪамарӣ омӯхтааст. Ҷараёни минбаъдаи таҳсили Абӯалӣ Сино комилан мустақилона гузаштааст ва ӯ мантиқу риёзиёт, мусиқию илоҳиёт ва дигар анвои улумро бе имдоди ягон муаллим саҳеҳ ва пурра омӯхтааст.
Дар бораи шогирдони Ибни Сино дар асарҳои худи ӯ манбаъҳои гуногуни асримиёнагӣ ва тадқиқотҳои муосир маълумоти ночизе мавҷуд аст. Албатта, Ибни Сино барин олиму донишманд, файласуфи борикбин, табиби ҳозиқ ва адиби нозукадо вобаста ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти эҷодиаш шогирдони зиёд дошт. Аз тафсилоти саргузашти Ибни Сино чунин бармеояд, ки ӯ ҳаёти ноороме аз сар гузаронида, дар шаҳрҳои гуногун зистааст. Ин тарзи ҳаёт низ, аз як тараф, боиси афзудани миқдори шогирдони ӯ гардид. Дар манбаю тадқиқотҳо Баҳманиёр, Абуубайди Ҷузҷонӣ, Абумансури Зайлӣ (баъзан Разила) Абдуллоҳи Маъсумӣ ва Сулаймони Димишқиро ҳамчун шогирдони Ибни Сино ном бурдаанд.
Шогирди дигаре, ки аз файзи таълиму таснифи Шайхурраис нисбат ба дигарон бештар баҳра бардоштааст, Абуубайди Ҷузҷонист. Абдулвоҳид Абуубайд Фақеҳи Ҷузҷонӣ соли 1012 дар Гургон бо Ибни Сино вохӯрда, муддати 25 сол то охири ҳаёти устодаш ба ӯ содиқона хизмат кардааст. Ҷузҷонӣ дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт дастёру мададгори Ибни Сино буда, дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ ба ӯ ёрӣ додааст. Маҳз ба туфайли саъю кӯшиш ва ғамхории Абуубайди Ҷузҷонӣ осори парокандаи Шайхураис гирд омада, дар шакли рисолаҳои алоҳида то имрӯз боқӣ мондааст. Ибни Сино як қисм рисолаҳояшро маҳз бо хоҳишу илтимоси ӯ офаридааст.
Хулоса, Ибни Сино дар назди олимони машҳури замонаш таълим гирифта, пояи дониш ва маҳораташро баланд бардошта ва дар навбати худ як зумра шогирдонро ба воя расондааст, ки анъанаи ӯро дар соҳаҳои гуногуни илм давом додаанд.
М.Султонов, котиби масъули Комитети ҷашни ҳазорсолагии ибни Сино дар АФ РСС Тоҷикистон.
P.S. Ин мақола соли 1980, ки ҳазорсолагии Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешуд, дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, №2 чоп шудааст. Мо мақоларо айнан ин ҷо кӯчондем. Дар шумораҳо дигари “Занони Тоҷикистон”-и он сол дар бораи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мақолоти зиёде нашр шудааст. Шумо метавонед ин маҷалларо дар толори Матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА.