Профессор Асозода: “Ҷалол Икромӣ ва устод Айнӣ”. Бахши 2

АйнӣҶ. Икромӣ дар паҳлуи ин ки аз С. Айнӣ дарсҳои асарофаринӣ мегирад ба мутолиаи осори фолклорӣ ва намунаҳои насри русиву аврупоӣ пардохта, даҳҳо ҷилд аз ин адабиётро аз эҷодиёти адибони машҳури ҷаҳонӣ меомӯзад ва аз ҳар кадом барои худ таҷрибаи нависандагӣ касб менамояд. Дар зиндагиномаи Ҷ. Икромӣ ҳодисаи фараҳбахш он буд, ки соли 1928 Дорулмуаллимини Бухоро баста шуда, ба Институти педагогии Самарқанд муттаҳид карда мешавад. Акнун Ҷ. Икромӣ метавонист устод Айниро аз наздик бубинад ва дарси адабиётофаринӣ омӯзад. Аммо вазъияти зиндагӣ чунин мешавад, ки Институти номбурдаро хатм накарда, ба Бухоро бармегардад, оиладор мешавад, соле дар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ба таҳсил мепардозад ва ҳамин айём аст, ки ба С. Улуғзода, М. Турсунзода ва дигар ҷавонони соҳибзавқи тоҷик ошноӣ пайдо менамояд.

Моҳи августи соли 1930 ба Анҷумани аввали забоншиносии тоҷик дар Сталинобод иштирок намуда, камбуди кадрҳои фарҳангиро дар Тоҷикистон эҳсос мекунад ва ба чунин хулоса меояд, ки ин ҷоро иқоматгоҳи доимии худ  қарор  бидиҳад. Ба ҳамин мақсад, ӯ поёни соли 1930 бо оилааш ба Сталинобод кӯч мебандад.

Метавон соли 1930-ро оғози марҳилаи дуввум эҷоди Ҷ. Икромӣ номид. Марҳалаи аввал, ки аз соли 1927 то 1930 дар Бухорову Самарқанд ва баъд Тошканд идома  ёфтааст, силсилаи ҳикояҳои ӯ ва наҳустин повести “Тирмор” навишта шудаанд, ки дар саҳифаҳои маҷаллаи “Раҳбари дониш” рӯйи чоп омадаанд. Акнун, ки Ҷ. Икромӣ дар муҳити Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзгор мебинаду фаъолият менамояд, эҷодиёти ӯ рушду камол  меёбад ва дар инъикоси воқеияти сотсиалистии тоҷик аз ҳама беш ба устод Айнӣ пайравӣ мекунад, дар бинобари эҷоди ҳикоя повестҳои “Аз Маскав чӣ овардӣ?” (1936) ва “Зӯҳра”-ро соли 1940 менависад.

Марҳалаи севвуми эҷоди Ҷ. Икромӣ романи “Шодӣ” мебошад, ки аз ду қисм иборат буда, слҳои 1940-1949 навиштани он поён меёбад. Мавзӯи роман аз ҳуҷҷатҳои расмӣ – давлатӣ, ки ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ бахшида шуда буданд, бардошта шудааст.

Тавре худ Ҷ. Икромӣ борҳо иқрор шудааст, ӯ ҳама ҳикоя, повест ва ниҳоят нахустроманаш “Шодӣ”-ро қабл аз ба чоп расидан ба устод Айнӣ нишон медодааст ва эродҳои ӯро сари вақт ислоҳ менамудааст. Гап дар ин аст, ки С. Айнӣ ҳар эродеро, ки вобаста ба ин ё он асари Ҷ. Икромӣ лозим медонистааст, онро дар хотир нигоҳ медоштааст ва назорат мекардааст, ки то чӣ андоза Ҷ. Икромӣ онҳоро қабул ва ислоҳашон менамудааст. Маслан, С. Айнӣ повести бачагонаи Ҷ. Икромӣ “Аз Маскав чӣ овардӣ?”-ро хонда, чанд эродеро лозим мебинад, аммо баъдтар С. Айнӣ дар амал мебинад, ки Ҷ. Икромӣ қайдҳои ӯро ба инобат нагирифтааст. Аз ин ҷост, ки С. Айнӣ ҳини хондану таҳрир намудани қисми якуми романи “Шодӣ” дар кавсайн Ҷ. Икромиро чунин ҳушёр медиҳад. “ (Инро барои он навиштам, ки шумо чанд қайдҳоеро, ки ман дар ҳошияи китоби “Аз Маскав чӣ овардӣ?”- атон  карда будам, дар дубора навиштани ин китоб ба амал нагузаронидаед, ман гумон кардам, шояд фаромӯш карда бошед….” (С. Айнӣ. Мунтахаби асарҳои илмӣ- Душанбе: Дониш, 2008, с,167).

