Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7-уми декабр

Соли 43 то милод файласуф, сухангӯ, ходими сиёсиву давлатӣ, хатиб ва сиёсатмадори маъруфи РумБостон Систерон кушта шуд. Ӯ дар тӯли буҳронҳои сиёсӣ, ки мунҷар ба таъсиси империяи Рум шуд, кӯшиш дошт усули давлатдории мардумӣ ҳифз шавад.  Навиштаҳои густардаи ӯ шомили рисолаҳое дар бораи балоғат,  фалсафа ва сиёсат аст ва ӯро яке аз бузургтарин суханварон ва сабкнависони Рум медонанд.

Абусаъиди Абулхайр, Соли 967 Абусаъиди Абулхайр, маъруф ба Шайх Абусаъиди Абулхайр ба дунё омад. Ӯ ориф ва шоири номдори форсу тоҷик буда, дар миёни орифон мақоми бисёр барҷаста дорад ва номи ӯ ба ирфон ва шеър омехтагии амиқе ёфтааст. Чандон ки дар бахши муҳиме аз шеъри порсӣ чеҳраи ӯ дар канори Мавлавӣ ва Аттор қарор мегирад. Бе он ки худ шеъри чандоне суруда бошад, дар таърихи андешаҳои ирфониаш дар болотарин сатҳи андешамандони ин густараи паҳновар дар канори Ҳаллоҷ, Боязиди Бастомӣ ва Абулҳасани Харақонӣ ҷой мегирад. Ҳамон касоне, ки Суҳравардӣ онҳоро идомадиҳандагони  фалсафаи бостон ва идомаи ҳикмати хусравонӣ мехонад.

Соли 1844 дар Жебрак дар синни 71-солагӣ шоир, нависанда ва роҳиби калисои католикии Чех Войтех Неедлий аз олам гузашт. Вай аввалин касе буд, ки барои бачаҳои чех китоб навишт.

Соли 1862 шоир, нависанда ва намоишноманависи қарни 19-уми мелодӣ Пол Адан дар Фаронса ба дунё омад. Ў аз оилаи аристократии славянӣ мебошад. Адан як қатор романхои таърихии худро ба бобояш, ки иштирокчии ҷангҳои  Наполеон буд бахшидааст

Соли 1873 Вилла Сиберт Кэтр – нависандаи амрикоӣ дар шаҳри Вирҷиния воқеъ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Сабаби барандаи ҷоизаи Пулитсер гардидани Кэтр ба хотири нигориши романи «Яке аз мо» дар соли 1923 мебошад. Ў дар ҳамон давра достонҳое менавишт, ки дар навъи худ ҷолиб ва беназир буданд.

Соли 1915 дар Лос-Анджелеси иёлати Калифорния нависандаи асарҳои тахайюлии амрикоӣ Ли Брэкетт ба дунё омад. Ӯ ҳамсари Эдмонд Гамилтон, барандаи ҷоизаи “Хюго” буд. Ли Брэкетт 18 марти соли 1978 бар асари бемории саратон аз олам гузашт.

Соли 1921 нависандаи машҳури Литва Юлия Жемайте тарки олам кард.

Соли 1928 забоншиноси амрикоӣ  Аврам Ноам Хомский ба олам омад.

Соли 1932 нависанда, файласуф, бумшинос, парандашинос, таарфдори муҳити зист, дигарандеш ва мақоланависи аҳли Финландия  Каарло Пентти Линкола ба дунё омад. 

Соли 1947 нависанда, журналист ва намоишноманависи қарни нуздаҳуми мелодии аҳли Фаронса Пол Бернард ҷаҳонро падруд гуфт.

Соли 1956 Рашод Нурӣ Гунтекин – нависанда, намоишноманавис, тарҷумон ва адабиётшиноси машҳури турк аз олам рафт.  Падараш марди ҳарбӣ буд. Забонҳои форсӣ, арабӣ ва фаронсавиро низ медонист ва боре ба Рашод гуфта буд: «Ман мехостам туро мисли Эмил аз романи Руссо тарбия кунам». Падар писарашро водор мекард, ки одамон ва табиатро хубтар шиносад ва дар ин бора фикр кунад. Ҳамаи ин дар ташаккули Рашод Нурӣ ҳамчун нависанда нақш бозид. Ӯ муаллифи романҳои: “Чаманоро”, “Нишон”, “Аз лаб то қалб”, “Душмани як зан”, “Шаби сабз”, “Бемории куҳна”, “Осиёб”, “Шохаҳои гелос”, “Хаёлот”, “Охирин паноҳ”, “Даъвои хунӣ”, “Шаби оташ” ва ғайра мебошад. Романи “Чаманоро”-и ӯ ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп шудааст.

Соли 1975 намоишноманавис ва достонсарои маъруфи амрикоӣ  Торнтон Уайлдер аз олам рафт. Намоишномаҳои “Пӯсти дандонҳои мо”, “Шаҳри мо”, романи “Рӯзи ҳаштум” мутааллиқ ба ӯянд.

Таҳияи Сайёра КАРИМОВА