Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16 – уми октябр
Соли 1774 дар Эдинбург дар синни 24-солагӣ дар як беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бар асари ҳодисаи нохӯш шоири шотландӣ Роберт Фергюссон аз олам гузашт. Вай 5 сентябри соли 1750 дар ҳамин шаҳр ба дунё омада буд.
Аксари шеърҳои ӯ, ки то замони мо омада расидаанд, асосан баъди соли 1774 дар моҳномаи Уолтер Руддиман нашр шудаанд. Бо вуҷуди он ки умри дароз надид, вале ба ашъори шоири шотландӣ Роберт Бёрнс таъсири хуб гузоштааст.
Соли 1854 дар Дублин нависанда, шоир ва намоишноманависи аҳли Ирландия Оскар Уайлд зода шуд. Ӯро аз маъруфтарин намоишноманвисони даврони баъдии Виктория меноманд, ҳамчунин аз намояндагони барҷастаи навгароии (модернизми) аврупоист.
Пешааш чашмпизишкӣ буд ва ҳатто як муддат ба мақоми чашмпизишкии махсуси Малика низ ноил шуд. Ҳамзамон аз атиқашиносони барҷастаи Ирландия низ ба шумор мерафт.
Шоири саршинос ва мутарҷими муваффақи осори Александр Дюмо ва Алфонс де Ломартин буд. Шоири саршор аз шӯри миллӣ буд, ки дар даҳаи 1840 аз ормони ирландӣ алайҳи англис ҳимоят мекард.
Оскар Уайл ба зебогии зоҳирӣ ва хушпӯшӣ зиёд эътибор медод. Ба ҳадде ки сӯрохи тугмаҳои пироҳан ва шалворашро бо гулҳои мехак, занбақ ва гули довудӣ меорост. Ба ин тартиб шуҳрати ӯ дар маҳофили фарҳангӣ ва ашрофии Лондан, ки аз аввалин шеърҳояш истиқболи гарм карданд, бисёр зиёд буд.
Ӯ басуръат ба яке аз назарияпардозонои “ҳунар барои ҳунар” ва “роҳбари зебоишиносон” табдил шуд, ҳатто барои баргузории конфронсҳое дар бораи зебоишиносӣ ба Иёлоти Муттаҳида даъват шуд.
Оскар феминист буд ва муддате миёни солҳои 1887 то 1889 маҷаллаеро, ки аз ормонҳои феминистӣ пуштибонӣ мекард, мунташир кард.
Аз осори ӯ метавон “Шоҳзодаи хушбахт ва дигар қиссаҳо”, “Булбул ва гули сурх”, “Дӯсти фидокор”, “Писари ситора”, “Ғули худхоҳ”, “Подшоҳи ҷавон”, “Гурбаи сафед”, намоишномаҳои “Зани беаҳамият”, “Шавҳари матлуб”, “Ҳерсогиня Падуанская”, “Аҳамияти ҷиддӣ будан” ва ғайраро метавон ном бурд.
Иртиботҳои ӯ бо лорд Алфред Дуглас писари Маркиз Киунсберри, ки 16 сол аз ӯ хурд буд ва иттиҳомоти ҷомеа ба ҳамҷинсгароӣ, мушкилоти робитаҳо бо Дуглас ва ғайра боиси додгоҳӣ шудани қазияи ин бахши зиндагонии шоир шуд.
Муддати ду сол зиндон ҳам шуд ва ҳамин маҳбусии дусола иродаву матонати ӯро шикаст, ба бемориҳо гирифтор шуд ва ҳатто пеш аз маргаш ҳам навишт, ки ӯ ба асри нав наметавонад бирасад, чун англисҳо ӯро таҳаммул нахоҳанд кард. Ва баъди раҳоӣ аз зиндон вориди Фаронса шуд ва боқии умрашро он ҷо гузаронд.
Зиндагӣ дар Фаронса зери фишорҳои рӯҳӣ, таҳдидҳои ҳамсараш, хонаводаи Дуглас ва ғайра ӯро бештар афсурда кард. Ба сурати уму солҳои охири зиндагонии шоир хеле печидаву пурмоҷароанд, ки лозим намедонем ҷузъиёташро ин ҷо орем.
Оскар Уайлд 46 сол умр дид ва 30 ноябри соли 1900 дар Порис аз олам гузашт.
Соли 1888 дар шаҳри Ню-Йорк намоишноманависи армикоӣ Юҷин О’Нил таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1936 буд.
Юҷин О’Нил дар ҳама сабкҳо ва гунаҳои адабӣ-намоишӣ худро озмуда ва бо муваффақият ва истиқболу таҳсини мунтақидон қарор гирифтааст.
“Нони рӯғанӣ”, “Бардагӣ”, “Баробарии шахсӣ”, “Тилло”, “Анна Кристи”, “Император Ҷонс”, “Аввалодам”, “Бӯзинаи пашмӣ”, “Фаввора”, “Миллионҳои Марко”, “Крис Кристоферсен”, “Болҳо ба ҳама фарзандони одам дода шудаанд” аз ҷумлаи намоишномаҳои машҳури ӯ мебошанд.
Юҷин О’Нил 27 ноябри соли 1953 дар синни 65-солагӣ аз олам гузашт.
Соли 1915 дар Прага (Ҷумҳурии Чех) ховаршиноси маъруф, тоҷикшиноси варзида, доктори илмҳои адлия Иржи Бечка ба дунё омад.
Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия шудааст.
Ҳамчун шогирди сазовори ховаршиноси машҳур Ян Рипка дар таҳқиқу тарғибу омӯзиши адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Доир ба ҷанбаҳои гуногуни осори С.Айнӣ, М.Турсунзода, Пайрав, М.Раҳимӣ, Ҷ.Икромӣ ва дигарон асарҳои пурарзиш офаридааст.
Шеъру ҳикоя ва қиссаҳои бисёр адибони тоҷикро ба чехӣ тарҷума кардааст.
«Фарҳанги форсӣ ба чехӣ ва чехӣ ба форсӣ»-и мураттабнамудаи ӯ соли 2004 дар Теҳрон интишор ёфтааст.
Соли 1985 70-солагии зодрӯзи ӯ бо ширкати худаш дар Душанбе мутантан ҷашн гирифта шуд.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ.
Узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Муфассалтар дар бораи ӯ ин ҷост:
ИРЖИ БЕЧКА – БУЗУРГТАРИН ХОВАРШИНОС ВА ТОҶИКШИНОСИ ОЛАМ
Соли 1927 нависандаи оламонӣ Гюнтер Гросс таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1999 буд.
Нахустин романи ӯ «Нақораи тунукагин» (1959) муваффақияти калон ба даст овард. Қаҳрамони роман Оскар бо нисбат ба ҷаҳони атроф як нафрати беандоза дошт ва дар он зиндагӣ кардан намехост. Дар синни сесолагӣ ӯ «бо нишони эътироз» аз афзоиш мемонад. Танҳо як нақорача Оскарро бо ҳаёт дилгарм карда, имкон медиҳад, ки ў ба маънои ҳаёт сарфаҳм равад.
Асарҳои Гросс «Гурба ва муш» (1961) ва «Солҳои сагона» (1965) хатти «Нақораи тунукагин»-ро идома доданд.
Сипас нависанда китобҳои «Зери наркози ҷузъӣ» (1969), «Аз рӯзномаи тўқумшуллук» (1972), «Камбала» (1977), достони таърихии «Вохурӣ дар Телит» (1979), «Тахайюлот» (1982), «Каламуш» (1985), тафсири кунунии асри XX «Асри ман» (1999) нашр кард. Нависанда миқдори зиёди очерку мақолаҳо, шеъру асарҳои драмавӣ эҷод кардааст.