Ҷ. Икромиро шогирди воқеии устод Айнӣ номиданамон ба он маънӣ ҳам ҳаст, ки ӯ ягона адиб аз насли комсомол аст, ки С. Айниро хеле барвақт мешинохт ва бо ӯ аз дигарон дида зиёдтар ва наздтик дидор медиду намунаҳое аз эҷодашро ба С. Айнӣ мехонду маслиҳат мегирифт. Баъд аз ин ки Ҷ. Икромӣ ба Сталинобод  меояд, робитааш бо С.Айнӣ қатъ намегардад, балки чунонки Ҷ. Икромӣ менависад. С. Айнӣ “…то дами охиринашон аксарияти асарҳои маро….” таҳрир мекарданд ба воситаи мактуб меомӯхтанд ва маҷбур мекарданд, ки асарамро баргашта кор кунам…” (Ҷ. Икромӣ. Устоди ман, мактаби ман, худи ман, с.82).

С. Айнӣ одат доштааст, ки асари мавриди назарро хонда дар ҳошияи ҳар саҳифа қайдҳояшро равшан менавиштааст ва баъд боз ба воситаи мактуби ҷудогона баъзе таъкидҳоеро, ки дар ҳошия лозим намебинад, ишора менамояд. Ҷ. Икромӣ дар асари тарҷумаҳолиаш саҳифаҳои ҳамкориашро бо С. Айнӣ ба хотир оварда, менигорад: “… Романи “ Шодӣ”-ро устод чунин таҳрир карда, дар ҳошияҳояш чунин шарҳу эзох навиштаанд, ки худи он дастнавис як мактаби адабӣ шуда монд. (Ҳамон маъхаз, с,82). Гузашта аз ин аз мукотибаи С. Айнӣ бо Ҷ. Икромӣ, ки 13 ададаш нашр гардидааст, маъмул мешавад, ки С. Айнӣ бо ҳамон қадар бузургӣ бисёр мехостааст, ки назари шогирдонро оид ба асарҳои эҷодкардаи худ донад ва агар эроде ё қайде дошта бошанд, ислоҳ намоянд. Соли 1948, вақте ки қисми аввали “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ дар  маҷаллаи “Шарқи озод” чоп мешавад, Ҷ. Икромӣ ба мақсади табрикбошӣ, 27 сентябр ба суроғаи С. Айнӣ номае ирсол медорад ва аз “Ёддоштҳо” изҳори хушӣ мекунад. Ба ҳамин муносибат С. Айнӣ дар номаи ҷавобиаш 3-октябри соли 1948, миннатдоршавиашро ба шогирдаш ин тавр баён месозад: “Барои нависанда ҳеҷ мукофоте беҳтар аз он нест, ки хонанда аз асари вай таассуроти худро изҳор намояд. Агар он хонанда нависанда бошад, қадри ин мукофот боз ҳам баланд ва бебаҳо мешавад....” (С.Айни. Мунтахаби асарҳои илмӣ, с,169). Яъне, С. Айнӣ аз он ҷиҳат изҳори хурсандӣ мекунад, ки ба асари ӯ нависанда баҳо додааст, зеро назари нависанда ба ҳар ҳол аз хулосаи хонандаи одӣ тафовут дорад. Устод Айнӣ боз  он воқеиятро ҳам  медонист, ки на ҳар адиб дар баҳо додан ба асаре аз самимият кор мегирад, балки ба хотири он баҳои баландро раво мебинад, ки соҳиби асар чӣ касест?. Аз ин ҷост, ки дар ҷое аз мактуби номбурда С.Айни ба Ҷ. Икромӣ чунин менависад: “…. Ин ҳам ба ман маълум аст, ки шумо он баҳои худро самимона ва дар вақти ҷӯшӯ хурӯши қалбатон додаед….” ( С. Айнӣ. Ҳамон ҷо ,с, 170).

