Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 28 – уми июл
Соли 1458 дар Неапол шоир ва нависандаи итолиёвӣ Якопо–Саннадзаро ба олам омадааст. Якопо Санназаро (итал.Jacopo Sannazaro) бо лаҳҷаҳои лотинӣ, тусканӣ ва неаполитанӣ навиштааст.
Ӯ бештар ҳамчун муаллифи романи “Аркадия“ ва достони “Зодрўзи бокира” маъруф аст. Романи «Аркадия»-ро муаллиф дар солҳои 1480 оғоз карда, тақрибан соли 1489 ба итмом расонд. Ин роман соли 1504 дар Венетсия ва баъди таҳрири пурра дар соли 1524 аз нав нашр шуд. Дар соли 1526 Саннадзаро достони эпикии лотинии «Зодрўзи бокира» (De partu Virginis)-ро нашр кард, вале бо вуҷуди хурд будани ҳаҷми достон (қариб 1500 байт), Саннадзаро дар болои он беш аз 20 сол кор кардааст. Имрӯз, «Зодрўзи бокира» ҳамчун намунаи лирикаи маънавӣ ва динии замони Эҳё ва дар маҷмуъ осори барҷастаи шеъри лотинӣ пазируфта шудааст.
Соли 1655 нависанда, намоишноманавис ва файласуфи фаронсавӣ, яке аз пешвоёни жанри илмӣ-тахайюлӣ Савинен Сирано де Бержерак дар синни 36-солагӣ даргузашт.
Эркюл Савиннен Сирано де Бержерак 6 марти соли 1619 дар Порис дар оилаи ашрофзодаи камбағал таваллуд шудааст. Дар Коллеҷи иезуитии Бове таҳсил кардааст. Соли 1639 ўро ба горди подшоҳӣ даъват карданд. Дар вақти муҳосираи Музон захмӣ шуд ва соли 1640 ҳангоми муҳосираи Аррас захми дигаре гирифт, ки дар натиҷа аз ин захм баъди 15 сол вафот кард.
Дар соли 1649 ҳаҷвияҳояш дар бораи кардинал Мазарин нашр шуданд, ки муаллифро шўҳратманд карданд.
Соли 1650 Сирано де Бержерак «Давлатҳо ва империяҳои Моҳ» ва «Давлатҳо ва империяҳои Офтоб»-ро, ки солҳои 1657 ва 1662 баъд аз марг нашр шудааст, эҷод кардааст, ки дар он сафар ба Моҳ ва Офтоб, зиндагӣ ва анъанаҳои аҳли сайёраҳои дигарро тасвир намудааст. Ба шарофати ин асарҳо муаллиф пешвои жанри илмӣ-тахайюлии адабиёти Фаронса ба шумор меравад.
Соли 1653 ӯ фоҷиаи «Марги Агриппина»-ро эҷод мекунад, ки ўро барои инкор кардани илоҳият ва ҳастӣ маҳкум карда буданд. Соли 1654 ў ҳаҷвияи «Расмиятпарасти мутанаббеҳ»-ро, ки аз ҷониби мунаққидон баҳои манфӣ гирифтааст ва «Мактубҳои ҳаҷвӣ»-ро, ки одамони воқеии он замонро тасвир мекунад, навиштааст.
Шахсияти Сирано де Бержерак дар асарҳои «Капитан Шайтон ё саргузаштҳои Сирано де Бержерак»-и Луис Галле, «Ҷазираи наздик»-и Умберто Эко, «Ҷаҳони дарё»-и Филлип Фермер, «Роҳи шӯҳрат»-и Роберт Ҳейнлейн инъикос ёфтааст.
Соли 1804 дар Ландшут файласуфи олмонӣ Людвиг Фейербах таваллуд шудааст.
