Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 20 – уми июн

Як-рузи-таърих-20-06-2024Соли 1932 дар деҳаи  Косиха шоир, тарҷумон ва суруднависи машҳури Шӯравӣ Роберт Иванович Рождественский ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷоизаи Комсомоли ленинӣ, доранди ордени Ленин ва аз соли 1976 котиби Иттифоқи нависандагони Шӯравӣ буд.

Вай номи худро аз номи инқилобчии машҳур ва ходими давлативу ҷамъиятӣ Роберт Эйхе гирифтааст. Падараш Станислав Никодимович Петкевич лаҳистонӣ буд, ки аз соли 1929 то 1938 дар НКВД кор мекард. Соли 1941 ба сафи артиш даъват шуд, дар ҷангҳо ширкат кард ва 22 феврали соли 1945 дар ҷангҳо барои озодсозии Латвия кушта шуд. Вақте Роберт ҳамагӣ панҷсола буд, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд.

Аз соли 1934 Роберт бо модараш дар хонаи модаркалонаш мезист. Соли 1941 модарашро ҳам ба хидмати артиш даъват карданд ва ӯ бо модаркалонаш монд.

Аввалин шеъри Роберт бо номи “Камон дар даст падарам меравад ба ҷанг” 8 июли соли 1941 дар “Омская правда” чоп мешавад. Соли 1943 дар мактаби ҳарбӣ-мусиқӣ таҳсил мекунад.

Моҳи апрели соли 1943 модаркалонаш вафот мекунад ва модараш ба муҳлати хеле кутоҳ ба рухсатӣ меояд, то манзили худро ба номи хоҳараш номнавис кунад. Роберт то соли 1944 ҳамроҳ бо холааш ва писархолааш зиндагӣ мекунад. Вале модар бармегардад ва писари худро бо худ мебарад, мехоҳад чун “писари полк” ҳамеша канори модараш бошад. Аммо дар роҳ аз фикраш бармегардад ва Робертро дар ятимхонаи Данилов месупорад.

Роберт Иванович РождественскийСоли 1945 модараш Вера Павловна бо ҳамсилоҳи худ афсар Иван Иванович Рождественский издивоҷ мекунад ва Роберт аз ин ба баъд насаби падарандари худро мегирад ва мешавад Роберт Рождественкий.

Соли 1955 китоби ӯ бо номи “Парчамҳои баҳор” дар Карелия чоп мешавад. Соле баъд китобҳои дигари ӯ бо номҳои “Ишқи ман”, “Санҷиш” нашр мешавад. Аввалин таронаи худро соли 1955 вақте дар Олтой бо донишҷӯи консерватория Александр Флярский шинос мешавад, менависад.

7 марти соли 1963 дар мулоқот бо Хрушев иштирок мекунад ва барои як шеъраш аз сарвари танқид мешунавад. Баъди ин муддате аз назарҳо дур мешавад, на китобаш чоп мешуд ва на шеъру таронаҳояшро мехонданд. Ва бори дигар чун шеъри “Субҳ”-и ӯ ба котиби КМ КПСС Капитонов писанд намеояд, тасмим мегирад Москавро тарк кунад ва ба Қирғизистон равад.

Аз соли 1966 бахт барӯяш механдад ва ашъораш пайваста чоп ва сазовори ҷоизаҳо мешавад.

19 августи соли 1994 дар шаҳри Москав дар синни 62-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб аз дунё гузашт.

Шеърҳои ин шоири маъруф ба забони тоҷикӣ низ зиёд тарҷумаву чоп шудаанд.

Нодир ШанбезодаСоли 1908 дар деҳаи Роштқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ шоир, тарҷумон ва муҳаққиқи тоҷик Нодир Шанбезода ба дунё омад.  Соли 1932 Донишгоҳи коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Солҳои 1933-1940 вазифаҳои мухталифи ҳизбиро адо кардааст. Аз ҷумла, мудири шуъбаи табъу нашри КМ ПК Тоҷикистон будааст. Бино ба пажӯҳишҳои ахир, ки шоири маъруфти тоҷик Ато Мирхоҷа ва Абдулназар Абдулназаров анҷом додаанд, Нодир Шанбезода муддате Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳам будааст.

Аз соли 1940 ба рӯзноманигорӣ пардохта муҳаррири маҷаллаҳои «Коркуни ҳизбӣ», «Бо роҳи Ленин», рӯзномаи «Бадахшони Сурх» будааст. Чанде муҳаррири нашриёти «Ирфон» буда, баъдан дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик кор кардааст.

Аввалин шеърҳояш аз солҳои 30-юм ба табъ расидаанд. Нахустин мунтахаби ашъораш «Ғунчаҳои Бадахшон» соли 1936 зери таҳрири Устод Айнӣ аз чоп баромада, соли 1937 маҷмӯаи дигараш «Гулғунча» ба табъ расидааст. Сипас китобҳояш «Аз Боми Ҷаҳон» (1961), «Силсилаи Бадахшон» (1964), «Таронаи нур» (1966), «Навои Бадахшон» (1968), «Химча ва Набот» (1969), «Армуғони дил» (1976), «Мунтахабот» (1979), «Тарози дил» (1984), «Навои кӯҳсорон» (1985) ва ғайра мунташир гардидаанд.

