“Тоҷикистон-сарзамини ҳунармандон ва ҷаҳонгардон”

Тоҷикистон-сарзамини ҳунармандон

Зери ҳамин унвон имрӯз бо ташаббуси Шӯрои  бонувони  Муассисаи  давлатии  “Китобхонаи  миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ  баргузор   гардид.

Муовини директори Муассисаи  давлатии “Китобхонаи  миллӣ” Ҷалолуддин Нурзода дар суханронии ифтитоҳии худ иброз дошт, ки  ҳунар сарчашмаест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст. Мо бо ҳунармандон ва сайёҳони дохилию берунаи худ фахр мекунем ва  хеле шодем, ки Тоҷикистони азизамон манзараҳои зебою дилрабо ва биҳиштосо дорад.

Дар маҳфил Наима Бобоева, ки худ омӯзгор буда, ҳамзамон тӯли солҳои зиёд ҳунарҳои дастии худро дар Тоҷикистон ва берун аз он муаррифӣ мекунад, аз фаъолиятҳои ҳунарии худ ба ширкаткунандагон маълумот дод ва намунаҳое аз онро ба намоиш гузошт. Бону Наима тасмим гирифтааст, ки дар назди Китобхонаи миллӣ давраи омӯзишии кутоҳмуддати ҳунарҳои мардумиро ба роҳ монад.

Боғигул Исломзода сардори шуъбаи ташкилии кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Зуҳро Сандалова сармутахассиси бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, намоиши слайдӣ пешкаши кормандон гардониданд.

Инчунин дар бахши фарҳангии чорабинӣ донишҷӯи курси 4-уми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов,  ғолиби озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” Неъматулло Саидов хотири иштирокчиёни чорабиниро бо таронаҳои дилнишин шод намуд.

Дар поёни чорабинӣ миёни меҳмонон ва ширкаткунандагон доир ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ дар кишвар табодули афкор сурат гирифт.

Абдуғаюр Саломов