Вай соли 1833 ҷилди якуми китоби «Таърихи фалсафаи муосир»-ро нашр кард. Фейербах фалсафаи худро фалсафаи оянда меномид, зеро ў тафаккури инсонро субъекти ҳақиқӣ мешуморад, чунки ба ақидаи ў инсон маҳсули табиат аст. Бинобар ин вай яке аз асарҳои худро «Муқаррароти асосии фалсафаи оянда» унвон кардааст. Асарҳои дигари машҳури ў «Дар бораи танқиди фалсафаи Гегел», «Моҳияти насроният», «Мулоҳизаҳои пешакии ислоҳоти фалсафа» мебошанд.
Соли 1886 Фридрих Энгелс пас аз вафоти Карл Маркс асаре навишт бо номи “Людвиг Фейербах ва поёни фалсафаи классикии олмонӣ”, ки соли 1888 дар рӯзномаи «Die Neue Zeit» чоп шуд.
Соли 1812 нависанда, мақоланавис ва муаррихи лаҳистонӣ Юзеф Игнатсий Красжевский ба дунё омадааст.
Нависанда Юзеф Игнатсий бо сермаҳсулии фавқулода фарқ мекунад – мероси адабии ў қариб 600 ҷилди роману повестҳо, асарҳои назмию драмавӣ, инчунин асарҳои таърихӣ, этнография, фолклор, сафарномаҳо, мақолаҳои публитсистӣ, адабӣ-танқидиро дар бар мегиранд.
Соли 1822 шоир ва мунаққиди рус Аполлон Григорев чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Соли 1844 дар Стратфорд шоири англис ва коҳини католикӣ Жерард Ҳопкинс таваллуд шудааст.
Дар давоми ҳаёти Ҳопкинс, ки барои нашри эҷодиёти худ беаҳамият буд. Танҳо чанд шеъраш рўйи чопро диду халос. Дар соли 1918 осори ўро Р. Бридҷс, ки он замон шоири номдор буд, нашр кард, ки дар натиҷа Ҳопкинс яке аз бузургтарин шоирони забони англисӣ эътироф карда шуд.
Соли 1887 нависанда Пётр Василевич Орешин ба дунё омадааст.
Пётр ба мутолиаи асарҳои классикони рус майл дошт; аз соли 1911 дар рўзномаҳои Саратов шеърҳои худро чоп мекард.
Соли 1918 аввалин маҷмуаи ашъори ў «Шафақ» (ба он С. Есенин баҳои баланд дода буд) аз чоп баромад. Баъди чанде китоби дуюмаш зери унвони «Руси сурх» бо асарҳои наваш пешкаши хонандагон гардид. Дар солҳои 1919-1921, ки дар Саратов зиндагӣ мекард, мунтазам китобҳои назму насраш «Дулейка», (1919), «Мо» (1921), «Гуруснагӣ» (1921), «Маъбади арғувонӣ» (1922), «Рангинкамон», «Офтоби ҷавин» (1923) ва ғайраҳо нашр шуданд.
Соли 1900 дар Подулша дар наздикии Йичин, нависанда, шоир ва адабиётшиноси чех Йозеф Кнап ба олам омадааст.
Kнап то соли 1919 дар гимназияи классикӣ таҳсил кардааст. Соли 1924 дар Прага Коллеҷи фалсафии Донишгоҳи Чарлз бо ихтисоси адабиёти муосир хатм кардааст. Давоми Ҷангҳои Якум ва Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ ба саросари Аврупо аз он ҷумла ба кишварҳои Олмон, Шветсия, Норвегия, Италия ва Фаронса сафар мекунад.
Дар асарҳои Кнап унсурҳои ҳақиқатнигорӣ ва импрессионистӣ муттаҳид шудаанд. Ў аз муаллифони Аврупои шимолӣ ва эҷодиёти баъзе нависандагони чех, бахусус Антал Стасек, Карел Ватслав Раис ва импрессионист Франи Срамек илҳом гирифтааст. Асарҳои ў аслан ба мавзуъҳои деҳот бахшида шудаанд.
Соли 1902 дар Иллинойс шоири амрикоӣ, насрнавис Кеннет Флекснер Феринг таваллуд шудааст.
Падараш ҳуқуқшиноси муваффақи Чикаго буд. Ӯро асосан холааш ба воя мерасонад, зеро дар синни яксолагӣ волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд. Кеннет муҳаррири рӯзномаи донишҷӯён буд. Феринг пас аз таҳсил дар донишгоҳ, ба Ню Йорк кӯчид ва дар он ҷо фаъолияти адабии худро оғоз кард.
Аввалин китоби ашъори ӯ «Фариштаи силоҳ» соли 1929 аз чоп баромад. Дар тӯли чанд соли оянда, Фиринг боз ду маҷмӯаи шеъриро нашр кард, ки барои яке аз онҳо аз ҷониби Бунёди Гуггенхайм соҳиби мукофот гардид. Соли 1939, дар асоси ҳикояҳои зани аввалинаш Кеннет Фиринг, ки ҳамшираи шафқат буд, аввалин романи худ “Беморхона“-ро менависад. Муваффақияти роман ва ҳаққи қалам аз нашри китоб ӯро водор кард, ки аз шеър ба наср гузарад. Дар давоми солҳои 1940, Феринг якчанд роман навишт ва машҳуртарини онҳо «Соати калон» (1946) мебошад, ки соли 1948 аз рўйи он филм ба навор гирифта шудааст. Кеннет Фиринг дар тӯли солҳои 1950 кори адабии худро идома дода, наср ва назмро муттаҳид кард.
Нависанда борҳо оиладор шуда, ҷудо шудааст. Кеннет Фиринг 26 июни соли 1961 дар беморхона аз меланомаи ашаддӣ вафот кард.
Қариб ҳамаи романҳои Кеннет Фиринг ба як достони детективӣ асос ёфтаанд, ки дар назари аввал мураккаб ва печида ба назар мерасад. Романҳои Фирингро мутолиа намуда, кас беихтиёр эҳсос мекунад, ки ҳикояҳо дар бораи охирин нафари пас аз офати сунъӣ зинда монда мебошад. Романҳои Кеннет эҳсоси аз даст додани бовариро ба чизе хеле равшан тасвир мекунанд.
Аз рўйи романҳои Кеннет Феринг борҳо филм ба навор гирифта шудааст. Яке аз маъруфтарин филмҳои синамо “Соати калон” (1948) бар асоси достони ӯ таҳия шуда буд ва дар соли 1987 бар асоси романи ӯ филми «Роҳ нест» бо иштироки Кевин Костнер ва Ҷин Ҳакман ба навор гирифта шуд.
Ашъори Кеннет Фиринг ба дараҷае маъмул буд, ки осори ӯ дар ИҶШС дар солҳои 40-ум тарҷума ва нашр мешуданд. Имрўз ин тарҷумаҳоро метавон дар антологияи Китобхонаи адабиёти ИМА пайдо кард, вале дар маҷмуъ мероси ў фаромўш шудааст, дар Русия ба таври мўъҷиза романи «Соати калон» тарҷума ва (1992) ба табъ расидааст.
Соли 1909 дар Фрайбург ношири олмонӣ Энне Бурда, асосгузори маҷаллаи «Burda moden», ба дунё омадааст.
Маҷаллаи «Burda Moden» (ҳоло «Burda Fashion» ном дорад) соли 1950 ба нашр шурӯъ кард. Бурда мехост маҷаллае таҳия кунад, ки бо маслиҳати он соҳибхоназанҳо худашон либосҳои зебо дўзанд. Ў ба ин муваффақ ҳам шуд, аллакай дар соли 1961 «Burda Moden» бузургтарин маҷаллаи мӯд дар ҷаҳон бо теъдоди 1,2 миллион нусха нашр мешуд.
Соли 1987 маҷаллаи «Бурда Моден» аввалин маҷаллаи русзабони ғарбӣ гардид, ки дар ИҶШС фурӯхта мешавад.
Анн Бурда 3 ноябри соли 2005 даргузашт. Имрӯз, маҷаллаи «Fashion Burda» ба зиёда аз 20 забон нашр шуда, қариб дар сад кишвари олам фурӯхта мешавад.
Соли 1909 нависанда Алла Сергеевна Головина чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Фаъолияти эҷодии худро ҳангоми таҳсил дар гимназия оғоз кардааст.
Маҷмуаи ашъори «Чархуфалаки қу» (1935) аз ҷониби мунаққидон баҳои баланд гирифт. Маҷмуа бар тазодҳо: хоб ва воқеият, табиат ва шаҳр, ирфонӣ ва воқеӣ тасвир шудааст. Инчунин дар бораи зиндагии муҳоҷир ҳикояҳои «Фарзандони бегона», «Ҷузъиёт» ва ғайраро эҷод кардааст. Маҷмуаҳои «Фариштаи шаҳр» (1989), «Парандаҳои шаб» (1990) “Кўшки орзу», «Шеърҳо», «Ҳикояҳо» (1992) пас аз маргаш нашр шуданд.
Соли 1909 нависандаи Англия-Канада Кларенс Малколм Боден Лоури таваллуд шудааст.
Нависанда дар Мерсисайд дар оилаи табақаи миёна ба воя расидааст. Пеш аз дохил шудан ба Донишгоҳи Кембриҷ, ӯ ҳамчун як маллоҳи одӣ дар Чин шино мекард. Дар Донишгоҳ (1929-1932) дар асоси таассуроти шиноварӣ аввалин романаш «Ултрамарин»-ро (1933) эҷод кард. Баъдан ӯ ба Мексика рафт ва дар он ҷо бо сабаби майзадагӣ борҳо зиндонӣ шуд. Дар соли 1939 Лоурӣ дар Колумбияи Бритиш паноҳ бурд ва дар он ҷо саломатиашро барқарор карда, ба навиштани романи «Дар доманаи вулқон» шуруъ кард. Онро соли 1944 ба итмом расонда дар соли 1947 нашр кард, ки қаблан нашри онро 12 ношир рад карда буданд. Лори як силсилаи бузурги романҳоро бо номи “Сафари беохир” таҳия кард, ки дар он шоҳасар “Дар доманаи вулқон” бояд мақмои марказиро ишғол кунад.
Романи «Дар доманаи вулқон» нобиға будани Лауриро исбот мекунад, ин аз ҷумла, дар шеърҳо, маҷмӯаҳои насри кӯтоҳ ва романи «Фарҷоми тирамоҳӣ ба Габриола» (1970), ки баъди марги эҷодкор рўйи чоп омаданд, ба назар мерасад.
Соли 2006 дар Лондон, нависандаи жанри асарҳои тахайюлии бритониёӣ, Дэвид Геммел аз бемории ишемиявӣ дар синни 57-солагӣ вафот кард.
Геммел аввалин китоби худ “Достон“-ро соли 1984 нашр карда буд. Аммо романи «Подшоҳи дарвозаҳои сангин» (1985) ҳамчун аввалин қадами эҷодии нависанда ба ҳисоб меравад. Ин асарҳо ҳам дар кори худи Геммел ва ҳам дар тамоми самти мазкур яке аз бомуваффақияттарин давраҳои фантастикиро гузоштанд.
Ҳамсараш Стелла субҳи 28 июли соли 2006 тани беҷони ӯро дар назди компютер пайдо кард, ӯ дар болои ҷилди ниҳоии трилогияи троянӣ – «Суқути подшоҳон» кор мекард. Соли 2007 ин роман аз ҷониби ҳамсари ў ба итмом расонида, нашр шуд.
Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА