Устураи рақси тоҷик: Малика Калонтарова

Малика-КалонтароваКалонтарова Мазол (Қаландарова Малика) 2 сентябри соли 1950 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Раққоса, омўзгор, Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1976), Артисти халқии ИҶШС (1984). Дорандаи Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1984). Аз синни 15-солагӣ (1965) аз дастаи ҳаваскорони санъати «Захираҳои меҳнатӣ» ансамбли «Лола» омад ва бо роҳбарии Ғ.Валаматзода ба  камол расид.

Аввалин рақсаш дар саҳнаи касбӣ «Ҷигарпора» мебошад, ки соли 1965 дар консерти ансамбли «Лола» дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иҷро кардааст.

Калонтарова рақсҳои  тоҷикӣ («Духтари хандон», «Шодиёна», «Баёти панҷ», «Гули бахт», «Духтари кўҳсор», «Зулайхо»), русӣ («Карабейники»), афғонӣ («Бобоқирон» ва ғ.), ҷопонӣ («Сакура» – Баҳор), туркӣ («Ишқи ман»), хоразмӣ («Лазгӣ»), ҳиндӣ («Илоҳа»), испанӣ («Фламинго»), арабӣ («Орзу) ва ғайраро бо маҳорати баланд иҷро кардааст.

Рақсҳои Калонтарова бандубаст, авҷ ва нуқтаи кулминатсионӣ дошта, дар онҳо суруру шодмонӣ ифода ёфтаанд. Баъд аз иҷрои рақси «Шодиёна» (1973) роҳбари бадеии Ансамбли давлатии рақсии ИҶШС И.Моисеев, ки онро барои Калонтарова ба саҳна гузошта буд, раққосаро «Муъҷизае, ки дар рақси мардуми Шарқ инқилобро ба вуҷуд овард» номида буд. Сипас, Калонтарова дар Маскав дар ансамбли И. Моисеев ду рақси тоҷикӣ – «Ҷавонӣ» (бо ҷавонписарону ҷавондухтарон) ва  «Куртачакан»-ро (бо гурўҳи духтарон) бо маҳорату истеъдоди баланд иҷро кард.

Калонтарова дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм», «Зумрад» (1961), «Арўсу домод» (1970), «Достони Рустам» (1971), «Тўфон дар водӣ» (1972), «Боз як шаби Шаҳрзод» (1986), «Шералӣ ва Ойбарчин» (1989) рақсҳо иҷро кардааст.

Ў бо ҳайати ансамбли «Лола» ба ҳамаи ҷумҳуриҳои ИҶШС ва мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҳиндустон (1976, 1985), Эрон (1972), Афғонистон (1971, 1980, 1982), Фаронса (1976), Белгия (1969, 1978), Олмон ( 1984), Ҷопон (1982, 1987) ва ғайра сафари ҳунарӣ дошт.

Соли 1993 ба ИМА кўчид. Дар ИМА «Мактаби байналмилалии рақси Малика» (Malika^s Intrnetional Danse School» )-ро таъсис дода, ҳоло ба ҷавондухтарон нозукиҳои рақсро меомўзонад.

Соли 2004 дар ҷашни 80-солагии пойтахт (Душанбе), соли 2009 дар барномаи консертии дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ. 9. – С. 307.                                               

 Муаллиф: А. Раҳмонқулов.

Таҳияи: Марзия Зардодхонова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.