Нодир Шанбезода – чаҳорумин Раиси Иттифоқи нависандагон

Китоби шеърҳои Р. Ризо (1969), достони Ш. Руставели «Палангинапӯш» (1966), асарҳои дигар адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст.

Дар таҳия ва нашри осори Фирдавсӣ, Ҳофиз, Сайидо, дар таҳрири «Ҳазору як шаб» иштирок доштааст.

Бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1980 аз олам даргузашт.

Соли 1934 дар шаҳри Москав шоир, таронасаро, ҳунарманди синамо, нависанда ва журналист Юрий Визбор ба дунё омад. Ӯро яке аз асосгузорони жанри суруди муаллифӣ меноманд. Вай муаллифи беш аз 300 суруд аст.

Бруно ФранкСоли 1945 дар Беверли-Хиллз дар синни 58-солагӣ шоир, нависанда ва намоишноманависи олмонӣ Бруно Франк аз олам гузашт. Вай дар оилаи бонкдор дида ба олам кушода буд. Дар донишгоҳҳои Страсбург, Гейделберг, Тюбинген ва Мюнхен ҳуқуқ ва фалсафа омӯхт. Дар Донишгоҳи Тюбинген соҳиби унвони доктори илмҳои фалсафа шуд.

Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон чун сарбоз дар сафи артиш хидмат кард. Аз дӯстони наздики Леон Фейхтвангер ва Клаус Манн буд.

Баъди ба қудрат расидани натсистон ва рӯзе баъд аз сӯхтори Рейхстаг, 28 феврали соли 1933 Бруно Франк ва ҳамсараш Лисл аз он ки яҳудинасаб буданд, аз Олмон фирор краданд. Онҳо аввал ба Австрия рафтанд ва баъдан ба Швейтсария, Англия ва Фаронса муҳоҷират карданд. Дар муҳоҷират вай дуюмин ва калонтарин романи таърихии худ – “Сервантес”-ро менависад. Соли 1937 романи “Шиносномаи хариҷӣ”-и худро чоп кард, ки дар он зиндагӣ дар Олмони натсистӣ тасвир шудааст. Франк аз талошҳои Клаус Манн дар мавриди бунёди як ҷунбиши неруманди зиддифашистӣ дар миёни муҳоҷирони олмонӣ пуштибонӣ мекард.

Альфред Петрович ХейдокСоли 1990 дар синни 97-солагӣ нависанда, тарҷумон, муаллифи асарҳои тахайюлӣ Алфред Хейдок аз олам гузашт. Вай 19 октябри соли 1892 дар қаламрави имрӯзаи Латвия ба дунё омада буд. Дар синни 16-солагӣ бо даъвати тағояш ба губернияи Твер рафт ва то оғози Ҷанги якуми ҷаҳон дар корхонаи ҷангалбурӣ  кор кард.

Соли 1914 ба сафи артиш даъват шуд ва дар ташкилоти ҳарбӣ-беҳдоштии князхонуми бузург Мария Павловна ва вазифаҳои дигар хидмат кард. Соли 1917 олмониҳо ӯро ба асорат гирифтанд ва соле баъд озод шуд.

Баъди озодӣ Хейдок ба Русия баргашт ва чун Инқилоби болшевикӣ пирӯз шуда буд, ба сафи сафедҳо пайваст ва зидди коммунистон ҷангид. Вале баъдан чун Артиши сурх ҳоли муқовиматгаронро танг кард, ба Чин фирор намуд.

Дар Чин ба касбу кори зиёде машғул шуд, то даме, ки касби хабарнигорӣ ва нависандагиро пеша намуд. Соли 1940 бо ҳамсар ва ду фарзандаш аз Харбин ба Шонҳой рафт.

Соли 1934 дидори сарнавиштсози Хейдок бо наққош, файласуф, нависанда, сайёҳ, ковишгари рус Николай Рерих баргузор шуд. Ин дидор ба осори минбаъдаи адиб таъсири амиқ расонд.

Соли 1947 Хейдок бо аҳли хонаводааш шиносномаи Шӯравӣ гирифт ва ихтиёрӣ ба ватан баргашт. Азбаски Рерих бо аҳли оилааш дар Ҳинд мезист ва мукотиба хонаводагии Хейдок бо хонадони ӯ идома дошт, 1950 писари хурдии ӯ Валентинро боздошт намуданд. Ин ҳодисаро модари нимбемор таҳаммул накард ва ҷон бохт. Баъдан худи Хейдокро ҳам боздошт намуданд ва аз урудугоҳе ба урдугоҳи дигар мефиристоданд. Ӯ навишт: “Вақте дар зиндон будам, фикр мекардам, ки Ленин хеле инсони хушбахттар аз ман буд, ки дар ҳабсхона  бузургтарин асарҳои худро навишт. Вале пайравони ӯ дар зиндон ба ман танҳо як маротиба қалам ва пораи варақ доданд, то арзамро нависам. Дигар ақалан боре рӯи қаламу коғазро надидам. Ҳатто тасмаи миёнамро аз ман гирифтанд, лозим меомад шалворамро бо дастонам бидорам ва қадам занам”.

Соли 1956 баъди озодӣ ба Қазоқистон, назди писараш рафт.

Моҳи июли соли 1981 дар кишвари Олтой зиндагӣ ихтиёр кард ва батабриҷ аз заъфи пирӣ нури чашмонашро ҳам аз даст дод ва билохира 20 июни соли 1990 тарки олам кард.

Таҳияи Б.Шафеъ