Китоби нав «Дастури методӣ…»

Дастури методӣНоми пурраи ин китоби У.А.Азимӣ «Дастури методӣ  оид ба тартиби омода намудан ва ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо (ҳуқуқшиносӣ)” мебошад ва он ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дастури методӣ оид ба тартиби омода намудан ва ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо (ҳуқукшиносӣ) дар асоси таҷрибаи муаллиф омода шуда, намунаи  ҳуҷҷатҳоеро, ки дар марҳилаҳои пеш аз ҳимоя, раванди ҳимоя ва баъд аз ҳимоя заруранд, дар бар мегирад ва барои адъюнктон ва унвонҷўёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки довталаби дарёфти дараҷаи илмии ҳуқуқшиносӣ мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дастури методии мазкурро аспирантону унвонҷўёни дигар муассиаҳои  олии таълимӣ, довталабони дарёфти дараҷаи илмии дигар соҳаҳои илм ва омўзгорон дар раванди ба онҳо омўзондани усулу методологияи пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо низ метавонанд истифода баранд.

Дар сарсухани ин китоб омадааст: Таҳқиқоти илмӣ – ин раванди омўзиш, таҷриба, консептуализатсия ва санҷиши назария  мебошад, ки барои ба даст овардани донишҳои илмӣ вобаста аст. Таҳқиқоти илмӣ барои бо натиҷаҳои он шинос намудани дигарон ва ё татбиқи натиҷаҳои  он дар амал, бо навиштани монография ва ё диссертатсия (рисолаи илмӣ) ҷамъбаст мегардад.

Диссертатсия- ин кори илмиест, ки аз тарафи муаллифи он дар шўрои диссертатсионии муассисаи илмӣ ва ё таълимӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ ҳимоя мегардад. Анҷоми диссертатсия-ҳимояи он мебошад.

Ҳимояи диссертатсия равандест, ки бо тартиби муайян гузаронида шуда, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳуҷҷатнигорӣ карда мешавад. Тартиби гузаронидан,  ҳуҷҷатнигории  раванд ва намунаи ҳуҷҷатҳои  зарурӣ мутобиқи талаботи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КОА) муайян карда шудаанд, инчунин ба стандартҳои байналмилалии соҳаи илм мувофиқат мекунанд…

Китоби «Дастури методӣ  оид ба тартиби омода намудан ва ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо (ҳуқуқшиносӣ)-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Масрура МИРЗОҲАСАНОВА