Зиёда аз сад математики муваффақ. Рене Декарт (1596-1650)
Рене Декартро дар таърихи илм на ҳамчун математик, балки ҳамчун философ бештар мешиносанд. Вале маҳз ў ҳамчун пешсаф (пионери) математикаи муосир пазируфта шудааст ва хидматҳои ин марди хирад он қадар бузурганд, ки номи Декартро дар қатори математикҳои муосири замони мо ҷойгир намудаанд.
Доир ба ҳаёту фаъолияти илмии Декарт, ки инчунин, бо номи лотинии Картезия маъруф аст, мо чандон маълумот надорем. Декарт дар Фаронса, дар шаҳри начандон калони Лаэ, дар депертаменти Турен тавлид ёфтааст. Пас аз хатми коллеҷи иезутӣ барои фарзандони оилаҳои ашроф, ў ба бародари хеш пайравӣ карда, ба омўхтани ҳуқуқшиносӣ машғул шуд. Дар синни 22- солагӣ ба Фаронма сафар карда, ба сифати афсари ихтиёрӣ дар ҳайатҳои сафармондеҳони мухталиф, ки дар ҷанги 13-сола ширкат карда буданд, хидмати ҳарбиро ба ҷо овард.
Дар давраи ҷанг ў тавонист ба Австрия, Венгрия ва Чехословакияи муосир сафар кунад. Декарт дар таълимоти фалсафии хеш идеяро доир ба тавоноии ақли инсон тараққӣ дод, аз ин рў, аз ҷониби католикҳои насронӣ таъқиб карда мешуд.
Ҳамеша, аз овони кўдакиаш орзу мекард, ки барои бо математика ва фалсафа оромона машғул шудан маконеро пайдо кунад. Ин орзуяш ҷомаи амал пўшид ва соли 1629 Декарт ба Голландия рафта, қариб то охири умраш дар он ҷо зиндагӣ кард. Дар бораи ин сарзамин навишта буд: «Дар ин ҷо, ба ғайр аз ман ҳама ба кори худ ва даромади хеш ончунон банданд, ки касе ба ман кор надорад, тамоми умр халал намерасонад… Дар кадом сарзамини дигар озодона ва оромона хоб кардан мумкин, озодии аз ин бештареро дарк кардан мумкин бошад, ки дар он ҷо заҳри тўҳмату бўҳтон аз кас дур бошад»…
Ҳамаи асарҳои калонҳаҷми Рене Декарт доир ба фалсафа, математика, физика, космология ва физиология маҳз дар Голандия навишта шудаанд. Заҳматҳои илмии чандинсолаи Декарт, дастовардҳои ў доир ба математика дар китоби «Геометрия»– и ў (соли 1637) дохил гардидаанд. Дар ин китоб Декарт асосҳои геометрияи аналитикӣ ва алгебраро додааст. Декарт нахустин шуда ба математика мафҳуми функсияи тағйирёбандаро ворид сохт. Ў ба он аҳамият дод, ки хати каҷ дар ҳамворӣ бо муодилаи хеш тавсиф дода мешавад ва координатаҳои нуқтаи дилхоҳи он муодилаи хатти каҷро қонеъ месозанд. Ў хатҳои каҷро, ки бо муодилаҳои алгебравӣ дода шудаанд, вобаста аз дараҷаи калонтарини тағйирёбандаи онҳо, ба синфҳо ҷудо карда буд.
Декарт ба математика аломатҳои плюс ва минусро барои ифодаи ададҳои мусбату манфӣ ворид сохта. Барои ишора кардани тағйирёбандаҳо ва номаълумҳо ҳарфҳои х,у,z… ва барои ишораи бузургиҳои маълум, доимиҳо ҳарфҳои a,b,c,…-ро истифода бурдааст. Тавре медонем, ин ишораҳои Декарт ҳоло ҳам дар чунин шакл истифода бурда мешаванд.
Декарт ба таҳқиқи муодилаҳои алгебравӣ асос гузошт. Аз ҷумла, ў муайян кард, ки шумораи решаҳои ҳақиқӣ ва мавҳуми муодилаи алгебравӣ ба дараҷаи тағйирёбандаи муодила баробар мебошад. Ин моҳияти теоремаи асосии алгебраро ифода менамояд, ки онро пас аз чандин солҳо Гаусс исбот кардааст…
Идомаи ин ва сандин мақолаҳои ҷолибро Шумо, хонандаҳои азиз, метавонед аз китоби Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода “Зиёда аз сад математики муваффақ” бихонед. Ин ки тоб, ки соли 2025 чоп шудааст, дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ.