Ваҳдати миллӣ пойдевори истиқлолият

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 24-солагии “Ваҳдати миллӣ” чорабинӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ пойдевори Истиқлолият» доир гардид.

Маҳфилро муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Раҷабзода Салима ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки бахшида ба 30-солагии ин ҷашни таърихӣ имрўзҳо дар кишвар чорабиниҳои зиёд баргузор мегарданд. Номбурда дар суханронии худ иброз дошт, ки  соли 2021 аз бисёр ҷиҳат барои миллати мо таърихӣ ва хотирмон хоҳад буд. Зеро дар ин сол  мо  яке аз муқаддастраин ва арзишмандтарин ҷашни миллӣ 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамонро бо шукуҳи хосса ва дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ таҷлил менамоем. Дар арафаи ин ҷашни муҳиму сарнавиштсоз миллати тоҷик як ҷашни фархундаи дигар ҷашни “Ваҳдати миллӣ”-ро таҷлил менамояд. Имрўзҳо дар фазои кишвари азизамон тантанаҳои идона бахшида ба ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.

Дар маҳфил инчунин сармуҳаррири рӯзномаи «Ваҳдат» Умруддин Юсуфов ва раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз нақши ваҳдату ягонагӣ ва субот дар кишвар сухан кард: Имрўз вақте истиқлол мегўем, ҳатман ваҳдатро дар назар дорем. Бисёр кишварҳо дар ҳасрати ваҳдату истиқлолиятанд. Инсонҳо барои зиндагии осоишта ба дунё меоянд. Хушбахтии мо дар он аст, ки раҳбари давлати мо барои сулҳ овардан ба миллат қадам гузошт. Ман шоҳиди ҷавонмардиҳои раҳбари давлат ҳастам.

Умриддин Юсуфов сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ваҳдат” гуфт ин пайки ҷонбахш, яъне истиқрори сулҳро мардум интизор буд. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Раҳбари давлат ҷонфидоиҳои шабонарўзӣ карданд ва вазифаи асоси созишнома ҳифз ва тамомияти арзӣ ва баргардондани гурезаҳо ва барқарор кардани хисороти ҷанг буд.

Сипас, шоири шинохта Хайрандеш шеърҳои тозаэҷоди худро дар васфи ваҳдат қироат намуда, ҳунармандон Чиллахон Холов, Фахриддини Малик ва Шӯҳрат Сайнаков дар васфи ватану ватандорӣ сурудҳо хонда, табъи ҳозиронро шод гардонданд.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ намоиши китоби Ваҳдат доир карда шуд.

 Раҳима Аъзам

 шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