Ҷ. Икромӣ 85 сол умр дид. Аз ин 57 солаш ба фаъолияти эҷодии ӯ иртибот мегирад. Дар ин муддат 10 роман, зиёда аз 12 повест, 16 қисса, очерку ҳикоя ва мақолаҳои зиёде эҷод кардааст. Вай чун тарҷумон асарҳои А. П. Чехов, Л. Толстой, М. Горкий, Б. Қарбобоев, А. Қодирӣ, Н. Балтушис ва дигаронро ба хонандаи тоҷик дастрас намудааст. Ҳамин заҳматҳо буданд, ки ба унвони Нависандаи Халқӣ ва Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҷ. Икромӣ монанди устодаш Айнӣ, тақрибан дар ҳамаи навъҳои насрӣ қалам рондааст. Ҳарчанд завқу шавқи забоншиносӣ дошт, аммо ба куллӣ ба кори эҷодӣ машғул шуданро авлотар донистааст ва дар ин ҷода комёб ҳам гардидааст. Ҷ. Икромӣ дар ҷумлаи носирони насли худ сермаҳсулоттарин нависанда ба шумор меравад. Тамоми осори Ҷ. Икромӣ хонданбоб буд ва ҳаст. Агар осори насрии Ҷ. Икромӣ нуқтасанҷона мутолиа шавад, дида хоҳад шуд, ки аз солҳои сиввум сар карда, ӯ аз нигоҳи дарбаргирии мавзӯъҳои ҳаётӣ, чӣ қабл аз инқилоб ва чӣ баъд аз он, ҷойҳои холимондаи нақшаҳои эҷодии С. Айниро пурра кардан хостааст. Ҷ. Икромӣ дар ин маврид кӯшиш кардааст, ки С. Айниро такрор накунад, балки саҳифаҳои сафедмондаи ӯро бо инъикоси тарзи хости худ  хонапурӣ намояд. Чунонки медонем, С. Айнӣ чӣ дар “ Дохунда” ва чӣ дар “ Ғуломон” ба мавзӯи тарзи хоҷагидории сотсиалистӣ даст мезанад, вале Ҷ. Икромӣ ба воситаи романи “ Шодӣ” тавонистааст, ки мақсади ниҳоии устод Айниро вобаста ба тасвири бадеии хоҷагидорӣ мукаммал намояд. С. Улуғзода ҳам ҳамчунин.  Романи “Навобод” намунаи беҳтарин инъикоси бадеии воқеияти хоҷагидории сотсиалистӣ мебошад, ки минтақан идомаи мавзӯъҳои нотамоммондаи С. Айнӣ мебошад.

Ҷ. Икромӣ ҳам мисли устодаш С. Айнӣ ба воқеияти сотсиалистии тоҷик боварӣ дошт ва ба сохти шуравӣ эҳтиром ба ҷо меоварад. Аз ин ҷост, ки осори Ҷ. Икромӣ баробари ҳаёти сотсиалистӣ дар ҳаракат аст ва аз пешравиҳои иқтисодӣ, маънавӣ ва фарҳангии он худро бароҳат медид. Дар шахсияти Ҷ. Икромӣ ҳеҷ гоҳ нишонаи он, ки ӯ “қозибача” буду сохти шуравиро бадгӯӣ кунад, ба мушоҳида намерасид. Баръакс ҳодисаи “бозсозии Горбачовӣ” шикасти ҳизби коммунист аз ниҳоят воқеаҳои нанговари солҳои 90 – уми  асри ХХ, Ҷ. Икромиро рӯҳан маъюб сохтанд, бемораш карданд ва мешавад гуфт, ки дигар намехост нобасомониҳои ба сари миллати тоҷик бор кардаро бубинад. Аз ин ҷост, ки эҳсоси марг бар ӯ ғалаба карду 11 апрели соли 1994 ин ҷаҳонро падруд гуфт, 13 апрел дар рӯйи ҳавлии хонаи эҷодии М. Турсунзода он солҳо Раиси Шурои олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди хизматҳои эҷодии Ҷ. Икромӣ гузориш дод, Фотеҳ Ниёзӣ ҳам дар асари ҳамин даҳшатҳо фавтид, С. Улуғзода дар ҳамин рӯзҳо ба сактаи майна гирифтор гардид. Албатта, ин насл, ки ҷомеаи сотсиалистии тоҷикро худ сохта буданд, акнун аз истиқлолияти воқеӣ хушҳоланд, вале ба амали баъзе нодидагиҳои фарҳангӣ, ки ба эҷоди даврони шӯравии тоҷик ба назари манфӣ менигаристанд, худро мувофиқ карда натавонистанд.