Гросс дар асари худ ба мавзӯҳое дахл кардааст, ки бисёриҳо дар ин бора эҷод накардаанд. Масалан, дар романи «Масири харчанг» (2002) Гросс дар бораи сарнавишти олмониҳои Русия ва Аврупои Шарқӣ, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз Артиши Сурх гурехта буданд, нақл мекунад. Ба қавли нависанда фоҷиаҳои ҷангро набояд фаромўш кард. Гросс дар романи «Вилгелм Густлов» дар бораи тақдири киштии калони уқёнусгард, ки моҳи январи соли 1945 дар он гурезаҳо ва афсарони маҷрўҳ аз Дантсиг (зодгоҳи нависанда) – ҷамъ 9 ҳазор нафар буданд, навиштааст, ки онро оқибат киштии зериобии шўравӣ ғарқ мекунад.
Гюнтер Гросс 13 апрели соли 2015 аз бемории шуш дар синни 87-солагӣ тарки олам кард.
Соли 1986 бар асари захми корд нависанда, тарҷумон, намоишноманавис, филмноманавис, мурабии варзидаи насрнависони ҷавон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев аз олам даргузашт. Адиби маъруфро гуруҳи авбошон дар маҳалли Қарияи Болои пойтахт, дар наздикиҳои манзилаш корд заданд. Бо ин ҷароҳат бистарӣ шуд ва захмҳо тадриҷан адиби маъруфро ба ҳалокат расонданд.
Фазлиддин Муҳаммадиев муаллифи повесту романҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (соли 1960), «Одамони кўҳна» (соли 1963), «Бибизайнаб» (соли 1964), «Дар он дунё» (соли 1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (соли 1974), «Шоҳии япон» (соли 1982), «Варта» (соли 1983) ва маҷмўаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (соли 1969) ва ғайра мебошад.
Дар бораи Фазлиддин Муҳаммадиев матолиби бештар:
- ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ ДАР ХОТИРАҲОИ АБДУЛҲАМИД САМАД. БАХШИ АВВАЛ
- ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ ДАР ХОТИРАҲОИ АБДУЛҲАМИД САМАД. БАХШИ ОХИР
- 95 СОЛИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ФАЗЛИДДИН МУҲАММАДИЕВ
- 39 сол пеш Фазлиддин Муҳаммадиев ба Сайидалӣ Маъмур чӣ навишт?
- КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ФАЗЛИДДИН МУАММАДИЕВ
Соли 2020 дар синни 67-солагӣ наисанда ва мунаққиди адабии рус Алексей Михеев вафот кард. Вай 11 феврали соли 1953 дар шаҳри Москав зода шуда буд.
Михеев солҳои 2005-2008 сардабири маҷаллаи машҳури “Иностранная литература” ва узви Академияи адабӣ (довари ҷоизаи “Китоби бузург” (Большая книга) буд.
Соли 2020 шоир, нависанда, рӯзноманигори тоҷик Алӣ Бобоҷон аз олам гузашт. Вай 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба дунё омад. Аз соли 1959, баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» сар карда, баъдан дар нашрияҳои гуногун ифои вазифа намудааст.
Муддате корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҷумҳурӣ будааст.
Муаллифи 30 китоби гуногунжанру мухталифмаъно, мақолаю очерк, мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастҷамъона мебошад.
Барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон китобҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Парвози орзу» (1971), «Некӣ ба некӣ» (1975), «Осмондара» (1981), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Алифбои парандаҳо» (2013) ва ғ.-ро ба қалам овардааст.
Шеърҳои ӯ барои калонсолон дар маҷмӯаҳои «Гули бодом» (1966), «Мавҷи сурур» (1973), «Нилуфар» (1980), «Намаки зиндагӣ» (1986) ва ғайра интишор ёфтаанд.
Маълумоти муфассалтар дар бораи шоири маъруф ин ҷост: АЛӢ БОБОҶОН
Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