Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 29 – уми май

Як-рузи-таърих-29-05-2023Соли 1787 дар Вологда шоир ва нависандаи рус Константин Батюшков ба дунё омад. Аз соли 1805 навиштаҳояш дар матбуоти даврӣ чоп мешуд ва соли 1817 асари дуҷилдаи худро бо номи «Таҷрибаҳо дар назм ва наср» интишор дод.

В.Г.Белинский эҷодиёти ӯро чунин арзёбӣ карда буд: “Батюшков хеле зиёду зиёд мусоидат кард, ки Пушкин ҳамин гунае, ки ҳоло мешиносем, зуҳур кард”.

Хонаводаи ман”, “Соати хушнудӣ”, “Тасси дар ҳоли марг” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

19 июли соли 1855 дар синни 68-солагӣ аз олам рафт.

Louise_MichelСоли 1830 дар деҳаи Вронкур инқилобгар, муаллим, шоир ва нависандаи аҳли Фаронса хонум Луиза Мишел таваллуд шуд. Ҳамроҳ Жорж Санд (нависандабонуи фаронсавӣ) аз ҷумлаи камтарин занони Фаронсаи асри 19 буд, ки бо доштани дидгоҳи феминистӣ либоси мардона ба бар мекард.  Феминизм  маҷмуи ғояҳо, ҳаракатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки ба васеъ ва баробар кардани ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, шахсӣ ва иҷтимоии занон нигаронида шудаанд.

Аз мубаллиғони анархизм буд ва аз андешаҳои инқилобии Бакунин ва Кропоткин ҳимоя мекард.

“Нафратшудагон”, “Фақр”, “Дар миёни зиндагӣ”, “Хурӯси сурх”. “Коммуна” исми чанд асари машҳури ӯ мебошад.

Луиза Мишел 9 январи соли 1905 дар синни 74-солагӣ аз олам гузашт.

Соли 1894 дар Инчукалнс шоир ва мақоланависи латиш Янис Судрабкалн таваллуд шуд. Вай Шоири халқии Ҷумҳурии Сотсиалистии Латвия, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи дуюм буд.

Дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Соли 1940 вақте Латвия ба ИҶШС ҳамроҳ карда шуд, ӯ ба ҷониби кишвари шӯроҳо гузашт ва ҳаёти минбаъдаи худро бо ҳизби коммунист пайваст.

“Фонус дар шамол”, “Дар оилаи бародарӣ”, “Ба орзупарварон”, “Дигаргуншуда” аз ҷумлаи маҷмуаи шеърҳои ӯ мебошанд, ки солҳои мухталиф чоп шудаанд.

Ти-Эйч-УайтСоли 1906 дар шаҳри Бомбай нависандаи англис  Теренс Уайт ба дунё омад. Вай бештар бо он машҳур аст, ки талош кард асарҳояшро дар ҳавои афсонаву ривоятҳо дар бораи шоҳ Артур нависад ва муваффақ ҳам шуд.

Вай агностик (надонамгаро) буд ва ҳамеша дар муносибат бо одамон мушкил дошт. Шоир ва нависандаи англис хонум Силвия Таунсенд Уорнер дар сарсуханаш ба “Китоби Мерлин”-и Уайт навишт: “Вай аз тарси Худованд дур буд, вале аз насли башар метарсид”.

Тамоми умрашро муҷаррад гузарондааст ва баъди маргаш атрофи номаш ва равиши зидагиаш тахмину фарзияҳо чоп шуданд. Аз ҷумла ӯро ба ҳамҷинсгароӣ ҳам муттаҳам карданд, вале агенти адабии ӯ ин иттиҳомотро бофтаву сохта номид ва гуфт муддаиёни ин даъво ҳеч далеле дар даст надоранд.

Соли 1911 дар  Харроу дар синни 74-солагӣ намоишноманавис, либреттонавис ва шоири британиёӣ Уилям Швенк Ҳилберт вафот кард.

Александр-Иванович-КупринСоли 1937 нависандаи маъруфи рус Александр Куприн ба ватан баргашт. Дар истгоҳи роҳи оҳани Шимол пеш аз он ки ба қатор биншинад, гуфт: “Ман омодаам пиёда то ба Москав биравам”.

Куприн як нависанда, халабон, кошиф ва моҷароҷӯи рус буд. Ӯ бештар достонҳои кутоҳ бо сабкҳои табиатгароӣ ё воқеагароӣ менавишт.

Куприн аз муосирони Толтой ва Чехов буд. Максим Горикий ба истъдоди адабии ӯ баҳои  баланд медод.

Куприн бо болшевизм мухолифат дошт ва 17 сол аз зиндагии худро хориҷ аз Русия, дар шаҳри Порис гузаронд.

Куприн фарзанди як шоҳдухти тотор буд, ки монанди дигар ашрофони Русия бештар амволи худро дар садаи 19 аз даст дода буданд.

Аввалин повесте, ки барояш шуҳрат овард, “Ҷанги тан ба тан” буд, ки соли 1905 чоп шуда буд. Асарҳои баъдии ӯ “Капитан Рибников”, “Дарёи зиндагӣ”, ”Гамбринус” пайи ҳам аз чоп баромаданд.

Куприн 25 августи соли 1938 дар шаҳри Ленинград аз олам рафт.

Маҳкам-ПӯлодСоли 1940 дар шаҳри Хуҷанд нависандаи тоҷик Маҳкам Пӯлод таваллуд ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиро аз синни 15-солагӣ сар карда, пас аз хатми донишкада дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ китобдор, дар мактаби 8-солаи №25 ноҳияи Хуҷанд омӯзгор будааст. Солҳои зиёде ба ҳайси мудири кабинети забон ва адабиёти Институти такмили ихтисоси омӯзгорони вилоят, директори Хона-музейи Муҳиддин Аминзода фаъолият доштааст. Солҳои 2002-2005 мушовири шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.

Дар мактаби устодони насри тоҷик Раҳим Ҷалил ва Фазлиддин Муҳаммадиев сабақ омӯхтааст. Асарҳои ҳаҷвию ривоятияш «Меваи умр», «Нон», «Рӯзҳои гузашта», «Дар соҳили Сир», «Марду лафз» ва ғайра ифшогари муаммоҳои печидаи рӯзгор буда, зимнан, муаллиф танпарастию мансабҷӯйӣ ва дунёбехабарии тойифаеро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Қиссаҳои «Савдои умр» ва «Марги беҳангом» аз рӯзгори ҷавонон ҳикоят карда, онҳоро дар набарди рӯзгор ва талоши ҳақиқату худогоҳӣ таҷассум намудаанд.

Ҳикояҳои «Косаи сафол», «Дӯстам Рӯзиев», «Маҳфуза» ва ғ. ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

Аълочии маорифи халқи тоҷикистон.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

23  августи соли 2015 аз олам даргузашт.

Книут-ГамсунСоли 1945 дар Норвегия барои ҳамкорӣ бо фашистон нависанда Кнут Ҳомсун боздошт шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1920 буд. 4 августи соли 1859 таваллуд ва 19 феврали соли 1952 дар 92-солагӣ аз олам рафт.

Дар адабиёт замоне номвар шуд, ки романи равонковона ва нимазиндагиномаи ӯ дар соли  1890 чоп шуд.

Романи “Гуруснагӣ”, “Асрор”, “Розҳо”, “Бозии ҳаёт”, “Виктория”, “Дар сарзамини аҷоибот”, “Меваҳои замин”, “Дар остонаи марзу бумҳо”, “Шафақи сурх”, “Рушди хок” номӯи чанд асари ӯ мебошанд.

Барои ҳамкориаш бо фашизм ва тамоилаш ба коллаборасионизм (ҳамдастӣ бо душман) боздошт шуд, вале чун синнаш ба ҷое расида буд, бо ҷаримаи 425 ҳазор крон аз зиндон наҷот ёфт.

Соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара олим, адабиётшинос ва омӯзгори маъруфи тоҷик Абдувалӣ Давронов ба дунё омад.  Ӯ соли 1978 Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст.

Абдувалӣ-ДавроновКорманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аспиранти Пажӯҳишгоҳи адабиёти Арманистон ва коромӯзи Донишгоҳи давлатии Маскав, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия будааст.

Номзади илми филология, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997).

Ба таҳқиқи адабиёти шӯравии тоҷик ва пайванди адабии халқҳо шуғл меварзид. Муаллифи мақолаҳои пурарзиш аст, ки дар матбуоти Тоҷикистону Арманистон ва Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Китобҳояш бо номи «Пайванди замонҳо ва қисмати адабиёт» (1993), «Мушкилоти пайванди адабӣ» (1995), «Уфуқҳои равобити адабӣ» (русӣ, 1995), «Шеърияти зиндагӣ» (1995), «Адабиёт ва замон» (1996), «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик» (дар ҳамқаламии Ҳ.Шодиқулов, 2003) дастраси хонандагон гардидаанд.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Арманистон буд.

4 январи соли 2013 вафот кард

Juan-Ramón-JiménezСоли  1958 дар Сантурс дар синни 76 – солагӣ шоири машҳури аҳли Испания Хуан Хименес тарки олам кард. Ва барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1956 буд.

“Арвоҳи бунафша”, “Нилуфарҳо”, “Оҳангҳои ғамангез”, “Боғҳои дурдаст”, “Марсияҳои ноб”, “Инзивои пуртанин”, “Ҷовидонагӣ”, “Ваҳдат” номи чанд китоби ӯ мебошад, ки солҳои мухталиф чоп шудааст.

Соли 1979 дар Ростови лаби Дон нависандаи тахайюлнависи рус Наталя Болдирева таваллуд шуд.

Аз соли 2001 асарҳои худро дар шакли китоб мунташир мекунад. Романе, ки барояш шуҳрат овард, “Калид” ном дошт ва он соли 2011 интишор ёфт. Сабаби рӯ овардан ба жанри тахайюлро мутолиа ва таъсири асарҳои нависандаи амрикоӣ Рэй Брэдбери медонад.

Муаллифи як повести хуб барои бачаҳо ва наврасон бо номи “Тобистони гарм” мебошад.

Куан-РебеккиСоли 1996 дар шаҳри чинии Гуанджоу, вилояти Гуандун нависандаи амрикоиву чиноӣ Ребекка Куанг ба дунё омад. Аввалин романаш бо номи “Ҷанги афюнӣ” соли 2018 чоп шуд ва соҳиби ҷоиза шуд.

Чорсола буд, ки падару модараш аз Чин ба ИМА кӯч бастанд ва Куанг дар шаҳри Далласи иёлаи Техас ба камол расид. Романи “Ҷанги афюнӣ” ҳамон соле чоп шуд, ки вай Донишгоҳро хатм мекард.

Сужаи ин роман, ки дар жанри фантазияи сиёҳ навишта шудааст, аз таърихи Чин гирифта шудааст.

“Ҷумҳурии аждаҳо”, “Худои оташин” номи ду асари дигари ӯ мебошад.

Таҳияи Б.Шафеъ