Ҷ. Икромӣ дар омода сохтани нахустромани “Шодӣ” бо устод Айнӣ бештар робита доштааст. Аз як мактуби С. Айнӣ ба Ҷ. Икромӣ маълум мешавад, ки Ҷ. Икромӣ қисми дуввуми “Шодӣ”-ро моҳи апрели соли 1948 ба поён мерасонад ва мехоҳад, ки дастнависи романро ба худ гирифта ба Самарқанд назди устод равад, то ки якҷоя онро хонанд. Аммо С. Айнӣ бад будани вазъи саломатиашро сабаб нишон дода, маслиҳат медиҳад, ки Ҷ. Икромӣ саргардон шуда ба Самарқанд наояд. “Зеро – менависад С. Айнӣ- шумо ин ҷо оеду ман бемор шуда монам, ба шумо, ки дар Сталинобод корҳои зарури ҷамоат ва давлатии бисёре доред, бисёр зарар мешавад….” (С.Айнӣ. Ҳамон маъхаз,с. 175).

Баҳори ҳамин сол аст, ки С. Айнӣ ба Сталинобод омада чун ҳамеша дар бӯстонсарои ҳукуматӣ қарор гирифта ба таъбири Ҷ. Икромӣ “аввалин кори он кас таҳрири романи “Шодӣ” буд”. Ин дафъа ба романи “Шодӣ” С. Айнӣ баҳои баланд медиҳад: “Нағз навиштаед!”, мегӯяд С. Айнӣ “Ин баҳои нағз, ки ман он дам аз устод гирифтам, – менависад Ҷ. Икромӣ,- беҳтарин мукофотест, ки дар умраш шунида будам (Ҷ. Икромӣ. Ҳамон маъхаз, с,25).

Вақте С. Айнӣ ба романи “Шодӣ” баҳои “ нағз” мегузорад, он воқеият пеши назараш меояд, ки “Ёддоштҳо”-ро ба қатори “фарзандҳои хубаш шомил месозад ва акнун тасаввур мекунад, ки романи “ Шодӣ” ҳам аз ҳамон “фарзандҳои хуби” Ҷ. Икромӣ хоҳад буд. Бори аввал устод Айнӣ “ Ёддоштҳо”-яшро асари “кунихалтагӣ” ном мебарад ва ба Ҷ. Икромӣ иқрор мешавад, ки баҳои додаи ӯ ба “Ёддоштҳо”дар вақти пирӣ ба ӯ на танҳо қувваи рӯҳӣ, ҳатто қувваи ҷисмонӣ ҳам додааст ( С. Айнӣ. Ҳамон маъхаз, с,170).

Соли 1949 қисми якуми “Ёддоштҳо”-и С. Айнӣ рӯйи чоп омада буд ва Ҷ. Икромӣ яке аз аввалин хонандаи ин китоб худро медонад. Яъне, ӯ қабл аз чопи маҷаллавӣ дастхати С.Айниро хондааст. Чунон ба назар мерасад, ки Ҷ.Икромӣ ҳамчун намояндаи устод Айнӣ дар пойтахт шинохта мешуд. Ҷ. Икромӣ ҳар сари вақт ба воситаи мактуб устодро аз навигариҳои адабиву фарҳангии Сталинобод бохабар месохт ва зимнан аз устод супоришҳои нав мегирифт.

(Идома дорад)

МАНБАЪ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсат ва С.Айнӣ”. Душанбе, 2010.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон