Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29-уми июн

Як-рузи-таърих-29-06-2023Соли 1746 дар  Дензен (Олмон) нависандаи кӯдакнавис, омӯзгор ва забоншиноси олмонӣ Иоаҳим Ҳенрих Кампе ба дунё омад. Дар хона аз бародарон Вилгелм ва Александр Ҳумболдтҳо дарси илоҳиёт омӯхт. Хеле баъдҳо худи ӯ дар наздикии Ҳамбург  як муасисаи таълимӣ боз кард ва ба кори омӯзишу парвариш машғул шуд.

Асари 38-ҷилдаи “Адабиёти бачагона” ва 19 ҷилди «Merkwürdige Reisebeschreihungen» маҳсули заҳматҳои ӯст.

Соли 1798 дар Реканати (Италия) яке аз бузургтарин шоирони равияи романтикии Италия Ҷокому Леопарди ба дунё омад. Вай ҳамагӣ 38 сол умр дид. Аз Ҷокому Леопарди ба унвони бузургтарин шоири қарни нуздаҳуми Италия ва аз номдортарин нависандагони мактаби романтизм ёд мекунанд. Ҳамчунин яке аз радикалтарин ва ҷанҷолбарангезтарин мутафаккири қарни нуздаҳум дониста мешавад.

Мероси назмии Леопардӣ хеле кам аст ва он соли 1813 дар маҷмуае таҳти унвони “Сурудҳо” нашр шуд.

Аа ҷумлаи асарҳои насрии ӯ “Очеркҳои ахлоқӣ” (Operette morali)-ро метавон ном бурд, ки иборат аз эссеҳои фалсафӣ буда, миёни солҳои 1824 – 1827 навишта шудаанд. Ҳамчунин китоби “Андешаҳо” ва “Рӯзномаи мулоҳизот”, ки ҳарду ҳам баъди марги муаллиф рӯи чоп омадаанд.

Соли 1877 Стричичи (номи деҳа дар қаламрави ҷумҳурии Серби Босни) нависанда, намоишноманавис, новелланавис ва ҳаҷвнигори аҳли Босни Петар Кочич таваллуд шуд. Ӯро маъруфтарин нависандагони асри ХХ адабиёти серб меноманд.

Дар ватанаш ба унвони устоди новелла шинохта шудааст, ҳамчунин дар навиштани ҳикояҳои ҳаҷвӣ ҳам шуҳрат доштааст. Вай бештар аз сарнавишти фоҷеабори кишоварзони Босни, ки замоне аз ҷониби туркҳо азият дидаанд, навиштааст.

Соли 1895 дар шаҳри Ниагара-Фоллс (шаҳре дар иёлати Ню-Йорк) нависандаи машҳури амрикоӣ Ҷек Лондон барои оворагардиву бекорӣ боздошт ва ба муҳлати як моҳ зиндонӣ шуд. Дар эътирозҳои мардуми бекор дар ИМА-и он солҳо Ҷек Лондон ба ин натиҷа расид, ки меҳнати ҷисмонӣ наметавонад инсонҳоро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ таъмин кунад.

Ҷек Лондон 12-уми январи соли 1876 дар Сан-Франсиско ба дунё омад. Осори ӯ монанди “Овои вуҳуш”, “Сапеддандон”, “Гурги дарё” ба истиқболи гарми хонандагон рӯбарӯ шуд. Вай аз аввалин нависандагони Амрико буд, ки аз роҳи навиштан ба сарвати зиёд даст ёфт.

Бурди навсандагӣ дар Ҷек Лондон он аст, ки аксари сужаи достонҳои худро аз ҳаёти воқеъӣ гирифтаву аксари қаҳрамононаш касонеанд, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шуда буданд.

“Духтари барфҳо”, “Бозӣ”, “Мартин Иден”, “Моҷароҷӯ”, “Тоъуни сурх”, “Писари офтоб”, “Ситораи гирд” аз ҷумлаи дигар романҳои машҳури ӯянд.

Як силсила аз асарҳои Ҷек Лондон, аз ҷумла романи машури ӯ “Мартин Иден” тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд.

Соли 1895 Аргвети родилсяшоир ва ходими ҷамъиятии аҳли Гурҷистон  Паоло Яшвили таваллуд шуд. Аз соли 1911 шеърҳояшро чоп мекард ва соли 1915 дар Кутаиси як гурӯҳи адабӣ ҳам созмон дод, ки дар он шоироне, ки завқи эҷоди шеърҳои намодгароӣ (символизм) доштанд, гирд овард.

Баъди барқарории ҳокимияти Шӯравӣ дар Гурҷистон ӯ ба равияи реализми сотсиалистӣ рӯ овард ва бештар шеърҳои сиёсӣ дар васфи Ленин, низоми Шӯравӣ менавишт. Борис Пастернак аввалин касе буд, ки шеърҳои Паоло Яшвилиро русӣ тарҷума ва нашр кард.

Фарҷоми умраш фоҷеавӣ буд. Соли 1937 дӯсти наздикаш Николо Митсишвили ба ҷурми бофтаи “душмани халқ” боздошт ва қатл шуд. Ин ҳодиса ба рӯҳияи шоир таъсири манфӣ расонд ва ҳамеша дар ин фикр буд, ки ҳамин ҳоло ӯро ҳам боздошт мекунанд. Дар ин асно ҳукуматдорон пештар аз маргаш ӯро маҷбур мекарданд дар бораи Титсиан Табидзе мақолаи танқидӣ нависад ва ӯро душмани халқ қаламдод намояд. Билохира натавонист ҳолати парешони рӯҳии худро барҳам диҳад ва даст ба худкушӣ зад.

Антуан де Сент-ЭкзюпериСоли 1900 дар Лион нависанда, рӯзноманигор, филмноманавис ва халабони фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери ба дунё омад. Сарнавишти ин адиби маъруф, ки асарҳояшро аз таҷрибаи парвозҳои мулкиву ҷангии худ навиштааст, ҷолибу ибратомӯз аст. Сент-Экзюпери дар ҳикояҳои худ ба мавзӯи парвозҳоро басо ҷолиб ба риштаи тасвир кашидааст ва мунаққидони осораш ба ин назранд, ки ҳатто лаҳзаҳои хатарноки парвозҳоро касе чун Экзюпери боварибахш ба қалам наёвардааст, чун ин рӯйдодҳоро шахсан зиёд дидаву хуб медонист, ки инсонро чӣ ҳолати рӯҳие фаро мегирад.

Соли 1931 барои романи «Парвози шабона» ба ҷоизаи Фемина, соли 1939 барои романи «Сайёраи одамон» ба ҷоизаи академияи Фаронса ва барои романи «Бод, рег ва ситораҳо» ба ҷоизаи миллии китобии ИМА сарфароз гардонида шудааст.

Як сол пеш аз марги Сент-Экзюпери повест-афсонаи тамсилии «Шоҳзодаи хурдакак» дар ИМА ба табъ расид, ки ин ба нависанда шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аксари саҳнаҳои тасвиршуда аз ҳаёти шахсии ӯ гирифта шудаанд ва маҳз ҳамин ҷанбаи тарҷумаиҳолӣ асарро бештар ҷолибу хонданӣ кардааст.

Соли 1963 романи тарҷумаиҳолии ӯ бо номи «Халабони ҳарбӣ» нашр шуд. Адиб дар ин роман аз даҳшати солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ҳикоят мекунад, ки худ яке аз ширкаткунандагони он буд. Ватани ӯ Фаронса муддате дар ишғоли фашистон мондаву мардумони он ҷабру зулми истисмору ишғолро беш аз дигар ҳамсоякишварҳо медонистанд. Аммо ҷолиб он аст, ки чопи ин роман муддате дар ватани ӯ мамнуъ шуд ва он дар Амрико нашр гардид.

Маълумоти бештарро дар бораи ин адиби маъруф ин ҷо бихонед:

ФОҶЕАИ АДИБ-ХАЛАБОНИ ФАРОНСАВӢ СЕНТ-ЭКЗЮПЕРИ

Соли 1901 дар Острогожск (шаҳр дар Русия) нависандаи шӯравии рус Елена Илина таваллуд шуд. Ӯ муаллифи асарҳое чун «Бемаънигӣ дар чархҳо», «Кӯҳи хирс», «Убури марз», «Мусофири бисту сеюм», «Баландии чаҳорум» ва ғайра буд.

