Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23-юми ноябр

Соли 1527  файласуф, муаррих, нависанда ва адабиётшиноси чинӣ Ли Чжи таваллуд шудааст.

Соли 1534 Беатрис Галиндо табиб, омӯзгор ва нависандаи испанӣ, омӯзгори малика Изабеллаи якум ва фарзандонаш дар Мадрид дар синни 69-солагӣ, даргузашт. Изабелаи якум шаҳбону Кастилия ва Леон, ҳамсари Фердинанди дувум буд. Беатрис саводноктарин бонуи замони худ буд ва бо номи «La Latina»  машҳур аст. Ӯ соли 1506 дар Мадрид беморхонае бо номи Ла Латина таъсис дод, ки то имрӯз вуҷуд дорад ва маъруф мебошад.

Джон МильтонСоли 1644 рисолаи баҳсбарангези Ҷон Милтон «Ареопагитика: Сухан дар бораи озодии матбуот аз сонсор ба парлумони Англия”, ки бар зидди сензура нигаронида шудааст, нашр шуд. Ҷон Милтон шоир, нависанда, сиёсатмадор ва мутафаккири англис буд. Дар достонҳои ӯ «Биҳишти гумшуда» (1667) ва «Биҳишти баргашта» (1674), ки ба мавзӯи Таврот бахшида шудаанд, муборизаи қаҳрамононаи халқ бар зидди истибдод инъикос ёфтааст. Милтон муаллифи «Таърихи Британия» (1670), «Таърихи мухтасари Москва» (1682) аст.

Соли 1848 нависандаи олмонӣ Герман Еллинек дар синни 25-солагӣ дар Вена кушта шуд. Вай бародари Адолф (мубаллиғ ва олими яҳудӣ) ва Моритс Еленек  (соҳибкори маҷористонӣ) буд. Соли 1848 ба Вена омад ва ба кори рӯзноманигорӣ машғул шуд. Ҳамон сол баъди он, ки инқилоб октябрӣ пахш карда шуд, боздошт ва барои мақолаҳои инқилобӣ ва дидгоҳҳои пешрафтааш ба қатл маҳкум гардид.

Александр ГринСоли 1922  насрнавис ва шоири рус, Александр Грин навиштани асари илмӣ-таҳайюлии «Бодбонҳои сурх”-ро дар Санкт-Петербург ба анҷом расонид. Грин нависандаи маъруфе буд, ки бо асарҳояш “Ҷаҳони нуронӣ”, “Занҷири тиллоӣ”, “Хиромидан бар амвоҷ”, “Роҳе ба ҳеч куҷо” машҳур аст.

LifeСоли 1936  шумораи аввалини маҷаллаи амрикоии LifeЛайф») аз чоп баромад. Лайф” як ҳафтаномаи амрикоӣ аст, ки тавассути Ҳенри Люс бунёдгузори муассисаи Time мунташир шуд ва шеваи навини хабаргузориро ба дунё муаррифӣ кард. Баёни гузоришҳо ва хабарҳо бо кумаки тасвир навъе аз хабарнигорӣ буд, ки  то он замон вуҷуд надошт. Ин маҷалла ба сурати ҳафтанома то соли 1972 мунташир ва дар ин сол ногаҳонӣ аз чоп бозмонд. 6 сол баъд ба сурати моҳнома дубора чоп шуд ва соли 2000 бори дигар чопаш мутаваққиф шуд. Соли 2004 дар шакли ҳафтанома чопаш аз сар гирифта шуд ва то аввали соли 2007 идома дошт. Ва аз он замон то кунун шумораи ҷадиде аз он мунташир нашудааст ва танҳо дастрасӣ ба он аз тариқи Интернет мумкин аст.

Соли 1938 дар деҳаи Николо-Александровскийи ноҳияи Азгири музофоти Ставрополи Федератсияи Русия Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ба дунё омад. Ӯ муаллифи асарҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Вместо извинения» (1967), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) ва  филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) мебошад.

Соли 1951 аввалин романи илмӣ-таҳайюлии Станислав Лем, «Кайҳонавардон» дар Краков нашр шуд.

Соли 1957 романи Борис Пастернак “Доктор Живаго” дар Италия чоп шуд. Пастернак аз шоирон ва нависандагони рус буд, ки муваффақ ба дарёфти  ҷоизаи Нобел дар адабиёт шуд. Шуҳрати вай дар берун аз хоки Русия барои романи “Доктор Живого” аст. Вале дар дохили Русия ӯро ба унвони як шоири хуб бештар мешиносанд.

Таҳияи Мадина Ҳамидова