Туҳфаи 9 китоби Маъсума Яздонӣ ба Китобхонаи миллӣ

Маъсума Яздонӣ Туҳфаи-9-китоб

Маъсума Яздонӣ, нависандаи кўдак ва навҷавони Эрон аст, ки бештар аз 80 китобаш нашр шудааст ва чандин ҷоизаҳоро ба даст овардааст. Ў барои як ҳафта ба Тоҷикистон омад ва ин сафари аввалаш ба кишвари мост. Хонуми Маъсума ҳини суҳбат ба сомонаи Китобхонаи миллӣ гуфт дилам мехоҳад борҳову борҳо Тоҷикистон биёям. Ин қадар Душанбе қашанг аст ва одамонаш меҳрубонанад, хушрўянд, ки ман аслан эҳсоси ғарибагӣ (бегонагӣ) накардам. Тоҷикистон омадам, ки дилам мехост онро бубинам. Ҳамзабонем, фарҳанги муштарак дорем.  Далели дигараш ин аст, ки думболи роҳҳои иртиботӣ байни нависандагони кўдаки Эрону Тоҷикистон ҳастам.

Маъсума таъриф кард, ки ба осорхонаи миллӣ рафтааст ва чизҳое дидааст, ки таърихи муштаракмонро бозгў мекунад. Бахусус муҷассамаи Куруши Кабир ва дигар ёдгориҳои таърихӣ. Ҳамчунин дар табақаи сеюми Китобхонаи миллӣ тоблу дидааст, ки аз таърихи муштаркамон қисса мекард.

Ин нависанда 9 китоби кўдаконаашро ба шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд, ки «Аввал кӣ бояд салом кунад?», «Моҷароҳои шутак», «Ҳасуд шудӣ?» «Корогоҳ дулфини зибил» ва «Тут дар сабад» аз ҷумлаи онҳост.

Маъсума Яздонӣ хатмкардаи риштаи адабиёти форсии Донишгоҳи Теҳрон аст. Ишқи нависандагӣ охир ўро ба Донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ, риштаи  адабиёти кўдаку навҷавон овард.

Маъсума аз нависандагони маъруфи кўдаки Эрон аст, ки чандин ҷоизаҳоро гирифтааст. Масалан се дафъа ҷоизаи «Рушд»-и Вазорати омўзишу парвариши Эронро ба даст овард. Ин ҷоизаро Вазорати омўзишу парвариш ба китобҳое медиҳад, ки барои бачаҳо навишта шудаанд.

Бо ҷоизаи Меҳдӣ Озарии Яздӣ низ қадрдонӣ шудааст. Меҳдӣ Озарии Яздӣ нависандаи бачаҳост, ки барои бачаҳо аввалин бор навиштааст.

Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.