2 ноябри соли 1964, замоне, ки 63 сол дошт дар шаҳри Москав аз олам рафт.

Соли 1929 дар Флоренсия нависанда, мақоланавис, рӯзноманигор ва як чеҳраи ошкори зидди Исломи аҳли Италия Ориано Фаллачи зода шуд. Вай дар даврони Ҷанги ҷаҳонии дуввум дар муҳорибаҳои чирикии (партизании) зидди фашистӣ иштирок намуд. Он чизе, ки ӯро бештар машҳур кард, маҷмуаи мусоҳибаҳо бо роҳбарони саршинос, аз ҷумла Муҳаммадризо Паҳлавӣ (шоҳи Эрон), Ёсир Арафот (сарвари фаластиниён),  Зулфиқор Алӣ Буто (сиёсатмадори Покистон ва падари Беназир Буто), Руҳуллоҳ Хумайнӣ (роҳбари инқилоби исломии Эрон), Индира Гондӣ (сарвазири Ҳинд), Малик Ҳусайн (подшоҳи Урдун), Муаммар Қаззофӣ (сарвари Либӣ), Ҳенри Кисенжер (сиёсатшиноси амрикоӣ) ва дигарон мебошад.

Вай муаллифи 12 китоб аст, ки миллионҳо нусха чоп ва ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд.

15 сентябри соли 2006 дар синни 77-солагӣ бар асари бемории саратон аз олам гузашт.

Китобҳои “Ҳафт гуноҳи Ҳоливуд”, “Ҷонси заъиф”, “Нафратангез”, “Зиндагӣ, ҷанг ва дигар ҳеч”, “Он рӯз дар Моҳ”, “Нома ба кӯдаке, ки ҳаргиз зода нашуд”, “Мусоҳиба бо торих”, “Як мард”, “Хашм ва ғурур”, “Решаҳои нафрат, ҳақиқати ман дар бораи ислом” навиштаҳои ӯ мебошанд.

Ориано Фаллачи бо се асари охири худ, ки баъди рӯйдоди 11 сентябр навишт, чеҳраи зиддиисломӣ будани худро ошкоро ба намоиш гузошт. Вай дар мусоҳиба ва китобҳояш ба Аврупо ҳушдор дод, ки бо мусалмонон мадоро накунад. Дар китоби аввал бо номи “Хашм ва ғурур”, ки моҳи октябри соли 2002 мунташир шуд, хостори нобудии ҳама чизе шуд, ки ба номи Ислом ёд мешавад. Дар ин китоб исломро ба кӯҳе ташбеҳ кард, ки 1400 соли гузашта ҳеч тағйире накардааст ва дарҳояшро ба рӯи тамаддун боз нанамудааст.

Интишор ин китоб сабаби интиқодҳо ва хашми зиёд дар байни мусалмонон ва ғайримусалмонон шуд. Ҷунбиши зидди нажодпарастӣ ва дӯстии мардум дар Фаронса хост ин китоб аслан нашр нашавад, вале додгоҳ  ройи хилоф содир кард. Нависанда таҳдид ба қатл ҳам шуд, вале вай навишт, ки “ман аз нуҳсолагӣ бо марг дастбагиребонам: дар Ветнам, Лубнон, Мексика, Боливия ё ҳар ҷои дигар. Аммо аз соли 1992, ки зери теғи ҷарроҳӣ барои муолиҷаи саратони сина қарор гирифтам,  ҳар рӯз мемирам”.

Ҳамаи китобҳои зиддиисломии ӯ дар Ғарб харидорони зиёде пайдо карданд ва миллионҳо адад ба фурӯш рафтааст.

Соли 2007 дар Албукерк,, Ню-Мексико дар синни 77-солагӣ нависандаи тахайюлнависи амрикоӣ Фред Саберҳаген тарки олам кард.

Машҳуртарин асарҳои вай сислсилаи “Берсеркер” мебошад, ки  аз 10 роман ва якчанд ҳикоя иборат аст. Вай ҳамчунин дар бораи хуношомон ҳам якчанд роман иншо кардааст.