Як ададбиёт дар таърихи башар. 31 – уми июл
Соли 1784 дар шаҳри Порис дар синни 70-солагӣ нависанда, файласуфи равшангаро ва намоишноманавис Дени Дидро аз олам гузашт. Вай асосгузори “Донишномаи илм, санъат ва ҳунар” буд. Ҳамроҳ бо файласуф Волтер, Жан Жак Руссо, Шарл Монтеске, Д’Аламбер ва дигар донишноманависони замонаш ғояҳои бунёдии Асри маърифатро, ки баъдан ба мағзи мутафаккири Инқилоби бузурги Фаронса табдил ёфт, асос гузошт.
Дидро 5 октябри соли 1713 чашм ба ҷаҳон гушуд. Падараш дар тиҷорат як марди фавқулода буд. Се нафар аз 5 тан бародарону хоҳарони вай: Дениз Дидро, Пйфер-Дидйе Дидро ва Анжелика Дидро ба синни балоғат расиданд. Артур Маккэндлес Уилсон шаҳодат додааст, ки Дидро аз хоҳараш Дениз ифтихор мекардааст ва аз он ки хеле донишманду закӣ буд, “Сократ”-и ҷинси латиф меномид.
Соли 1757 аввалин намоишномаи ӯ бо номи “Писари ғайриникоҳӣ” рӯи кор омад ва соле баъд аз анҷоми пйесаи дигараш бо номи “Падари хонадон” хабар дод. Дар ин ду намоишнома дар бораи муносибатҳои оилаву ва таълиму тарбия дар хонадон сухан меравад.
Дидро дар навиштани повестҳо ҳам муваффақ шуд. “Жак Фаталист”, “Ҷияни Рамо”, романи “Роҳибзан”, ки дар бораи ахлоқи бонувони хидматгузор дар калисоҳо нақл мекунад, аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1849 дар деҳаи Фехередхаз дар синни 26-солагӣ шоир, инқилобии либерал ва яке аз афроди таъсиргузор ва илҳомбахш дар инқилоби Маҷористон Шандор Петёфи ба ҳалокат расид. Ӯ ба унвони шоири миллии Маҷористон шинохта мешавад.
Аввалин маҷмуаи ашъораш бо номи “Шеърҳо” соли 1844 нашр шудааст. Ашъори нахустинаш нишон медиҳад, ки шоири ҷавон бо халқ ва дарди миллату мардум чӣ ҳад наздик буд ва аз мушкили онҳо бохабар ва дарду рӯзгорашонро медонист.
Вай аслан шоири реалист буд ва дар ҳамин равия бештар эҷод мекард, вале аз романтизм ҳам дур набуд.
Достони “Путки деҳа” ва афсонаи “Витяз Янош” ҳарчанд бар пояи нақлу ривояту афсонаҳо офарида шудааст, вале бозгӯкунандаи имрӯзи меҳанаш буд.
Соли 846 Шандор Петёфи ҳамроҳ бо дӯсти наздикаш шоири маҷор Янош Аран талош кард ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии кишварашро муттаҳид кунад, гурӯҳҳоро ба ҳам орад. Соли 1847 вай ташкилоти инқилобии “Маҷористони ҷавон”-ро сарварӣ кард. Ва бо ҳамин роҳи ӯ барои дигаргуниҳои инқилобӣ бо илҳом аз инқилоби Порис рушан мешавад ва дар кутоҳмуддат ба як чеҳраи муборизи халқҳои Маҷористон табдил меёбад.
Шоир ва қаҳрамони миллии халқи Маҷористон дар муҳорибаи назди Шегешвар рӯзи 31 июли соли 1849 ба ҳалокат расид. Аммо ин ҳам маълумоти чандон дақиқе нест. Бино ба навиштаи баъзе манбаъҳо вай дар асорат, дар Сибири Русия ҷон бохтааст.
Соли 1884 шоир ва тарҷумони рус хонум Елизавета Василевна Кологривова фавтидааст.
Соли 1944 дар Марсел дар синни 44-солагӣ нависанда-халабони фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери кушта шуд. Бино ба як маълумоте, ки то кунун тасдиқ ҳам нашудааст, ҳавопаймои ӯро гӯё ҷангандаи олмонӣ сарнагун кардааст.
Антуан де Сент-Экзюпери 20 июни соли 1900 дар Лион ба дунё омад. Сарнавишти ин адиби маъруф, ки асарҳояшро аз таҷрибаи парвозҳои мулкиву ҷангии худ навиштааст, ҷолибу ибратомӯз аст. Сент-Экзюпери дар ҳикояҳои худ ба мавзӯи парвозҳоро басо ҷолиб ба риштаи тасвир кашидааст ва мунаққидони осораш ба ин назранд, ки ҳатто лаҳзаҳои хатарноки парвозҳоро касе чун Экзюпери боварибахш ба қалам наёвардааст, чун ин рӯйдодҳоро шахсан зиёд дидаву хуб медонист, ки инсонро чӣ ҳолати рӯҳие фаро мегирад.
Соли 1931 барои романи «Парвози шабона» ба ҷоизаи Фемина, соли 1939 барои романи «Сайёраи одамон» ба ҷоизаи академияи Фаронса ва барои романи «Бод, рег ва ситораҳо» ба ҷоизаи миллии китобии ИМА сарфароз гардонида шудааст.
Як сол пеш аз марги Сент-Экзюпери повест-афсонаи тамсилии «Шоҳзодаи хурдакак» дар ИМА ба табъ расид, ки ин ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аксари саҳнаҳои тасвиршуда аз ҳаёти шахсии ӯ гирифта шудаанд ва маҳз ҳамин ҷанбаи тарҷумаиҳолӣ асарро бештар ҷолибу хонданӣ кардааст.
Соли 1963 романи тарҷумаиҳолии ӯ бо номи «Халабони ҳарбӣ» нашр шуд. Адиб дар ин роман аз даҳшати солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳикоят мекунад, ки худ яке аз ширкаткунандагони он буд. Ватани ӯ Фаронса муддате дар ишғоли фашистон мондаву мардумони он ҷабру зулми истисмору ишғолро беш аз дигар ҳамсоякишварҳо медонистанд. Аммо ҷолиб он аст, ки чопи ин роман муддате дар ватани ӯ мамнуъ шуд ва он дар Амрико нашр гардид.
Маълумоти бештарро дар бораи ин адиби маъруф ин ҷо бихонед:
Соли 1965 дар Глостершир нависанда, филмноманаввис, таҳиягари филмҳо Ҷоан Роулинг ба дунё омад. Вай муаллифи силсилакитобҳо ва филмҳо дар бораи Гарри Поттер мебошад.
Бар пояи ин китобҳо маҷмаъфилмҳо сохта шудааст, ки маҳбубияти зиёд касб кардаанд. Худи Роулинг ҳам аз ҷумлаи таҳиягарони қисматҳои охири ин силсилафилмҳо буд.
Зарфи панҷ сол роҳеро дар зиндагӣ тай кард, ки ӯро ба зинаи мултимиллионер расонд. Асарҳояш пурфурӯшу пурхаридортаринанд. Бино ба оморҳои ахиран расонаишуда то кунун ба маблағи бештар аз 238 миллион фунт стерлинг китобҳояш ба фурӯш рафтаанд. Соли 2008 Sunday Times Rich List сармои Роулингро 560 миллион фунт эълон кард ва дар миёни бонувони сарватманди Британияи Кабир дар ҷойи 12-ум қарор гирифт.
Соли 2007 маҷаллаи машҳури Forbes Роулингро дар миёни занҳои машҳур дар мақоми 48 қарор дод, Time бошад соли 2007 дар номинои “Одами сол” ӯро дар ҷойи дуюм нишонд.
Соли 2019 Ҷоан Роулинг дар феҳристи пурдаромадтарин нависандагони олам тибқи арзёбии маҷаллаи амрикоии Forbes дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ин маҷалла ҷойи аввалро ба адиби маъруф бо дар назардошти фурӯши рекордии билет ба намошномаи ӯ дар театри Бродвейи шаҳри Ню-Йорк ва фурӯши 2,8 миллион нусхаи китобҳои ӯ додааст. Дар ин айём даромади умумии адиб 92 миллион долларро ташкил дод.
Соли 2001 дар Оринд, иёлати Калифорния дар синни 74-солагӣ нависандаи амрикоии асарҳои тахайюлӣ Пол Уилям Андерсон (англ. Poul William Anderson) тарки олам кард.
Вай 25 ноябри соли 1926 дар оилаи муҳандис Антон Андерсон ба дунё омада буд. Волидонаш аз Скандинавия буданд ва баъди таваллуди ӯ ба иёлати Техас кӯч бастанд. Бади даҳ сол падараш аз дунё гузашт ва модараш бо тифлонаш ба Дания омад, вале ба муҷарради оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон онҳо дубора ба ИМА баргаштанд.
Андерсон дар Донишгоҳи Миннесот физика хонд ва аввалин ҳикояи тахайюлии вай дар маҷаллаи илмии Astounding Science Fiction замоне чоп шуд, ки донишҷӯ буд. Соли 1948 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард, вале физикаро канор гузошт ва ба кори нависандагӣ машғул шуд.
Соли 1953 бо нависандахонум Карен Крузи издивоҷ кард ва баъдан онҳо дар ҳаммуаллифӣ чанд асар навиштанд.
“Роҳи ситораҳо”, “Барфҳои Ганимед”, “Борони пуршиддат”, “Марий”, “Пирӯзии сард”, “Ҷанги одамони болдор”, “Одамони бод”, “Санг дар осмон”, “Мичман Фландри”, “Шаби ялдо”, “Бигзор кайҳонавардон эҳтиёт кунанд” аз ҷумли чанд асари ӯ мебошад.
Соли 2016 дар Переделкино дар синни 87-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ нависандаи эронитабори Абхазия Фозил Искандар аз ҷаҳон рафт. Вай 6 марти соли 1929 дар Сухумӣ ба дунё омада буд. Дар муассисаи адабии муътабаи ба номи Максим Горкии шаҳри Москав таҳсил ва кори ҳирфаии худро аз рӯзноманигорӣ оғоз кард. Бештари умри худро дар шаҳри Москав сипарӣ намуд.
Фозил Искандар аз падари форс ва модари абхоз таваллуд шудааст. Дар замони Шӯравӣ хидматҳои арзишманде барои шиносонидани аҳли Қафқоз анҷом додааст ва осорашро бештар ба забони русӣ менавишт ва боре дар бораи худ гуфта буд: “Ман бешак нависандаи рус ҳастам. Мутаассифона, бо забони абхозӣ чизе нанавиштаам. Ман фарҳанги русро интихоб кардам”.
Вай асарҳои зиёде офаридааст, ки машҳуртаринашон романи “Сандро аз Чегема” мебошад.
Ин асарҳо низ марбут ба ӯ мебошанд: “Вақте ман ёбандаи хушшинос будам”, “Инҷил ба ривояти Чегем”, “Хонае зери дарахтони сарв”, “Қаҳрамонии сездаҳуми Ҳеракл”, “Каждуми баҳрӣ”, “Меҳмони нохонда” ва ғайра.
Соли 2020 дар шаҳри Тошканд дар синни 71-солагӣ шоир ва нависандаи тахайюлнависи рус Владимир Германович Василев вафот кард.
Таҳияи Б.Шафеъ